Хонед, аҷиб!
Тӯтиҳо намудҳои аз қадимтарини паррандагон мебошанд. Тӯтиҳо бо вуҷуди гузаштани ҳазорон сол намуди зоҳирии худро ҳифз кардаанд.
Ҳоло зиёда аз 600 намуди тӯтиҳо мавҷуданд ва дар ҷангалзорҳои минтақаҳои тропикии Осиёи Ҷанубӣ, Африқои Шимолӣ ва Австралия зиндагӣ мекунанд.
Тӯтиҳо умри дароз мебинанд. Онҳо ба ҳама гуна шароит зуд мутобиқ мешаванд. Бинобар ин баҳрнавардҳо тӯтиро бо худ ҳамроҳ кардаанд. Ранги ин паррандагон равшан ва хос аст.
Тӯтӣ гарчанде паррандаи тропикӣ аст, вале дар асирӣ ва ҳавои сард низ худро хеле хуб ҳис мекунад.
Тӯтиҳо паррандагони хеле ҷасур ва боэътимод мебошанд. Агар хатар ба миён ояд, фавран муттаҳид шуда, ба бартараф кардани он шурӯъ мекунанд.
Тӯтиҳо мева, навда, чормағзи хурмо, анҷир ва меваҳои дигарро мехӯранд. Онҳо мисли маймун аз шох ба шох парида, ғизо меҷӯянд. Вақти аз шох ба шох ҷаҳидан аз нӯлу пояшон истифода мебаранд. Агар шумо ягон бор хӯрок хӯрдани тӯтиро дида бошед, медонед, ки он пойҳои худро ҳамчун даст истифода мебарад. Хӯроки интихобкардаашро дар чанголаш мегирад ва бо завқ мехӯрад.
Тӯтиҳо лонаҳои худро дар сӯрохиҳои дарахтон месозанд. Тухмашон сафед аст. Волидон бачаҳои худро хеле муҳофизат ва барои ҷустуҷӯи ғизо ба дур сафар мекунанд. Тӯтиҳо роҳ рафтан намехоҳанд, аммо онҳо хеле хуб меҷаҳанд ва парвоз мекунанд. Тӯтии қобилтарини «сухангӯй» тӯтии хокистарии африқоӣ мебошад, ки яке аз паррандагони донотарин аст.
Мардум аз гуфтугуи тӯтӣ мафтун мешавад: охир, ин як навъ вақтхушӣ аст. Аммо то ҳол барои мо маълум нест, ки ин парранда чӣ гуна ба суханронии инсон тақлид мекунад!
Бархе бар ин боваранд, ки забони тӯтӣ ба далели дарозӣ ва ғафсӣ ва сохтори нотакрораш тавони сухан гуфтан дорад. Шояд худи табиати забонаш ба ӯ имкон медиҳад, ки ҳарф занад, аммо инҳо шартҳои зарурии суханронӣ нестанд. Дигар паррандагони «сухан», масалан, гунҷишкҳои тропикӣ, зоғҳо, забони ғафс ва калон надоранд. Забони қирғиву лочинҳо ба забони ӯ монанд аст, аммо онҳо ҳарф зада наметавонанд!
Шояд аз он сабаб бошад, ки вай нисбат ба дигар паррандагон қобилияти баланди «эҳсосӣ» дорад? Дар омади гап, бисёре аз биологҳо боварӣ доранд, ки тӯтиҳо ва дигар паррандаҳои гуфтугӯкунанда фарқи байни гуфтаҳои худро намедонанд.
Калонтарини тӯтӣ — тӯтии какапо ё бум аст. Баландии он дар ҳолати рост ба 60 сантиметр мерасад. Какапо қариб парвоз намекунад, 20—30 метр ба поён парвоз карда метавонад. Какапоҳо дар Зеландияи Нав дар ҳоли ҳозир коҳиш ёфтаанд. Олимони паррандашинос ҳоло ба зиёд кардани саршумори тӯтии бум машғуланд.
Тӯтиҳо аз куҷо пайдо шудаанд?
