Ovozi.uz

НИМҲАҚИҚАТ (Афсона)

Феликс КРИВИН, адиби рус

Аблаҳе Ҳақиқатро аз бозор харид. Ҳеч чизи мегуфтагӣ не, бахташ хандида, бомуваффақият харид. Ӯ ба вай се саволи аблаҳона дод ва ба бақияаш боз ду лагади дигар гирифт ва рафт. Аммо рафтан ба гуфтан осон аст! Бо Ҳақиқат роҳ рафтан чандон осон нест. Ҳар касе, ки инро санҷида дидааст, медонад. Вай калон аст. Ҳақиқат вазнин аст. Агар ба он савор шавед, ки ба пеш намеравед, аммо агар онро худатон бардоред, то куҷо мебаред?
Аблаҳ Ҳақиқатро бо азоб ва заҳмат ба пеш мекашад. Партофта рафтан шармандагӣ. Охир, барои вай пул додааст.
Қариб ниммурда шуда, ба хонааш расид.
— Ба куҷо гум шудӣ, беақл? — ба ӯ дарафтод занаш.
Аблаҳ ҳама чизеро, ки воқеъ гардида буд, ба ҳамсараш гуфт, аммо як чизро фаҳмонида натавонист: ин Ҳақиқат барои чӣ даркор ва аз он чӣ тавр истифода бурдан мумкин аст? Ҳақиқат дар байни кӯча аст, ба ҳеҷ дарвоза намеғунҷад ва Аблаҳу занаш муҳокима мекунананд, ки бо он чӣ кор кунанд, чӣ тавр онро ба рӯзгор мутобиқ созанд. Онҳо ин тавр ва он тавр андеша карданд, аммо чизи дурусте фикр карда натавонистанд. Ҳатто ба куҷо гузоштани Ҳақиқатро наёфтанд. Агар истифодабарии Ҳақиқатро надонӣ, ту чӣ кор мекардӣ!
— Бирав, — мегӯяд зан ба шавҳари нодонаш, — Ҳақиқати худро фурӯш. Аз ҳад зиёд напурс: чӣ қадаре ки диҳанд, ҳамонаш ҳам бас аст. Аздусар аз он ягон фоидае нест.
Аблаҳ сӯйи бозор кашола шуд. Вай дар ҷойи намоён истода, дод зад:
— Ҳақиқат! Ҳақиқат! Ба ҳар касе, ки Ҳақиқат лозим аст, давида биёед!
Аммо касе барои харидани Ҳақиқат ба сӯйи ӯ намедавид.
— Эй мардум! — фарёд зад Аблаҳ. — Ҳақиқатро бигиред, ман онро арзон мефурӯшам!
— Не, — дар ҷавоб мегуфтанд одамон. — Ҳақиқати ту ба чизе даркор не. Нахарида бошем ҳам, мо Ҳақиқати худро дорем.
Ниҳоят як савдогар ба Аблаҳ наздик шуд. Вай дар атрофи Ҳақиқат чарх зада, пурсид:
— Чӣ, бача, Ҳақиқатро мефурӯшӣ? Оё нархи аз ҳад зиёде талаб намекунӣ?
— Ниҳоят кам, хеле кам, — шод шуд Аблаҳ. — Барои ташаккур медиҳам.
— Барои раҳмат? — худ ба худ андешид Савдогар. — Не, ин барои ман хеле гарон аст.
Ҳамин вақт савдогари дигар омад. Ӯ низ ба болои нархи он андешид. Онҳо хуб баҳсу мунозира ва шарту байъ карданд ва қарор доданд, ки як Ҳақиқатро ду нафар бихаранд. Ҳамин тавр ҳарду ба чунин мувофиқа расиданд.
Онҳо Ҳақиқатро ба ду қисм ҷудо карданд. Маълум шуд, ки ними Ҳақиқат нисбат ба тамоми як Ҳақиқат ҳам сабуктар ва ҳам қулайтар аст. Чунин нимҳақиқатҳо боби диданӣ аст. Тоҷирон аз бозор мегузаранд ва ҳама ба онҳо ҳасад мебаранд. Ва баъд дигар тоҷирон низ ба онҳо пайравӣ карда, барои худ нимҳақиқатро бофтан гирифтанд.
Тоҷирон ҳақиқатро бурида, нимҳақиқатро захира мекунанд. Акнун бо якдигар сӯҳбат кардани онҳо хеле осон шудааст. Дар куҷо бояд бигӯяд: «Шумо нобакор ҳастед!» — бемалол гуфта метавонед: «Шумо хислати душвор доред». Шахси беадабро одами ҳазлкаш, фиребгарро хаёлпараст гуфтан мумкин аст. Ва акнун касе аҳмақи моро ҳатто аблаҳ намегӯяд. Дар бораи аблаҳ мегӯянд: «Одаме, ки ба таври худ фикр мекунад».
Ана ҳамин тавр онҳо шарта-­шарта Ҳақиқатро мегӯянд!

Аз русӣ тарҷимаи Б.ҶУМЪА.