Тавассути системаи QS Stars маълумот оид ба 8 самти фаъолият ва зиёда аз 50 нишондиҳанда амиқ таҳлил карда шудааст. Дар натиҷа донишгоҳ аз 1000 холи максималӣ 780 хол гирифтааст (барои донишгоҳи 5-ситорадор шудан 700 холи минималиро ба даст овардан даркор).
Хизмати матбуоти донишгоҳ хабар медиҳад, ки системаи QS Stars соли 2009 аз ҷониби агентии рейтингии байналмилалии QS-и Бритониё таъсис дода шудааст, ки муассисаҳои таълими олии ҷаҳонро баҳо медиҳад. Ин система ба донишгоҳҳо барои пешбурди самтҳои қавӣ, ошкор кардани камбудиҳои онҳо ва такмил додани онҳо кӯмак мекунад.
Рейтинги QS Stars донишгоҳҳоро дар 13 категория арзёбӣ мекунад: сифати таълим, шуғли хатмкунандагон, тадқиқот, байналмилалгардонӣ, рушди академӣ, шароити мусоид, омӯзиши онлайн, инноватсияҳо, санъат ва фарҳанг, фарогирӣ, масъулияти иҷтимоӣ, таъсир ба атрофу муҳит ва ихтисоси интихобшуда. Барои ворид шудан ба рейтинг, донишгоҳҳо ҳадди аққал 8 соҳаро интихоб намуда, дар бораи он маълумот медиҳанд.
Мақсади асосии системаи рейтинг ба донишҷӯёни ояндадор барои интихоби донишгоҳ ва пешниҳоди маълумоти амиқтар дар бораи муассисаҳои алоҳида мебошад.
«Ширкати QS аз 1-уми ноябри соли 2023 баҳодиҳии фаъолияти Донишгоҳи давлатии Самарқандро оғоз кард ва натиҷаҳо дар соли 2024 эълон карда шуданд», — омадааст дар хабар.
