Ovozi.uz

Дар рафти қабули сайёр 59 нафар аз ҷазо озод карда шуданд


Дар мономаркази “Марҳабо, ба кор!”-и шаҳри Самарқанд бо иштироки раиси суди вилоят Олим Ҳайитов ва раиси суди маъмурии вилоят Тоҳир Файзиев қабули сайёр баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ, ки судяҳои суди вилоятӣ ва судҳои шаҳри Самарқанд оид ба корҳои ҷиноӣ ва шаҳрвандӣ, суди иқтисодии шаҳри Самарқанд низ иштирок намуданд, дар мавриди ислоҳоти сохтори суду ҳуқуқ, навгониҳои қонунгузорӣ сухан рафт.
Дар ҷараёни қабул муроҷиати 67 нафар шаҳрвандон оид ба масъалаҳои ҷиноятӣ, шаҳрвандӣ, иқтисодӣ ва маъмурӣ баррасӣ карда шуданд. Аксарияти муроҷиатҳо дар раванди қабули сайёр ҳал гардида, аризаҳои боқимонда қабул карда шуданд.
Дар қабули сайёр 59 нафар шаҳрвандоне, ки барои кирдори ҷиноятии худ ҷазоро адо мекунанд, гуфтанд, ки аз кирдорашон пушаймон буда, хулосаи дахлдор баровардаанд ва қомилан ба роҳи ислоҳ гузашта, минбаъд тарзи ҳаёти солимро пеш мебаранд ва хоҳиш карданд, ки аз қисми боқимондаи ҷазо озод карда шаванд.
Дар ҳамин ҷо ҷамъомади суди сайёри суди шаҳри Самарқанд оид ба корҳои ҷиноӣ ташкил карда шуда, ҳар як парванда алоҳида муҳокима ва шикоятҳо қонеъ гардонида шуданд.
Ба шаҳрвандоне, ки аз ҷазо озод гардиданд ва ё ҷазояшон сабук карда шуд, тавсия доданд, ки дар мономарказ касб омӯзанд. Се нафар собиқ маҳкумшудагон, ки хоҳиши таҳсилро баён карданд, ба омӯзиши касби интихобкардаашон ҷалб карда шуданд.