Ба як ходими шӯъбаи бюрои иҷрои ҳатмӣ баррасии то 130 ҳуҷҷат роҷеъ ба масъалаҳои алимент, баргардондани қарзи бонкҳо, пардохти андоз ва ғайра рост меояд. Дар ин бора дирӯз роҳбари Садорати вилоятии бюрои иҷрои ҳатмӣ ҳангоми нишасти матбуотӣ маълумот дод.
— Имрӯз мехостам дар бораи корҳое, ки Садорати вилоятии Бюрои иҷрои ҳатмӣ дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ анҷом додааст, маълумоти мухтасаре диҳам, — гуфт дар оғози суханронии худ сардори Садорати бюрои иҷрои ҳатмии вилояти Самарқанд С. Ҷабборов. — Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 24‑уми ноябри соли 2020 «Дар бораи чораҳои боз ҳам такмил додани низоми иҷрои ҳуҷҷатҳои судӣ ва ҳуҷҷатҳои дигар органҳо» ва дар асоси фармону супоришҳои Прокурори генералӣ ва директори бюро, инчунин талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа дар тамоми самтҳои асосии фаъолият корҳои муайян анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, дар зарфи 6 моҳи гузашта, аз ҳисоби органҳои вилоятӣ ва шӯъбаҳои шаҳриву ноҳиявӣ ин бюро аз рӯи 66873 ҳуҷҷат ҷамъ ба маблағи 5,7 триллион сӯмина дар натиҷаи ба амал татбиқ намудани чораҳои бюрои ҳатмӣ 3 триллион сӯм, оиди 30690 ҳуҷҷатҳои иҷро қарори ҷамъбастӣ қабул карда, дар амал зиёда аз 1,5 триллион сӯм рӯёнида шуданд.
Дар анҷуман таъкид гардид, ки масъалаи дигари муҳим вазъи ситонидани алимент мебошад. Аксарияти модароне, ки барои фарзандони ноболиғашон алимент мегиранд, ҷавонзанонро ташкил мекунанд. Дар ин муддат ба занҳои алиментталаб 63,4 миллиард сӯм пули алиментро рӯёнида доданд. Дар ин бобат бо ҳафтгонаи маҳаллаҳо ҳамкорӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Дар натиҷаи ҳамкорӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ низои байниҳамдигарии 6017 оилаҳои ҷавон бартараф карда шуда, онҳо ба идомаи ҳаёти якҷоя шурӯъ карданд.
Дар рафти анҷуман, инчунин дар бораи баргардонидани қарзи бонкҳо, корҳои пурсуҷӯ ва амалиёти маъмурӣ, фаъолияти шаффофи ходимони бюро ва ғайра сухан рафт ва бо саволу ҷавобҳо ба анҷом расид.
Б.ҶУМЪАЕВ.
