Мулоҳиза
Дурӯғгӯӣ яке аз одатҳои зишти инсон ба ҳисоб меравад. Мутаассифона, гоҳо мо дидаву дониста дурӯғ мегӯем. Хуб, чаро мо дурӯғ мегӯем? Чӣ моро ба дурӯғгӯӣ водор месозад? Дар ин хусус фикри чанд нафарро рӯйи коғаз овардем…
— Аз нуқтаи назари психологӣ дурӯғ хислати модарзодӣ набуда, одате мебошад, ки кӯдак онро аз муҳити хонавода, мактаб ва ҷомеа ёд мегирад, — гуфт донишҷӯйи факултети психологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд Покиза. — Дили бачагон монанди замини холие аст, ки дар он ҳар чӣ кишт намоем, ҳамон нумӯъ мекунад. Гоҳо мо надониста дар ин «замин» тухми дурӯғгӯиро мекорем. Кӯдакон дурӯғро, пеш аз ҳама, дар хонавода аз падару модар, атрофиён ва баъдан аз дӯстон, ҳамнишинон ва дигарон ёд мегиранд. Аз нигоҳи психологҳо, дурӯғгӯӣ дар кӯдакон аз синни 5–6 солагӣ ва пас аз он шурӯъ мешавад. Дар ин синну сол кӯдак аллакай сухани ростро аз дурӯғ ва хубро аз бад фарқ карда метавонад. Агар дар оила муҳити солим пойдор бошад, бача дурӯғгӯиро ёд намегирад. Аз ин рӯ, ҳар як шахс бояд дар худ хислати ростгӯиро ташаккул диҳад ва аз ҳарфи дурӯғ парҳез намояд.
— Дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки шамъи дурӯғгӯй то шаб месӯзад, — иброз дошт тарбиятгари хобгоҳи рақами сеюми донишгоҳ Гулбаҳор Муҳаммадиева. — Дурӯғгӯӣ сабаби беобрӯӣ ва шармандагӣ мегардад. Сад афсӯс, ки ҳоло барои баъзеҳо дурӯғ гуфтан одат шудааст. Ҳатто шахсоне ҳастанд, ки аз панҷ суханашон сеяш дурӯғ аст.
Воқеан, дурӯғ иллати номатлуби иҷтимоӣ мебошад. Иллатҳои бад ҳеҷ гоҳ одамонро ба роҳи некӣ намебаранд. Хусрави Деҳлавӣ беҳуда нафармудааст:
Лаъл, ки он рост кунанд аз дурӯғ,
Қадр надорад, ки надорад фурӯғ.
Шаббода АСОМИДДИНОВА,
донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов
