Ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов ҳайати вакилони Ҷумҳурии Мардумии Чин бо сарварии ҷонишини котиби Кумитаи ҳизбии провинсияи Шандун Ван Суйлянро қабул кард. Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки дар солҳои охир ҳамкориҳои байни Ӯзбекистон ва Хитой ба зинаи нав баромадааст. Ба ин мулоқотҳои мунтазами дутарафа, муносибатҳои дӯстона ва бовариноки сарварони давлатҳо низ кӯмак мерасонанд. Ин муносибатҳои дуҷонибаро дар ҳама соҳаҳо ба дараҷаи шарикии стратегӣ бароварданд.
Дар ҳайати вакилони Хитой узви Комиссияи тараққиёт ва ислоҳотҳои провинсияи Шандун Чен Юе ҳам омад. Вай акнун дар вазифаи мушовири ҳокими вилояти Самарқанд оид ба масъалаҳои инкишофи саноат кор мекунад. Дар ин хусус моҳи декабри соли гузашта, ҳангоми ташрифи аввалини ҳокими вилоят ба Ҷумҳурии Хитой ба мувофиқа расида буданд.
Эркинҷон Турдимов ба котиби Кумитаи ҳизби коммунистии провинсияи Шандуни Хитой Лин У миннатдории худро изҳор намуд. Ҷонишини котиби Кумитаи ҳайати провинсияи Шандуни Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Суйлян такмил додани ҳамкориҳоро дар соҳаҳои савдою иқтисодӣ, маданию гуманитарӣ ва сайёҳӣ таклиф кард. Соҳаҳои иқтисодиёти рақамӣ, сохтмони шаҳри ақлнок, логистика ва ғайра аз ин ҷумлаанд.
Ҳокими вилоят қайд намуд, ки самтҳои мазкур аз равияҳои муҳими имрӯзаи аз ҷониби давлатамон дастгиришаванда буда, барои такмил додани онҳо таҷрибаи Шандун зарур мебошад, ки яке аз провинсияҳои пешқадами Ҷумҳурии Мардумии Хитой ба шумор меравад. Соҳаи ҳамкориҳои маданию гуманитарӣ ба гуфтаи Э.Турдимов муносибатҳои ин ду халқи дӯстро боз ҳам мустаҳкамтар месозад.
Ван Суйлян дар ҳайати вакилони калон омода будани роҳбарони 12 корхонаи бузурги Шандун барои сармоягузорӣ ба Самарқандро таъкид намуд. Онҳо бо тадбиркорони вилоят дар форматҳои B2B ва G2B музокираҳоро оғоз намуданд.
Хизмати матбуоти ҳокимияти вилоят.
