Имрӯзҳо дар натиҷаи ба қоидаҳои ҳаракати роҳ амал накардани шаҳрвандон бисёр ҳодисаҳои нохуш ба амал меоянд. Барои пешгирии чунин ҳолатҳо Садорати ҳаракати бехатарии роҳ пайваста корҳои тарғиботӣ мегузаронад.
Дар яке аз чунин чорабиниҳо кӯчаҳои серҳаракати шаҳр, аз ҷумла кӯчаҳои Даҳбед, Рӯдакӣ, Мирзо Улуғбек ва якчанд чорроҳаҳо омӯхта шуданд.
— Мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон роҷеъ ба қоидаҳои ҳаракати роҳ дар тамоми ҳудудҳои кишварамон корҳои тарғиботӣ гузаронида мешаванд, — гуфт роҳбари Садорати бехатарии ҳаракати роҳи вилоят, полковник Шавкат Бойхӯрозов. — Дар ҳудудҳо ҳамкорӣ бо ҳафтгонаи маҳалларо ба роҳ мондем. Тақрибан дар тамоми маҳаллаҳои вилоят бо ёрии сардори ҷавонон ва раисони маҳаллаҳо корҳои фаҳмондадиҳиро анҷом додем. Ҳар моҳ бо иштироки ходимони васоити ахбори оммавии вилоят дар кӯчаҳои серҳаракат пресс-тур гузаронида, дар он шаҳрвандоне, ки қоидаи ҳаракати роҳро вайрон мекунанд, огоҳонида мешаванд ва бисёре аз онҳо ҷаримаҳои муайяни маъмуриро пардохт мекунанд.
Ҳангоми азназаргузаронии кӯчаи Даҳбеди шаҳри Самарқанд журналистон аз роҳи зеризаминии ин кӯча дидан карданд. Ба кушода шудани ин роҳи зеризаминӣ зиёда аз 2 сол шуда бошад ҳам, то ҳол одамон аз роҳи мошингард гашта, ба ҳаракати нақлиёти сабукрав халал мерасонанд. Аҳволи роҳи зеризаминӣ бошад, аз хароба фарқе надорад. Сабаби ин, даставвал, туннел барқ надорад ва дуввум ба талаботи гигиенӣ ҷавоб дода наметавонад. Албатта, ин ба Садорати ҳаракати бехатарии роҳ вобаста нест, аммо дар ин ҳолат будани туннел одамонро барои нагузаштан аз он маҷбур мекунад.
Ғайр аз ин, як қисми кӯчаи барои ҳамаи мо маълуму машҳури Рӯдакии шаҳри Самарқанд, ки дар қисми поёни кӯпруки бозори деҳқонии «Сиёб» ҷойгир аст, бо панҷараи махсус ҷудо гардид.
— Гузошта шудани ин девори оҳанин пеши як қатор ҳолатҳои нохуши ҳаракати роҳро гирифт гӯем, хато намекунем, — гуфт инспектори шӯъба Хуршед Сафаров. — Аммо шаҳрвандон то ҳол гоҳ-гоҳ аз болои девори оҳанин мегузаранд ва инҳо ба ҳолатҳои нохуши ҳаракати роҳ сабаб мешаванд. Аз ин рӯ, мо бояд пеш аз ҳама ба шаҳрвандон бештар дар бораи маданияти ҳаракат дар роҳҳои мошингард маълумотҳо дода, дониши ҳуқуқии ононро дар ин хусус баланд бардорем.
Дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон роҳбари садорат роҷеъ ба пешниҳодҳое, ки ба фикри ӯ шаҳрро аз тамбашавӣ раҳо мекунанд, нақл кард. Хусусан, барои кам кардани тамбашавӣ лозим аст, ки истгоҳҳои автобусҳоро аз назди чароғак ба самти дохили чорроҳаи кӯчаҳои Берунӣ ва Буюк Ипак йули (минтақае, ки дар байни мардум ҳамчун «Поворот» маъруф аст) кӯчонида шаванд. Дар нақшаҳо васеъ кардани кӯча ва эҷоди иловагии раста барои равиши мошинҳо аз хиёбони Спитамен ба самти кӯчаи Буюк Ипак йӯли низ ҷой доранд.
Дар Самарқанд аз аввали сол 71 садамаи нақлиётӣ (маълумот барои ним сол) рух дод, ки дар натиҷа 17 нафар ба ҳалокат расиданд. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо соли гузашта 20 дарсад коҳиш ёфтааст, аммо мувофиқи омор, бештарини садамаҳо бинобар гузаштани пиёдагардон аз роҳ ба амал омадааст.
Дар охири пресс-тур масъулони садорат ба саволҳои журналистон ҷавоб дода, як қатор вазифаҳоро ба нақшаи корӣ дароварданд. Таъкид гардид, ки дар оянда бо ҳамкории ходимони васоити ахбори оммавӣ ва Садорати ҳаракати бехатарии роҳ барои пешгирии ҳолатҳои вобаста ба муаммоҳои пиёдагардон як қатор чораҳои амалӣ андешида мешаванд.
Шохрух АШУРОВ.
