Дирӯз дар варзишгоҳи “Суғдиёна” – и шаҳри Ҷиззах дар чорчӯбаи бозиҳои навбати дуюми Ҷоми Ӯзбекистон вохӯрии “Динамо” – и Самарқанд бо “Насаф” – и Қаршӣ ба амал омад.
Дар вохӯрӣ ҳисоби дуранги 3:3 қайд гардид. Тӯби аввалро футболбози “Насаф” Шароф Муҳиддинов дар дақиқаи 37 аз пеналти даровард. Ҳуҷумгари “Динамо” Коҷо Ҷоэл дар дақиқаи 58 ҳисобро 1:1 кард. Дар қисми дуюми вохӯрӣ футболбозон Хислат Халилов (2 тӯб,“Динамо”), Марушич, Акмал Мозговой (“Насаф”) муаллифӣ карданд. Ҳоло “Динамо” соҳиби 2 хол мебошад. Рӯзи 28-уми апрел “Динамо” бо “Навбаҳор” қувва меозмояд. Самарқандиён “Навбаҳор” – ро мағлуб карда тавонанд, ба зинаи болоӣ мебароянд.
Ҷоми Ўзбекистон: “Динамо” бо чемпиони дар амалбуда — “Насаф” дуранг бозӣ кард
