Бо қарори дахлдори Девони Вазирон имсол дар анҷоми моҳи август дар Самарқанд бори сенздаҳум фестивали байналмилалии анъанавии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» баргузор мешавад.
Фестивали мазкурро, ки то ин дам дар майдони Регистон барпо шудааст, имсол дар амфитеатри маҷмӯи «Шаҳри абадӣ»-и Маркази байналмилалии сайёҳии Самарқанд гузарондан ба нақша гирифта шудааст.
Масъулони Вазорати маданияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳокимияти вилоят ҷойҳое, ки чорабиниҳои фестивал гузаронда мешаванд, меҳмонхона ва объектҳои дигарро аз назар гузаронданд.
Роҷеъ ба роҳандозӣ шудани штаби оперативӣ дар Маркази байналмилалии сайёҳӣ, Тайёрагоҳи байналмилӣ ва вокзали Самарқанд, интихоби беш аз 100 нафар ихтиёриён, ки ба иштирокчиёни хориҷии фестивал ҳамроҳӣ мекунанд ва масъалаи таҳсили онҳо баррасӣ карда шуд.
