Ovozi.uz

Занҳо чанд фоизи номзадҳоро ташкил мекунанд?

Ҳоло ҷараёни тайёрӣ ба интихоботи намояндагони халқ ба парламент ва шӯроҳои маҳаллӣ баргузор мешавад. Интихобот барои ҳар як ҳизб санҷиши калон аст ва баробари ҳамин имконият ва масъулияти бузург дорад. Хусусан, дар интихоботи имсола, ки ба тарзи нав-сохтори омехта мегузарад. Бинобар ин, рақобати байни ҳизбҳои сиёсӣ, муборизаи ғоявӣ боз ҳам ба дараҷаи баланд мебарояд.
Ҳизбҳои сиёсӣ, ки иштирокчии аз ҳама асосии интихобот мебошанд, ҳуҷҷати муҳими чорабини мазкур-­барномаи пешазинтихоботии худро эълон карданд. Инчунин, номзодҳоро ба палатаи поёнии парламент пешниҳод намуданд.
Бояд қайд кард, ки мувофиқи қонунгузории интихобот шумораи занҳо бояд камаш чил дарсади шумораи умумии номзадҳо ба депутатиро ташкил кунанд. Ин ба сиёсати баробарии гендерӣ, ислоҳотҳое, ки барои баланд бардоштани мавқеи зан-духтарон дар ҳаёти давлат ва ҷамъият дар мамлакатамон амалӣ мешавад, мос ва ҳамоҳанг аст.
Қайд кардем, ки ҳар як ҳизби сиёсии дар мамлакатамон буда, номзодҳои худро ба депутатии палатаи поинӣ пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, ҳизбҳо ба депутатии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҳавзаҳои якмандатӣ (сохтори мажоритарӣ) 75 нафар аз рӯи рӯихати ҳизб (сохтори мутаносиб-­пропорсионал)-ӣ 100 нафар, ҳамагӣ 175 нафар номзадро пешниҳод намуданд. Дар байни ин номзадҳо зан — духтарон низ кам нестанд.
43 дарсади номзадҳое, ки Ҳаракати тадбиркорон ва корчаллонҳо — Ҳизби либерал-­демократии Ӯзбекистон, 43,4 дарсади номзодҳое, ки Ҳизби демократии «Эҳёи миллӣ»-и Ӯзбекистон, 44,6 дарсади номзодҳое, ки Ҳизби экологии Ӯзбекистон, 45 дарсади занҳое, ки Ҳизби сотсиал демократии «Адолат», 47,4 дарсади номзодҳое, ки Ҳизби халқӣ -демократии Ӯзбекистон ба депутатии палатаи қонунгузорӣ пешниҳод намуданд, занҳо мебошанд. Ин бошад барои дар диёрамон гузоштани замина роҷеъ ба дастгирии зан ва духтарон, мустаҳкам намудани мавқеи онҳо дар ҷомеа, васеъ кардани иштирокашон дар фаъолияти ҳокимияти давлатӣ асос мешавад.
Ин ҷо бояд қайд кард, ки дар соли 2019 ба палатаи поинии парламент 48 нафар депутати зан интихоб шуда 32, дарсади шумораи умумии депутатҳо ва 25 дарсади аъзои Сенатро ташкил карда буданд.
Дар Ӯзбекистон аввал дар таърихи кишвар дар парламенти миллӣ шумораи занҳо ба дараҷаӣ мос ба тавсияҳое, ки СММ тасдиқ кардааст, расид. Парламенти мамлакатамон аз рӯи шумораи занҳо дар байни 190 парламенти дунё ба ҷои 37‑ум баромад.
Дар парламенти даъвати нав чӣ хел шудани шумораи занҳо ба натиҷаҳои интихоботи имсола вобаста аст. Ба парламент интихоб шудани занҳои фаъол ва ташаббускор барои боз ҳам зиёд шудани саъю кӯшишҳое, ки ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфаатҳои зан ва духтарон нигаронида шудаанд, хизмат мекунад.