Машқи қалам
Зимистон. Ҳаво хеле хунук. Барфи маҳини элакӣ меборид. Дар торикӣ барфи рӯи замин чун нуқра медурахшид. Роҳҳо лағжонак, на як мошин буду на инсон. Фонусҳои роҳ аз шамоли сард ғаҷанг-ғуҷунг сар бароварда меҷунбиданд, нури фонус лип-лип карда, гоҳо фурӯзону гоҳ хомӯш мешуд…
Дастҳоям аз шамоли хунук сӯхта, баданам дир-дир меларзид. Дар пойҳоям калӯши кӯҳнаи дарида, дар танам танҳо як ҷомаи матояш пора-пора буд. Ҳатто аз хунукӣ мижгонҳоям ях мекарданд. Ҷойи паноҳ меҷустам. То рафт пойҳоям карахт шуда, ба ман итоат намекарданд. Ноилоҷ ба кунҷаке нишастам. Ҳамин тавр, хобам бурдааст…
Пеши назарам набераҳоям ва фарзандонам намоён мешуданд. Гӯё мо дар як хона нишаста будем. Дар берун барф меборид. Келинам барои мо туршакоб тайёр мекард…
Дар бағалам набераҳо яке «бобо» гуфта мебӯсиду дигаре «…бобои ту не, бобои ман», — мегуфт. Дар хонаи гарм ва дар оғӯши оила сӯҳбатамон қаймоқ мебаст. Ногоҳ болои боми хона кушода шуду хонаро нури офтоб фаро гирифт…
Чашмамро базӯр кушодам, наздам як мошин чароғашро гиронда меистод, касе ба китфам зада «амак… ҳӯ амак…»- гӯён ҷеғ мезад. Мадор надоштам, ки сухане гӯям. Аз паси онҳо якчанд каси дигар омад. Маро ҳамроҳ бардошта ба мошин савор карданд.
Субҳ дар атрофам якчанд одамони халати сафедпӯш чарх мезаданд: «Ин касро аз куҷо ёфтед? Худашон кӣ, наслу насабашон чӣ? Бояд аз худашон пурсем. Аввал ба милитсия муроҷиат кунед… Ана ба худ омаданд,» — мегуфтанд. Дар дастам сӯзандорую ба даҳонам аппарати ҳаводиҳӣ гузошта шуда буд. «Ман дар куҷоям?»- оҳиста пурсидам. Як ҷавон наздам омаду гуфт: «Ассалому алайкум, шумо дар беморхона ҳастед. Дирӯз шуморо аз роҳ ёфта, ба ин ҷо овардам. Хайрият шуморо дидем амакҷон, вагарна… Чаро ба ин ҳол афтодед?
Ҳамин вақт воқеаи як рӯз пеш рӯйдода ба ёдам омад… Барои харидани нон ба мағоза мерафтам. Ногоҳ дастонамро ба киса андохтам, ки пул надорам, пулам дар ҷайби дигар мондааст. Ноилоҷ ба хона баргаштам. Назди дар писару келин ва набераҳоям бо либосҳои тару тоза куҷое мерафтанд. Онҳо интизор буданд, ки ман зудтар ҳавлиро тарк созаму ба дарвоза қулф зада, ба роҳ бароянд. Ҳамин вақт, овози набераам ба гӯшам расид «Очаҷон бобоям ҳам ҳамроҳи мо мераванд?» Модараш бо ҷаҳл «не, магар мо ба хонаи аммаат меравем, ки ин чолро ҳам барем?» — гуфта набераамро сарзаниш кард. Худро ношунида гирифта, роҳамро давом додам.
Аз мағоза нон харидаму ба хона баргаштам, аммо дарвоза қулф буд… Аз байн соатҳои зиёд гузашт. Аз писару келинам ҳамон дарак набуд. Бо чанд андешаву хаёл сӯи хонаи додарам рафтам. Онҳо маро хуш пазируфта, аз пешгаҳи хонаашон ҷой доданд. Ҳама якҷоя чой нӯшидем. Намозамро адо намудаму ба додарам гуфтам, ки бармегардам. Аммо додарам намонд:
— Ака хонаатон рафта чӣ кор мекунед? Имшаб хоб кунед, пагоҳ меравед, — гуфт.
— Раҳмат укаҷон, ба хона меравам. Ба писарам занг мезадаму афсӯс телефонам дар хона мондааст, — гуфтам.
— Ҳеҷ гап не, мана келинатон ҷойгаҳ меандозад, имшаб меҳмонамон шавед,- гуфт додарам.
Келини додарам хушмуомила буд, бо чаққонӣ ҷойгаҳ андохт. Дар хотир надоштам, ки келини худам кай ба ман ҷойгаҳ андохта буд?
Рӯзи дигар ҳама дар атрофи дастархон нишаста, наҳорӣ кардем.
Дер боз ин хел меҳрубониро надида будам. Ба дастархон дуо гуфтам. Фарзандони додарам яке ба мактаб, дигаре ба кор тайёр мешуданд. Ҳама якҷоя ба рӯйи ҳавлӣ баромадем. Писараш «Амак шинед ҳамроҳ меравем,»- гуфта дари мошинашро кушод, аммо ман ҷавоби рад дода «Не худам пиёда меравам, як гиреҳҳои поям кушода шавад», — гуфтам.
Пои пиёда сӯйи ҳавлӣ омадам. Дарвоза то ҳол қулф буд, муддати дароз дарро кӯфтам, ҳеҷ кас овоз набаровард. Офтоб акнун нури худро мепошид, аммо ҳаво хеле хунуку шамолаш сард буд.
Аз писари ҳамсоя, ки аз рӯ ба рӯ меомад, пурсидам:
— Умарҷон, писарамро надидӣ?
— Онҳо шаб ба Москав рафтанд-ку, ман фикр кардам, ки шумо ҳамроҳ рафтед», — бо тааҷҷуб назар кард ба ман.
Ҳуш аз сарам парид. Наход, наход писари худам ба ҳамин дараҷа расидааст?.. Наход, барои онҳо бори гарон шудаам?..
— Э, гӯр пирӣ шавад, фаромӯш кардем, охир шаб худам онҳоро гуселонидам-ку!. Ман рафтан нахостам, ин дафъа меравам, — гуфтаму гапро сӯйи дигар бурдам. Дар сарам ҳазор хел фикру андешаҳо чарх мезад. Ба духтарам занг заданӣ шудам, рақамашро аз ёд намедонистам, боз акси кор телефонам дар хона мондааст…
Сӯйи хонааш равам гӯям, дар даст пул надоштам, инчунин дасти холӣ рафтан намезебид. Қудоҳо, «Падараш бо дасти холӣ духтарбинӣ омад», нагӯянд.
Пеши дарвоза бисёр наистодам, то ки аз аҳволам ҳамсояҳо хабардор нашаванд.
Аз байн боз се рӯз гузашт, гушнаву ташна, сарсону саргардон, бе мақсад, бо андешаҳои худам дар кӯчаҳо гаштам. Дере кӯчаҳои бегона то ки шиносҳо дида «Писараш падарашро ба чӣ аҳвол гузоштааст?» нагӯянд.
Роҳ мегаштам, вале ҳеҷ касро намешинохтам. Хунукӣ гӯё баданамро сӯрох мекард. Гирди лабу дастонам каб-кабуд шуда буд. Пойҳоям то рафт ба ман итоат намекарданд… Дигар чизеро ба хотир надорам.
Ногаҳ аз дари палата «Падарҷон!»- гӯён овоз шунида шуд. Ҳа, ин овози духтарам буд…
Рухшонабону ОРЗУҚУЛОВА, хонандаи синфи 11-уми мактаби таълими умумии рақами 37-и ноҳияи Самарқанд
