Яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни халқҳои ҷаҳон либоси миллии онҳо ба ҳисоб меравад. Вале, мутаассифона, солҳои охир қисми зиёди занону духтарони мо ба пӯшидани либосҳои замонавӣ «Меҳр мондаанд. Ҳоло дар бозорҳои кишварамон либосҳои тангу кушод бисёр аст. Пӯшидани онҳо ба анъанаҳои миллии шарқонаи мо чандон дуруст нест.
Мо дар хусуси талаботи имрӯза нисбати либосҳои миллӣ ва эътибор ба онҳо бо аъзои Иттиҳодияи ҳунармандони шаҳри Самарқанд, дӯзандаи маъруф Мухтасар Маматвалиева сӯҳбат оростем.
— Чӣ ва ё кӣ сабаб шуд, ки ин касби дӯзандагиро интихоб намудед?
— Вақте хонандаи мактаб будам, бо дӯзандагӣ каму беш шавқ доштам. Модарам бисёр мехостанд, ки ман дӯзандагиро интихоб кунам ва либосҳои дӯхтаам дар саросари ҷаҳон фурӯхта шаванд. Умуман гирем, модарам сабаб шуданд, ки ман ба ин ҷода қадамҳои нахустини худро гузорам.
— Омӯхтани ин касб чӣ гуна душвориҳо дорад?
— Ягон чиз худ аз худ ҳосил намешавад, бояд барои ин ҷиддан кӯшиш намоем. Ҳама касб мушкилиҳои худро дорад. Дар ҳамон ҳолат мо ба натиҷаи назаррас ноил мегардем, ки бо сабру таҳаммул дар пайи омӯзиш бошем. Ростӣ, дар аввал ба ман хеле душвор буд, либосҳои дӯхтаам баъзан хуб, баъзан камбудиҳо дошт, вале бо мурури замон маҳоратам сайқал ёфт. Пас аз чанд соли омӯзиши ин касб мо дар давлатҳои дигар либосҳои худро намоиш додем ва ман ба Ҳиндустон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон рафтам. Нақшаҳои зиёде дорам ва мехоҳам дар кишварҳои рушдкардаи Аврупо низ либосҳои миллии мо ба намоиш гузошта шаванд ва манзури ҳамагон гарданд.
— Мавқеи дӯзанда дар ҷамъият дар кадом сатҳ аст?
— Чӣ тавре ки гурусна ба таом ниёз дорад, инсон ҳам ба либосу пӯшокиҳо эҳтиёҷ дорад. Либос зеби инсон аст. Метавонед аз тарзи либоспӯшии инсон баъзе хислатҳои ӯро муайян созед. Дӯзандаҳо низ мисли соҳибони касбҳои дигар дар ҷомеа мавқеъи хоси худро доранд.
— Шумо аз интихоби касби худ пушаймон нестед?
— Не, албатта. Агар либосҳои офаридаамро, дар тани занон ё духтарон бинам, фахр мекунам. Меҳрам нисбат ба ин соҳа боз ҳам зиёдтар мешавад. Ҳоло зиёда аз 100 шогирд дорам ва ҳар яки онҳо бо истеъдоду малакаи худ бо дӯхтани либосҳои миллии нав ба нав машғул ҳастанд. Барои пешравии ҷамъият хизмат кардан бароям ифтихор аст. Мехоҳам қадри либоси миллиро боз ҳам болотар бардорам. Зеро либоси миллӣ ба зебогии ҳар яки занону духтарон ҳусни иловагӣ мебахшад.
Шаббода АСОМИДДИНОВА.
