Дар ноҳияи Булунғур таҳти шиори «Бо ваҳдат — мо халқи ягона, муттаҳид бошем — Ватан ҳастем!» чорабинии маънавию тарбиявӣ барпо гардид.
Чорабинии дар доираи аксияи “Рӯзноманигорони фахрӣ дар таваҷҷуҳ ва эҳтиром” ба муносибати 70-солагии зодрӯз ва 50-умин солгарди фаъолияти эҷодии эҷодкорони булунғурӣ, узви Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон Холбой Қосимов баргузор шуд. Ин нишасти адабию маърифатӣ бо номи «Эҷод, заҳмат, масъулият ва эътироф» зимни муаррифии китоби «Қадрият»-и нависанда гузаронида шуд.
Дар вохӯрии эҷодӣ узви Сенати Олий Маҷлис, рӯзноманигори хидматнишондодаи Ӯзбекистон Ф.Тошев, ҳокими ноҳияи Булунғур С.Астонов, раиси шуъбаи вилоятии Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон А.Ҳайдаров иштирок намуда, ҷиҳатҳои хоси ашъор ва фаъолияти эҷодии Х.Қосимовро эътироф карданд.
