Бо гузашти солҳо одам пир мешавад. Қонуни табиат чунин аст. Аз ин ҷои гурез нест. Шукри Худованди мутаол, ки як вақтҳо мо ҳам ҷавон будему акунун пир шудаем. Ҳар субҳ, ки аз хоб бедор мешавем, ба ин рӯзи додаи Худованд шукрона мегӯем.
Мо пирон бояд маслиҳатгари фарзанду наберагон бошему дуогӯйӣ ҳамдигар. Ба рӯҳи поки гузаштагон доимо дуои хайр кунем.
Пиронсолӣ ҳам хусусиятҳои ба худ хосе дорад. Дар тӯли солҳои зиндагӣ, ки азобҳои зиёд ва пастиву баландиҳои ҳаётро дидаем, дар пиронсолӣ бояд роҳаташро бинем. Мо набояд ин тарафи масъаларо фаромӯш кунем.
Аксарит мардон дар пиронсолӣ риш мемонанд. Баъде, ки риш мондем, ҳурмати ришро ба ҷо орем. Дар ин вақт ба мо, пирон гуфтору рафтор ва фазилатҳои беҳтарини инсонӣ бояд муҷассам ёфта бошанд. Ҳамаи онҳо барои насли ҷавон намуна ва манбаи омӯзиш гардад.
Афӯс, ки на ҳама чунин аст…
Ман дар як тӯйе иштирок доштам. Дар авҷи базму суруд як марди пири ришдор ҳам ба давра баромада, мисли ҷавонон бо завқу шавқ ба рақс даромад. Ҳамнишинам ба ман рӯ оварда гуфт:
— Ин пиракиро бинед, шарм ҳам намедорад-е!
Аз шарм аъзои баданамро арақи сард зер кард, худро ба зӯр дошта, бо азоб то охири маърака нишастам.
Дар ҳақиқат, ба мо пирон ин хел рафторҳои масхарабозона намезебад. Пиронсолӣ давраи ибрат аст. Аз амалу рафтор, ки боиси тамасхури дигарон мегардад, ҳазар кунем.
Тақдири азалро касе намедонад. Дар пеш инсонро чӣ интизор аст, барои ҳама торик мебошад.
Вақт мегузарад, умр ҳам даргузар аст. Фақат дидори одам ба одам ғанимат аст. Аз ин сабаб дар мобайни мо меҳр, муҳаббати самимона, иззату эҳтироми ҳамдигарӣ барқарор бошад. Ин аст зебоии зиндагии ҳаррӯзаи мову шумо. Баъди сари мо мардум моро бо хислатҳои некамон ба ёд оранд.
Қурбонмуҳаммад ҶАЛИЛОВ
