Яке аз фарзандони асили Самарқанд Беҳрўз Маъруфӣ ҳаёт мебуд, ў имсол ба синни 55 медаромад. Ҳазорон афсӯс, ки марг ўро дар синни 52-солагӣ аз байни мо бурд.
Лекин наздикон, хешу таборҳо, ёру дўстон ва ҳамкасбон ўро ҳамеша бо ифтихор ба ёд оварда корҳое ки он дар давоми умри худ карда буд ёдоварӣ мекунанд. Чунки корҳое ки он ба амал иҷро кард бо гузашти вақту замон қимати худро баланд мекунад.
Вай нисбаттан кам умр дида бошад ҳам, лекин хизматҳои вай ба таърихи Самарқанд, тараққиёти илму фарҳанг, муҳофиза ва таъмир намудани ёдгориҳои таърихӣ, тараққиёти музейшуносӣ дар минтақа ва ташкил намудани музейҳои нав дар Самарқанд хеле ҷолиби диққат аст. Ҳоло он корҳое ки, аз тарафи Беҳрўз Маъруфӣ ба амал оварда шудааст, бардавом буда аз он чандин инсонҳои аҳли илму фарҳанг, сайёҳони хориҷию маҳаллӣ, талабагону мактаббачаҳо истифода бурда истодаанд.
Беҳрўз Маъруфӣ 26 апрели соли 1969 дар шаҳри Самарқанд, дар оилаи олими маъруфи Самарқанд Рауф Маъруфӣ ба дунё омадааст. Вай таълими ибтидоиро дар мактаби миёнаи 21-и шаҳри Самарқанд гирифта, баъд аз хатми мактаби миёна дар факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд давом дода аст.
Баъди хизмати ҳарбӣ ва хатм кардани донишгоҳ вай ҳамчун журналист ва ходими адабӣ дар таҳририяти рӯзномаи “Самарқанд” фаъолият бурд. Баъдтар чандин сол дар вазифаи масъули корманди ҳокимияти ноҳияи Боғишамоли шаҳри Самарқанд оид бо ҷавонҳои ба воя нарасида кор кард.
Аз соли 1995 вай дар музей-мамнӯъгоҳи давлатии Самарқанд ба вазифаи котиби илмӣ фаъолият худро сар кард. Ў дар музей-мамнӯъгоҳ ҳамчун котиби илмӣ, мудири филиали масҷиди Ҳазрати Хизр, мақбараи Хоҷа Дониёр, музейи Афросиёб ва хона-музейи Ҳоҷи Абдулазиз Абдурасулов фаъолияти илмӣ бурд. Аз ҷумла якчанд мақола ва рисолаҳои илмӣ, экскурсовка ва буклетҳо, экспозитсия ва намоишгоҳҳо ва дигарҳоро омода намуд. Дар давоми зиёда аз 14 сол дар музей-мамнӯъгоҳ вай ҳамчун муаллиф зиёда аз 5 та китоб нашр кард.
Беҳрўз Маъруфӣ аз соли 2006 то 2019 дар ансамбили Регистон ба вазифаи ҷонишини директор ва 10 сол директор шуда кор кард. Дар ин вазифаҳо вай ҳамчун роҳбар ва корманди илмӣ иқтидори худро намоиш дод. Аз ҷумла, вай бо устоди худ Қурбон Ҳасанов дар ансамбили Регистон намоишгоҳ-экспозитсияи “Санъати амалӣ ва халқии Самарқанд” (2006), “Таърихи таъмир намудани ёдгориҳои Самарқанд” (2007), “Мирзо Улуғбек аллома ва бунёдкор” (2008), “Таърихи таълим дар Самарқанд”(2009 бо иштироки муассасаҳои таълими вилоят) ташкил карда шуда будаанд, ки онҳо то имрўз дар ин маскан намоиш карда мешавад.
Дар давоми 10 соли роҳбарии Беҳрўз Маъруфӣ дар ансамбили Регистон бисёр корҳои таърихӣ ва аҳамиятнок карда шуд. Аз ҷумла, дарсхонаҳои мадрасаи Мирзо Улуғбек ва мадрасаи Шердор таъмир гардиданд, гумбази берунаи масҷиди Тиллокорӣ ҳам аз нав таъмир карда шуд, майдони Регистон (2014) ҳам аз нав барпо шуда, дар он 3Д понораммаи рангиновоз (2015) ташкил карда шуд. Ин понорамма аз ҳисоби ҳомиёни ансамбили Регистон, бо иштироки матахассисони олмон ва олимони Ўзбекистон, таҳти роҳбарияти ансамбили Регистон ташкил шуда буд.
Дар соли 2014 бо ташаббуси Беҳрўз Маъруфӣ макети 3 мадрассаи ансамбили Регистон бунёд гардида, ба намоиш гузошта шуд ва ба чандин саволҳои тамошобинони Регистон ҷавоб шуда тавонист. Чунки ин макет ба масштаби 1:50 нақши аслии ҳамин биноҳо бунёд шуда буд
Ғайр аз ин, аз соли 1997 сар карда дар ҳар ду сол як маротиба дар ансамбили Регистон фестивали мусиқии Байнанхалқи “Шарқ тароналари” (“Таронаҳои шарқ”) бо иштироки сарвари Ўзбекистон ва меҳмонҳои хориҷӣ баргузор мегашт, ки дар гузаронидан ва ташкил кардани 7-ои ин фестивали байнанхалқӣ ӯ бевосита иштирок дошт.
Беҳрӯз Маъруфӣ доимо тадқиқотҳои илми бурда ба чанд анҷуманҳои илми Байнанхалқи бо докладу маърўзаҳо баромад карда, дар як қатор журналҳои илми мақолаҳо нашр кардааст. Мақола ва асарҳои илмии вай ба нашрҳои давлатҳои ИМА, Олмон, Полша, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва дигарҳо нашр шудааст. Беҳрўз Маъруфӣ бо бисёр олимон, шоирон, рассомон ва дигар аҳли эҷод ҳамкорӣ мекард, аз маслиҳатҳои фоиданоки онҳо барои кори эҷодиаш истифода мебурд. Масалан ў бо академикҳо Ботирхон Валихўҷаев, Акбар Ҳакимов, Баҳром Абдуҳалимов, Шўҳрат Эгамбердиев, Турсунали Қўзиев, Камола Акилова, олимон Темур Ширинов, Бахтиёр Бобоҷонов, Комилҷон Раҳимов, Александр Ҷумаев, Зафар Ҳакимов, Ҷаннат Исмоилова, Роберт Алмеев, Нозим Ҳабибуллоев, Илгиз Зупаров ва дигарҳо ҳамкорӣ дошт.
Имрўз дар арафаи зодрўзи дўсту ҳамкасбамон мо кормандони ансамбили Регистон ва музей-мамнӯъгоҳи давлатии Самарқанд дўстамонро ёдоварӣ карда, корҳои нотамоми Беҳрўз Маъруфиро идома медиҳем.
Раҳим Каюмов — музейшинос
Улуғбек Ўрунхўҷаев – корманди илмии ансамбли Регистон
