Таълим ва тарбия
Фарида Аҳмедова аз зумраи муаллимаҳои маъруфи ҷумҳурист. Ӯ пас аз хатми мактаб ва факултети забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Самарқанд, соли 1979 фаъолияти педагогиашро дар мактаби таълими умумии рақами 16_и ноҳияи Самарқанд сар карда, то ҳол дар ҳамин таълимгоҳ кор мекунад.
Дар айни ҳол Фарида Аҳмедова ҷонишини директор оид ба корҳои маънавию маърифатӣ мебошад. Мо дар арафаи Рӯзи байналхалқии зан ва духтарон бо ӯ ҳамсӯҳбат шудем.
— Муаллима, чӣ сабаб шуд, ки Шумо касби омӯзгориро интихоб кардед?
— Аз хурдӣ ба хондан шавқу ҳавасам хеле зиёд буд. Раҳматӣ, устоди аввалинам Абдуҳамид Пӯлодов сабақҳои ибтидоиро дода, водор мекарданд, ки мо ҳар чӣ бештар китоб хонем.
Дар ёд дорам, ҳанӯз хурд будаму китоб даруни ҷогаҳам ҳамроҳи ман буд. Бисёр вақтҳо модарам аз рӯи ман китоберо, ки хонда истода, хобам бурда аст, мегирифтанд. Сониян, падари бузургворам, аз кор хаста шуда оянд ҳам, рӯзномаи маро ҳатман аз назар мегузарониданд ва панҷҳои қатори маро дида, аз кисаашон як сӯм бароварда медоданд. Ман онҳоро ҷамъ карда, китоб мехаридам. Барои хурсанд кардани падарам рӯзи дигар боз панҷ мегирифтам. Ин буд, ки аз ҳамон вақт ба ҷиянҳои хурдам «муаллимӣ» мекардам ва ман ҳамин хел касби омӯзгориро интихоб намудам.
— Инак, ба оғози фаъолияти педагогиатон қариб 50 сол мешавад. Дар давоми ин солҳо чиҳо ёфтеду чиҳоро бой додед? Агар омӯзгор намешудед, дар кадом соҳаҳои ҳаёт комёбтар мегаштед?
— Аз он хурсандам, ки омӯзгори забони модариам ва давомдиҳандаи касби устоди меҳрубонам Абдуқодир Носиров мебошам. Устодам бо як олам муҳаббат фанни забон ва адабиёти тоҷикро меомӯзониданд ва ҳангоми дарсдиҳӣ доир ба ҳаёту фаъолияти намояндагони адабиёт сухан ронда, аз эҷодиёти ҳар як шоир аз бар кардани чиҳил мисраъ шеърро вазифа месупориданд ва мо хонандагон ҳатман онро иҷро мекардем. Бозёфти ман аз касби омӯзгорӣ ин аст, ки соҳиби унвонҳои омӯзгори тоифаи олӣ, Аълочии таълими халқӣ ва чандин ифтихорномаҳо ва аз ҳама бештар сазовори меҳру муҳаббати шогирдон, ки ҳоло чанде аз онҳо ҳамроҳ адои вазифа доранд, шудам. Аз ин рӯ, ман хушбахтам. Чиҳоро бой додам?..
Қисмати ҳаёт ба дасти мову шумо нест. Ҷудо гаштан аз падару модар, хоҳару бародар, соҳиби сар, набераам — Исломҷону фарзанди азизам — Зарринабону… Ҳаёт душвор аст. Чуноне ки шоири маҳбуби мо Ҳабиб Юсуфӣ мегӯяд: «Ҳаёт пеш мераваду медаваду меравад, ба аспи ҳаёт ҳазор тез ҳам давад, намерасад самолёт».
Агар бори дигар ба дунё омадан насиб мекард, албатта боз омӯзгориро интихоб мекардам.
— Аз гуфтаҳоятон маълум мешавад, ки дар ҳаёт мушкилиҳои зиёд ба саратон омаданд. Дар ин хел рӯзҳо киҳо ё чиҳо мутакко шуда, Шуморо ба ҳаёт дилгарм карданд?
— Пеш аз ҳама инсон бояд сабр карданро омӯзад, яъне илоҷи ҳамаи мушкилиҳо сабр аст. Албатта, воқеаҳои хеле мушкил ба сарам омаданд. Аз ҷумла, вақте духтарам аз олам гузашт, ҷароҳати қалби маро давое набуд. Рӯзҳои гузаронидани маъракаҳои таъзия аз куҷое як майнае пайдо мешуд ва аз замин донахӯрӣ мекард. Як пойи майна набуд. Ман ҳайрон мешудам. Ин барои ман як дарси ибрат буд, ки гарчанде душвор аст, агар умраш дарозӣ мекард, мисли ин паррандаи беозор зиндагӣ мекард, вале афсӯс… Шукри зиндагӣ, ки дӯстону наздикон ва фарзандони меҳрубон дорам. Ҳамаи онҳо такягоҳи ман буданду ҳастанд.
— Солҳои охир ҳама шикоят мекунанд, ки таваҷҷӯҳи бачаҳо ба хондан кам шудааст. Сабаби инро Шумо дар чӣ мебинед: айби муаллимон, беэътибории падару модарон, танбалии худи хонандагон ва ё сифати барномаи таълимиву китобҳои дарсӣ?
— Не, дар ин масъала набояд касе ё чизеро айбдор кард. Дуруст аст, ки солҳои охир таваҷҷӯҳи хонандагон ба илм омӯхтан суст шудааст. Мо бояд фаромӯш накунем, ки мероси бузургтарини падару модар баҳри фарзанд, ин тарбияи хуб аст. Агар оила солим ва эътибор ба тарбияи фарзандон зиёд бошад, фарзандон тарбияи хуб мегиранд ва дар мактаб ҳам аз пайи омӯзиши илм мешаванд. Инчунин, баъзе мушкилоти оилаҳои носолим ба ҳолати руҳии хонандагон сахт таъсир мекунад.
Ба ҳолати имрӯза назар афканем, мебинем, ки муносибат бо телефон аз тарбияи фарзанд ҳам муҳимтар аст, зеро бо телефон он қадар банд мешаванд, ки тарбияи фарзанд аз хотирашон мебарояд. Ё меҳнати тарбиятгарон дар давлатҳои хориҷа, ин ҳам ба тарбия илмомӯзии хонандагон таъсири манфӣ дорад.
Хурсандиовар аст, ки солҳои охир бо ташаббуси Президентамон ба маҳалла ва кормандони он эътибори махсус дода мешавад. Маҳалла тинҷ бошад, халқ ҳам хотирҷамъу маконамон обод ва ҳамкории ташкилотҳо мустаҳкам мегардад. Тарбияи фарзанд ба оилаю муносибати оилавӣ сахт вобаста аст. Рӯзе дар синфи ҳафтум аз фанни тарбия дарс доштам. Ба хонандагон гуфтам, ки доир ба ҳолати касе, ки ҳамёни худро гум кардааст, муносибати хешро баён кунанд. Хонандае даст боло кард ва гуфт:
— Агар ман ҳамёнро меёфтам, ҳатман ба соҳибаш бармегардондам.
Баъди фурсате хонандаи дигаре аз ҷой хест:
— Ман ҳамёни пур аз пулро гирифта, соҳибашро намекофтам ва баргардонида намедодам. Чунки ӯ каси доро аст, ҳамёнро, ки ман ёфтам, он аз они ман аст.
Ин вақт хонандаи дигаре гуфт:
— Ман ҳамёнро ба соҳибаш медодам. Он маблағе, ки дар ҳамён аст, танҳо ба соҳибаш насиб мекунад.
Эътибор диҳед, ки як ҳолатро се хонанда се хел талқин карданд, ки ҳамаи он ба тарбияи оилавии онҳо сахт вобастагӣ дорад.
Барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ мувофиқи синну соли хонанда бо назардошти дастурҳои ягонаи таълимӣ таҳия шудаанд. Онҳоро шавқу ҳаваси хонандагонро ба ҳисоб гирифта, тартиб додаанд.
— Таълиму тарбияи насли наврас аз ҳама муҳим аст. Дилатон кадом тарзи ба роҳ мондани таълиму тарбияи мактаббачагонро мехоҳад?
— Саволи хеле хуб шуд, зеро ояндаи дурахшону фаровони Ватану миллат ба тақдири кӯдакон вобастагӣ дорад. Онҳо соҳиби илму маърифат, тарбияи хуб бошанд, мо аз ояндаи халқу Ватанамон хотирҷамъ мешавем. Аз ин рӯ, бояд ҳамеша баҳри пешрафти илму фан ва беҳбудии сифати таълим бошем. Ман, ки қариб панҷоҳ соли умрам дар ҳамин соҳа гузашт, аз таҷрибаи худ хулоса бароварда мегӯям, ки дар нақшаҳои таълимӣ миқдори соатҳо аз фанҳои гуманитарӣ зиёдтар карда шаванд. Зеро хонанда тарбияи дурустро аз омӯхтани адабиёти бадеӣ мегирад.
Дар барномаҳои таълимии синфҳои 1—11 фанни «Қоидаи ҳаракати роҳ» дохил карда, дар мактабҳое, ки шароит доранд, омӯзиши касби ронандагӣ барои хонандагони синфҳои болоӣ ба роҳ монда шаванд.
Бояд ҳар як омӯзгор бо ҳаёту ҳолати хонандагон аз надик шинос бошад ва бо онҳо сӯҳбатҳои алоҳида гузаронида, баъд аз он муомилаю муносибат кунад.
Мусоҳиб Бахтиёри ҶУМЪА.
