Ovozi.uz

Амирхон ба Олимпиадаи Париж‑2024 роҳхат гирифт

14–17‑уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Анталияи Туркия аз рӯи навъи камонварии варзиш мусобиқа гузаронида шуд. Дар ин мусобиқаи бонуфуз Амирхон Содиқови самарқандӣ маҳорати баланди нишонзании худро намоиш дода, сазовори медали тилло гардид ва роҳхатро ба Олимпиадаи Париж‑2024 ба даст овард.
Ба ифтихори ин дастовард Амирхон Содиқовро ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов ба ҳузур пазируфт ва ӯро табрик кард.
— Умедворам, дар Олимпиадаи Париж ҳам бомуваффақият иштирок намуда, сазовори ҷои аввал мешавед, — гуфт ҳокими вилоят. — Дар ин самт чӣ кӯмак ва шароит лозим бошад, мо омода мекунем.
Ба варзишгар ва мураббии вай Мунира Нурманова ташаккурнома ва тӯҳфаҳои ҳоким супурда шуд.
— Ин мусобиқа дар доираи турнири байналхалқӣ гузаронида шуд ва дар он варзишгарони қавии ҷаҳон иштирок карданд, — гуфт Амирхон Содиқов. — Ба мусобиқа дар Ӯзбекистону Корея тайёрӣ дидем ва барои гирифтани роҳхат боварӣ доштем. Ният дорем, ки дар олимпиада низ пирӯз гардида, парчами ватанамонро баланд мебардорам.
Ба муносибати истиқболи Амирхон дар Садорати посбонии вилояти Самарқанд низ тадбир гузаронида шуд.
Дар он ҷонишини ҳокими вилоят Р. Қобилов, сарвари Садорати Гвардияи миллӣ дар вилояти Самарқанд, полковник А. Умаров, сарвари Садорати варзиши вилоят Ш. Рӯзиев, аъзоёни оила ва мураббиёни варзишгар, инчунин, вакилони ҷамоатӣ иштирок намуданд.
Таъкид карданд, ки дар ривоҷи намуди камонварии варзиш дар диёри мо ҳиссаи Гвардияи миллӣ беандоза аст. Инчунин, ба падару модар ва мураббиёни Амирхон, ки дар комёбии ӯ саҳми шоиста доранд, миннтадории худро изҳор намуданд.
— Амирхон аз синни 12‑солагӣ ба дастаи мо ҳамроҳ шуд ва 9 сол боз бо варзиши камонварӣ шуғл меварзад — гуфт мураббии варзишгар Мунира Нурманова. — Ӯ бо, матонат ва сабурии худ аз дигарон тафовут дошт ва натиҷаи ҳамин аст, ки зафарёр гардид.
Дар чорабинӣ Садорати Гвардияи миллӣ ба Амирхон Содиқов тӯҳфаҳои хотирмон супурд.
Бояд гуфт, ки то кунун 14 нафар варзишгари самарқандӣ ба Олимпиадаи Париж‑2024 роҳхат гирифтаанд.

Хидмати матбуоти
ҳокимияти вилоят.