ё ки чаро бачаҳо дар як сол аз 8 то 13 маротиба «шамол мехӯранд»?
Дар фасли баҳор мо бештар зуком мешавем ё тавре дар урфият мегӯянд — шамол мехӯрем. Вале 70 дарсади ҳамаи ҳолатҳои бемориҳои шадиди узвҳои нафас (БШУН) ба бачаҳои то 17‑сола рост меоянд. Зукоми бачаҳоро чӣ хел табобат мекунанд ва дар кадом ҳолатҳо ба иммунолог бояд муроҷиат кард?
Микробҳои беморӣ аз куҷо меоянд?
Барангезандагони БШУН хеле бисёр — беш аз 200 навъ мебошанд. Дар бисёр ҳолатҳо онҳо номаълум мемонанд, аз ҳама беш агар беморӣ кӯтоҳмуддат ва сабук гузарад. Дар ҳар саввумин ҳолати бемории бачаҳо ҳолати микстинфексия ҷой дорад, яъне сирояти якчанд навъи вирусҳо бо эҳтимоли ҳамроҳ шудани микрофлораи бактериалӣ. Бинобар ин, дар аксарияти ҳолатҳо диагнози «фарингит» ё ки «ларингит»-и табиаташ муайяннашуда гузошта мешавад.
Пас аз пандемияи ковид барангезандаҳои асосии БШУН фаъолии худро андак дигар намуданд. Агар қаблан мо якбора рӯй додани бемориҳои шамолхӯриро дар фасли зимистон ва оғози баҳор мунтазир шавем, дар соли 2023 сирояти якбораи зуком (грипп), паразуком ва инфексияи риновирусӣ ба моҳҳои тобистон рост омад, инчунин дар арафаи тирамоҳ коронавирус низ илова шуд. Дар воқеъ, ҳоло чор навъи коронавирус фаъол шудаанд, ки мо қаблан ҳис накардаем. Хушбахтона, онҳо чун шакли сабуки БШУН мегузаранд.
Синну сол ба беморӣ чӣ хел таъсир мерасонад?
Иммунитети бачаҳо кам-кам инкишоф меёбад. Дар хурдсолон он ҳанӯз камқувват ва аз ҷиҳати физиологӣ норасида аст. Бинобар ин, барои мубориза бар зидди инфексияҳои роҳи нафас қувваи иммунитети бачаҳои то 3 сола кифоя намекунад. Аз ҳама беш ин ба иммунитети маҳаллӣ (пардаи луобӣ) дахл дошта, аз ҳамин сабаб бачаҳои хурдсол бештар ҳангоми ба пардаи роҳҳои нафас расидани вирус бемор мешаванд. Зиёда аз ин дар хурдсолон синтези интерферонҳои худ — сафедаҳо, ки барои иммунитети зиддивирусӣ масъуланд, кифоя нест. Кӯдак ҳар қадар хурд бошад, хатари гирифтории ӯ ба бемориҳои БШУН ҳамон миқдор баланд аст.
Дар ташаккули иммунитет 5 даври асосии мушкил мавҷуд аст.
Якумаш — то 28‑рӯзагӣ. Навзод ба бактерияҳо — микрофлораи шартӣ-патогенӣ ва мадда пайдокунанда, инчунин грамоманфӣ устувории заиф дорад. Бинобар ин, дар онҳо майл ба вазъи септикии хавфнок аз ҳама беш мебошад. Дар ин давр барои кӯдак депрессияи системаи иммунӣ хос аст. Бинобар ин, аз расиш (контакт)-ҳои зиёдатӣ бояд дуртар шуд.
Даври дуюм — аз 4 моҳа то 6 моҳа. Дар ин вақт душмани асосӣ — РС — вирус аст, ки имрӯз хеле васеъ паҳн шудааст. Одатан онро ба хона бачаҳои калон ё ки хешу табор меоранд, ки беморанд, вале аломатҳои онро надоранд. Аломати асосии хатарнок барои хурдсолон инфексияи РСВ — сулфа. Инчунин, аз вирус парагрипп, герпесвирус ва ротавирус бояд эҳтиёт шуд.
Даври сеюми хавфнок — то 2‑солагӣ. Дар ин давр дар бачаҳо мумкин системаи иммунии вайроншудаи модарзодӣ (иммунодефитсити ибтидоӣ, бемориҳои аутоиммунӣ) аз худ нишона диҳанд. Инчунин, дар ин синну сол дар кӯдак мумкин майл ба БШУН ва инфексияи вируси бактериалии такроран пайдо шавад.
Даври чорум — аз 2‑солагӣ то 4–6 солагӣ. Дар ин синну сол дар кӯдак дараҷаи иммуноглобулини А (ва секреторӣ дар хун) ҳанӯз ба меъёр намерасад. Мутаносибан, хавфи ташаккули бемориҳои музмин баландтар мешавад.
Ва ниҳоят, даври панҷуми барои ташаккули системаи иммунӣ мушкил — синни пубертатии аз 12 то 15 сола. Дар ин давр гормонҳои ҷинсии андрогенӣ иммунитети ҳуҷайрагиро фишор медиҳанд ва омили ривоҷи системаи иммунии зинаи гуморалӣ шуда, омехта мешаванд. Бинобар ин, маҳз дар даври наврасӣ хатари ташаккули як қатор иммунопаталогияҳо меафзояд.
Хатари шамолхӯриҳои паиҳам
Ҳангоми шамолхӯриҳои паиҳам дар бачагӣ хатари инкишофи бемориҳои музмин дар одам меафзояд. Ғайр аз ин, сирояти чунин инфексияҳо бештар бо монеаҳои бактериалӣ — бемориҳои илтиҳоби шуш (пневмония), варами гӯш (отит), варами ғадуди бодомшакли гулӯ (тонзилит), бинӣ (риносминусит) ва ғайраи БШУН — сабабҳои асосии бемории узвҳои гӯшу ҳалқу бинӣ (лор) дар бачаҳо мешаванд. Дар онҳо 90 дарсади бронхити сахт, 45 дарсади илтиҳоби сабуки шуш ба назари аввал маҳз аз шамолхӯриҳои сабук оғоз мешаванд. Дарвоқеъ, даври хатарноки беморӣ рӯзҳои аз 2 то 5‑уми беморӣ мебошанд. Агар рӯзҳои 3–4‑ум бемор беҳтар шавад, ин хуб аст. Вале дар акси ҳол — боз баланд шудани ҳарорат, нишонаҳои беморӣ (сулфа, дарди гулӯ) бештар мешаванд, яъне монеаҳои бактериалӣ ривоҷ меёбанд.
Иммунолог лозим аст?
Бисёр бачаҳо зуд-зуд бемор мешаванд, вале ба таври сабук. Ин табиӣ аст. Дар ин ҷо ба дараҷаи беморӣ — сабук ё ки вазнин эътибор бояд дод, на ба шумора ва такроршавии онҳо. Агар ба бача ин ё он инфексия зуд-зуд сироят кунад ё ки ҳамаи шамолхӯриҳо бо боди (такрори) инфексияҳои бактериалӣ бошанд, бояд дарҳол сабабҳои онро муайян кард ва манбаи инфексияро ёфт. Дар ин ҳолат иммунолог ёрӣ дода наметавонад ва қабули иммуномодуляторҳо муамморо ҳал намекунанд. Вале эмкунӣ (ваксинагузаронӣ, хусусан аз зуком (грипп), ки ҳар сол ба кӯдакони аз 6 моҳа калон бояд кард) метавонад онҳоро аз монеаҳои бактериалӣ ҳифз кунад.
Марина САВУНКОВА,
профессор, доктори фанҳои тиббӣ.
Аз рӯзномаи «Аргументы и факты» № 15 соли 2024, тарҷимаи Тошқул АЗИМОВ.
