Ибрат
Ҳар рӯз камаш якто тайёра (самолёт) ба ҳисоби миёна 300 нафар ӯзбекистониро ба зиёрати Умра мебарад. Ҳар яки онҳо барои ин сафар 2,5–3 ҳазор доллар сарф мекунанд. Ҳамагӣ 750–900 ҳазор доллар аз Ӯзбекистон бебозгашт мебарояд. Ҳар рӯз!
Ин арзиши сохтмони якто мактаби замонавии дорои шароитҳои хуб аст, ки ҳатто амрикоиҳо бинанд, ҳавас мекунанд!
Дар як моҳ — 30 то мактаб.
Дар як сол — 360 то мактаб.
Дар як сол — 3600 то мактаб.
Агар ин пулҳо дар ҳақиқат барои бачаҳо сарф шаванд, чӣ шуданашро пеши назар оред. Ӯзбекистон дар тараққиёти илму фан яке аз пешқадамтаринҳо мешавад.
Мутаассифона, ӯзбекистониҳо 2–3 ҳазор доллари амрикоиро барои зиёрате, ки суннат аст, сарф мекунанд, вале барои фарзанди худ ақаллан ба 100 доллар китоб намехаранд.
Агар ба 2–3 ҳазор доллар китоб гиранд, чӣ қадар мешавад? Як хонаи калон пури китоб мешавад. Кӣ шудани авлодеро, ки дар чунин хонадон ба воя мерасад ва ин хел китобхона дорад, тасаввур кунед. Мутаассифона, чунин андешаҳоро ҳеҷ кас ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеорад.
Фарқи ҳаёти насли навраси имрӯза аз пешина дар чист? Аз ҳама муҳим он аст, ки ҳар як хонадон ба рӯзномаву маҷаллаҳо обуна мешуд. Қариб ҳар рӯз хаткашон онҳоро меовард. Хонадони бе китоб набуд. Ҳама мехонд, дониш мегирифт.
Маданияту маънавияти одамон баланд буд. Онҳо қалбан солим ва ҳалолу пок буданд. Ҷудошавии оилаҳо аҳён-аҳён ба назар мерасид ва онҳо сабабҳои асоснок доштанд. Имрӯз вайрон шудани оилаҳо сол аз сол зиёд мешавад. Яъне, ҳама гап дар худи одамон будааст. Ба ҳамаи ин нахондани китоб сабаб шуд. Нуқтаи ибтидоии деградатсия ҳамин аст.
Агар одам китоб нахонад, сафедро аз сиёҳ, некро аз бад, ростро аз дурӯғ фарқ карда наметавонад. Дарк намекунад, ки ӯ чӣ хел ба залолат дохил мешавад.
Мо фармони аввалини Аллоҳ, ки дар Қуръони Карим ба одамон фармудааст, фаромӯш кардем!
«…Иқро! Иқро! Иқро!»
«…Хонед! Хонед! Хонед!»
Шораҳмат ҚУРБОНОВ
