Имсол баробари фарорасии фасли зебои баҳор моҳи шарифи Рамазон ҳам омад.
Барои аз фазлу аҳкоми чунин айёми муқаддас, бештару хубтар баҳраманд кардани рӯзномахонон мо бо имом-хатиби вилояти Самарқанд Ҳоҷӣ Зайниддин Эшонқулов ҳамсӯҳбат шудем.
— Ассалому алайкум, домуллои муҳтарам! Аввало иҷозат фармоед, аз номи кормандону муштариёни рӯзномаамон шумо ва тамоми аҳли исломи кишвари азизамонро бо моҳи шарифи Рамазон табрик гуфта, тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намоем.
— Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим, бисёр ташаккуру сипос, аммо баъд бо чашмдошти ба саодати ду дунё соҳиб шудани бандаҳояш ба Аллоҳи таоло ҳамду сано бодо!
Воқеан, калимаи «рӯза» ба лафзи арабӣ «сиём» буда, маънои луғавии он парҳез кардан, нигоҳ доштани нафсро дорад. Дар истилоҳи шариат «аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани Офтоб» худро аз хӯрдан, нӯшидан нигоҳ дошта, бештар амалҳои некро иҷро кардан аст. Аз ҳама муҳим, шахси рӯзадор бояд тақводор, яъне бо ирода, парҳезкор, савобталаб, худотарс, ҳақиқатнигор ва қалбаш мусаффо бошад.
Агар хоҳед, ки сабуру батоқат бошед, гуноҳҳоятон мағфират гардад, ҳатман рӯза доред. Боз як гап. Вақтҳои охир табибон собит кардаанд, ки бо гуруснагӣ кас метавонад ба дардҳои худ даво ёбад.
Таъкид кардан ҷоиз аст, ки рӯзадорӣ дар дигар динҳо низ ҳаст, вале бо тартибу қоидаи дигар.
Фаромӯш накунем, ки ҳамаи амалҳои инсон барои худаш буда, рӯзадориаш барои Парвардигор аст. Дар ҳадиси қудсӣ омадааст: «Аллоҳи таъоло фармуд: «Ҳамаи амалҳои фарзанди одам барои худаш, танҳо рӯзадориаш барои ман аст ва мукофоти онро Худам медиҳам».
Пайғамбарамон саллаллоҳу алайҳи ва саллам доир ба фазилатҳои рӯза ва чӣ гуна рафтор кардани рӯзадор чунин фармудаанд:
Рӯза шахси рӯзадорро аз корҳои бад, содир кардани гуноҳ, бемориҳо нигоҳ медорад. Аз даҳони рӯзадор суханҳои бемаънӣ, беҳуда, ношоям, ҳақорат намебарояд. Агар ягон одам бо ӯ ҷанг карданӣ ё дашном доданӣ шавад, вай бояд «ман одами рӯзадорам» гӯяд. Чунин рафтор ва гуфтор одоби баланд ва олиҷаноб аст.
Барои рӯзадор ду хурсандӣ аст. Нахуст ӯ ҳангоми ифтор мамнун, сониян ба Офаридгор қариб мешавад.
— Домуллои мӯҳтарам, аз Ойиша розияллоҳу анҳо ривоят мекунанд, ки Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи васаллам дар даҳаи охирини моҳи Рамазон миёнро маҳкам баста, шабзиндадорӣ карда, инчунин занони хонадонро ба ибодат даъват намуда, фазилатҳои шабҳои моҳи Рамазон ва ба хусус шаби Қадрро таъкид кардаанд…
— Ҳақ асту рост. Зеро маҳз дар рӯзи 27‑уми Рамазон, дар шаби Қадр китоби муқаддаси мо Қуръони карим нозил шудааст. Агар дар ҳамон шаб одамон бедор нишаста, бо тиловати оятҳои Қуръон, намозхонӣ, тавбаву тазаррӯъ, дуохонӣ машғул шаванд, аҷру савоби ба ибодати ҳазор моҳ баробарро соҳиб мегарданд.
— Гоҳо шоҳиди он мешавем, ки баъзе шахсон ба хотири гузаштагони хеш ифтор ташкил мекунанд ва рӯйи дастархон ғайр аз шири мурғ ҳама чизро мегузоранд…
— Мушоҳидаи шумо дуруст аст. Исрофгарӣ, худситоӣ дар дини мубини мо амалҳои макрӯҳанд. Мо дар амрҳои маъруф таъкид мекунем, ки ифтор ташкил кардан, як намуди хайру эҳсон аст, на худнамоӣ. Агар ҷойи исрофгарӣ ба шахсони камбисот, муҳтоҷ, ногироидошта дасти ёрӣ дароз кунем, аҷру савоби бештар мегирем. Фитри рӯзаро бояд ба мискину бечорагон дод, ки миқдори имсолаи онро Идораи мусулмонони Ӯзбекистон муайян кардааст.
— Дар зиёрати ҳаҷ «ҳаҷҷи бадал», яъне ба ҷойи дигар шахс ҳаҷ кардан мавҷуд аст. Оё ба ҷойи каси дигар рӯза доштан мумкин аст?
— Намоз ва рӯза ибодати шахсист ва аз тарафи дигарон адо карда намешавад. Шариат барои шахсоне, ки рӯза дошта наметавонанд, фидядиҳиро ба роҳ мондааст.
— Магар ғайр аз моҳи шарифи Рамазон дар дигар вақту фасл рӯза доштан мумкин аст?
— Албатта, мумкин. Масалан, дар моҳи муҳаррам рӯзи Ашӯро ҳаст, ки маънояш «рӯзи даҳум» мебошад. Расулуллоҳ (с. а. в.) дар ҳамин сана рӯза доштаанд. Инчунин, рӯзаи моҳҳои раҷаб, шаъбон, шаввол ҳаст. Дар ҳар моҳ се рӯз рӯзадорӣ низ ҳаст.
Аз фурсат истифода бурда, ба муштариёни рӯзнома сиҳҳативу саломатӣ, иродаи матин ва иҷобат шудани амалҳои некашонро таманно дорам.
Суҳбаторо З.ҲАСАНЗОДА.
