ҶММ «AGRO FAROVON» дар маҳаллаи Янгиқӯрғони ноҳияи Булунғур ҷойгир аст. Он ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ихтисосонида шудааст. Корхона дар асоси технологияи замонавии Туркия соле 6000 тонна сабзавот коркард мекунад. Маҳсулоти корхонаро асосан ба Россия ва Германия мефиристанд. Дар корхона беш аз 50 нафар коргар дар ду баст меҳнат мекунанд. Қариб 20 хел сабзавот, аз қабили қаламфури булғорӣ, лаблабуи сурх, каду, сабзӣ, гулкарамро аз хоҷагиҳои фермерии ноҳияҳои Булунғур, Тайлоқ ва Ҷомбой дар асоси шартнома мегиранд.
ҶММ «DAKA-INTEX» соли 2013 дар шаҳри Самарқанд аз рӯйхат гузаштааст. Корхонаи мазкур (роҳбараш Рустам Қаршибоев) моҳи майи соли 2023 дар маҳаллаи Мингчинори ноҳияи Булунғур лоиҳаи истеҳсолии либосҳои трикотажиро (ба арзиши 6,0 миллион доллари амрикоӣ) амалӣ карда, 180 ҷойи доимии корӣ бунёд намуд. Ускунаҳои корӣ аз мамлакатҳои Япония ва Корея оварда шуданд. Дар моҳи январ-июли соли 2023 корхона ба миқдори 6,6 миллион доллари амрикоӣ маҳсулот экспорт кард.
ҶММ «SAMARQAND GARDEN PLAST» (корхонаи муштараки ӯзбекистониву амрикоӣ) ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ихтисосонида шудааст. Он дар маҳаллаи Янгиобод ҷойгир аст. Ба корхона Азизбек Юсуфбоев роҳбарӣ мекунад. Корхона қувваи солонаи коркард ва хушккунии 13000 тонна маҳсулотро дорад. Дар чоряки якуми соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот 562000 доллари амрикоиро ташкил кард. Дар корхона дар мавсими кор 300—400 коргар дар ду баст меҳнат мекунанд. Соле 10000 тонна маҳсулоти қадоқшуда ва консервакунонидашуда истеҳсол мешавад. Дар корхона зиёда аз 200 нафар коргар кор мекунанд.
Дар 23,9 гектар замини маҳаллаи Олмазор (мавзеи Ғӯбдин) сарнақшаи дар солҳои 2022—2025 бунёд кардани мавзеи Ӯзбекистон навро таҳия намуданд. Бино ба он, то охири соли 2025 дар мавзе сохтани 56 хонаи панҷқабата, 2 мактаби таълими умумӣ, 2 ташкилоти таълими томактабӣ, бинои маркази маҳалла, поликлиникаи оилавӣ барои 100 кас ва майдончаҳои варзишӣ дар назар аст.
То имрӯз 9 ташкилоти сохтмонӣ корҳои бунёди хонаҳоро идома медиҳанд. То ҳол 14 хонаи панҷқабата ба истифода супурда шудааст. Дар соли равон дар 32 хонаи панҷошёна (687 хонадон) корҳои сохтмонӣ-монтаж амалӣ мешаванд.
Дар ноҳия дар соли 2024 дар доираи барномаи инвеститсионии ҳудудӣ 79 лоиҳаи инвеститсионии 56,1 миллион долларина таҳия шуда, дар натиҷаи амалигардонии ин лоиҳаҳо ташкили 546 ҷойи корӣ дар назар аст.
Ҷамшед ОБИДОВ
