Ovozi.uz

ӮЗБЕКИСТОНИ НАВИ ОЗОД, ФАРОВОН ВА СОҲИБҚУДРАТРО ЯКҶОЯ МЕСОЗЕМ!

Ҳаракати соҳибкорон ва корчаллонҳо — Ҳизби либерал-­демкоратии Ӯзбекистон дар воқеаи муҳими сиёсии мамлакат — интихоботи Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва шӯроҳои маҳаллӣ, ки 27-уми октябри соли равон гузаронида мешавад, таҳти шиори «Ваъда не — натиҷа, пагоҳ не — имрӯз» бо ғояҳои нав, нигоҳҳои нав иштирок мекунад.
Барои ҳамагон маълум аст, ки Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар таҳрири нав, ки бо иродаи халқи мо 30-юми апрели соли 2023 бо роҳи гузаронидани референдум қабул гардид, барои бунёди Ӯзбекистони Нав заминаи мустаҳками ҳуқуқиро ба вуҷуд овард.
Бар асоси ин, Ҳизби либерал-­демократии Ӯзбекистон (ҲЛДӮз) баҳри рӯзгори фаровони аҳолӣ, аз таълим ва тибби босифат баҳраманд гардидани фарзандонамон, ҳаёти хушбахтонаи бонувон ва собиқадорон, таъмини фаровонии дастархони мардум тавассути Барномаи нави интихоботӣ, ки барои панҷ соли минбаъда пешбинӣ шудааст, 500 вазифаро аз рӯйи 5 мақсади аниқ муқаррар намудааст.
I. ТАВАССУТИ РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДӢ БА ФАРОВОНИИ ҲАР ЯК ИНСОН, ОИЛА ВА ҶАМЪИЯТ НОИЛ МЕГАРДЕМ
ҲЛДӮз то соли 2030 барои ба 160 миллиард доллар расонидани ҳаҷми маҳсулоти дохилии умумӣ ва ба 4 ҳазор доллар баровардани даромаде, ки ба сари ҳар як аҳолӣ рост меояд, аз таҳти дил ҳаракат мекунад.
Ҳизб барои ба мамлакати соҳибкорон табдил додани Ӯзбекистон, ба беш аз 3 миллион нафар расонидани корчаллонҳои кишварамон чораҳои заруриро меандешад.
ҲЛДӮз бо мақсади дар панҷ соли оянда андешидани чораҳои зарурӣ бобати ба 85 дарсад расонидани ҳиссаи сектори ғайридавлатӣ дар иқтисодиёт, то 6 баробар кам кардани шумораи корхонаҳои дорои ҳиссаи давлатӣ, инчунин, афзунсозии шаффофият дар харидҳои давлатӣ ташаббусу таклифҳои худро ба миён гузошт. Татбиқи ин ташаббусҳо таъсири давлатро ба иқтисоди миллӣ кам карда, барои созмон додани муҳити рақобати соф, ки ба муносибатҳои бозорӣ асос ёфтааст, имкон фароҳам меорад.
Дар барномаи пешазинтихоботии ҲЛДӮз сода кардани низоми идоракунии андоз, фароҳам овардани шароити одилона барои пардохти андоз, кам кардани иҷозатнома ва рухсатномаҳо барои пеш бурдани тиҷорат пешбинӣ шудааст. Ба масъалаҳои зиёд намудани лоиҳаҳои шарикии давлатӣ ва хусусӣ дар хоҷагии об, экология, энергетика ва дигар соҳаҳо эътибори алоҳида дода мешавад.
Асосҳои ҳуқуқӣ, ки ба макони боз ҳам мусоиди сармоягузорӣ табдил додани Ӯзбекистон нигаронида шудааст, такмил меёбад. Саъю ҳаракат барои васеъсозии имкони вуруди соҳибкорон ба бозорҳои хориҷӣ, аз ҷумла суръат бахшидан ба узвияти Созмони ҷаҳонии тиҷорат дастгирӣ карда мешавад.
Масъалаҳои васеъсозии соҳаи сайёҳӣ, ки яке аз драйверҳои иқтисод ба шумор меравад, таҳияи стратегияи «Агротуризм — 2030», рушди сайёҳии экологӣ дар соҳилҳои Арал низ дар маркази таваҷҷуҳи ҳизб қарор дорад.
Бобати ба дороии воқеии бозор табдил додани қитъаҳои замини барои кишоварзӣ пешбинишуда, тақсим карда фурӯхтани ҳуқуқи иҷора, такмилдиҳии пойгоҳи қонунии ба сифати предменти гарав истифода намудани он, ривоҷдиҳии иқтисодиёти рақамӣ, инноватсияҳо, фароҳам овардани шароитҳои ҳуқуқӣ ва молиявӣ баҳри рағбатноксозии истифодаи судманди интеллекти сунъӣ пешниҳодҳои ояндадор ба миён гузошта мешавад.
Барои пурзӯр намудани корҳо оид ба коҳиши камбизоатӣ, ҳар сол ташкил кардани на камтар аз 500 ҳазор ҷойҳои кории доимӣ, фароҳам овардани шароит барои меҳнати сердаромад ба аъзои як миллион оила, панҷ баробар зиёд намудани доираи бозомӯзии касбу ҳунар тавассути роҳандозии фаъолияти мономарказҳо ва муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, ба як миллион шаҳрвандон бозомӯзии касбҳое, ки дар бозори меҳнат талаб зиёд аст, дар назар мебошад. Дар натиҷа ба дараҷаи поинтарин фаровардани сатҳи бекорӣ имконпазир мегардад.
Боз як ғояи муҳим — бо андешидани тамоми чораҳои зарурӣ аз рӯи ба 45 миллиард доллар расондани ҳаҷми арзиши иловашуда дар саноат ва таъсиси 2,5 миллион ҷойҳои кории сердаромад вобаста мебошад.
II. ТАЪЛИМ ВА ТИББИ БОСИФАТ, ҲИФЗИ ПУРЗӮРИ ИҶТИМОИРО ТАЪМИН МЕКУНЕМ
Дар таҳрири нави Сарқонун чун «давлати иҷтимоӣ» эълон гардидани Ӯзбекистон, маҷбуриятҳои иҷтимоии онро се баробар зиёд кард.
Бо дарназардошти ин, дар панҷ соли оянда аз барномаи мо вазифаҳои ба 100 дарсад расонидани сатҳи фарогирии фарзандонамон бо таълими томактабӣ, андешидани чораҳо бобати 2 баробар зиёд кардани музди миёнаи меҳнати кормандони педагогӣ, ҷорӣ кардани рағбатҳои иловагӣ барои афзунсозии мактабҳои ғайридавлатӣ ҷой гирифтааст.
Такмилдиҳии системаи таълими касбӣ дар асоси стандартҳои байналмилалӣ, то соли 2030 ба 50 дарсад расонидани фарогирии хатмкунандагон бо таълими олӣ дар назар аст. Инчунин, то соли 2030 то 10 баробар зиёд кардани ҳиссаи маблағҳо, ки ба илм равона карда мешаванд, пешниҳод мегардад.
Дар соҳаи тиб ба масъалаи то соли 2030 ду баробар зиёд намудани маблағҳои солонаи ҷудошаванда, ба пуррагӣ ҷорӣ намудани низоми суғуртаи тиббӣ, содда кардани тартиби литсензия ва рухсатномадиҳӣ ба муассисаҳои тиббии ғайридавлатӣ эътибори алоҳида дода мешавад.
Дар барномаи мо бо хонаву ҷойи мақбул таъмин намудани шаҳрвандон, бахусус, бо ҷудо кардани маблағҳои зарурӣ ва ҷалби васеи сектори хусусӣ бунёди хонаву ҷойи дорои як миллион хонадон ҷой гирифтааст. Ба манзилнокӣ ва натиҷадории ҳифзи иҷтимоӣ эътибор медиҳем. Боз ҳам соддатар кардани раванди муқаррар намудани ногироиро пешниҳод менамоем. Ташаббусҳоро бобати дастгирии манзилноки тоифаҳои аҳолии нисбатан камдаромад, бахусус, то ба се баробари миқдори камтарини музди меҳнат кам кардани даромади андози шаҳрвандони маошгирандаро пеш мебарем.
Пешниҳод мекунем, ки меъёрҳои иҷтимоӣ аз рӯйи истеъмоли барқ дар асоси мезонҳои мавсимӣ, ҳисоби хонадон ва қарор доштан дар реестри ҳифзи иҷтимоӣ роҳандозӣ гардад.
Дар барномаи мо масъалаҳои боз ҳам мустаҳкам кардани мавқеи зан ва духтарон дар ҷомеа, дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкории онҳо, ҷорӣ кардани системаи суғурта намудани бонувони кӯдакдор аз бекорӣ пешбинӣ шудааст. Инчунин, барқарор намудани саломатии пиронсолон ва масъалаҳои марбут ба таъмини истироҳати бомазмуни онҳо ҳамеша мавриди эътибор қарор мегиранд.
III. БАРОИ АҲОЛӢ ШАРОИТҲОИ МУСОИДИ МУҲИТИ ЗИСТРО ФАРОҲАМ МЕНАМОЕМ
Солҳои охир дар мамлакати мо бобати беҳсозии вазъияти экологӣ, таъмини бехатарии экологӣ, пешгирии таъсири зараровари партовҳо ба саломатии инсон, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, афзунсозии сифати вазъи санитарӣ пайваста чорабиниҳои маҷмӯӣ амалӣ мегарданд.
Бинобар ин, мо таҳияи лоиҳаи Кодекси обро суръат мебахшем. Пешниҳод мекунем, ки панҷоҳ фоизи хароҷоти хоҷагиҳои фермерӣ, ки дар тамоми майдонҳои кишти худ технологияҳои сарфаи обро ҷорӣ мекунанд, пӯшонда шавад.
Ҳизб бо мақсади роҳандозии стандарти ягона нисбат ба таркиби об ташаббуси татбиқи лоиҳаи «Оби тоза»-ро ба миён мегузорад. Ғайр аз ин, пешниҳод мекунад, ки ба шаҳрвандон барои гузоштани филтрҳои об дар хонаводаҳояшон кредитҳои имтиёзнок ҷудо карда шавад.
Дар барномаи мо ба афзунсозии энергетикаи «сабз» аҳамияти устувор дода шудааст. Дар ҷумҳурӣ энергияи муқобилро 2,5 баробар зиёд карда, ба 40 дарсад расонидани саҳми он дар барқи умумӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар саноат созмони бозори «сертификатҳои сабз», афзунсозии самарадории барқ дар сохтмон, васеъ ҷорӣ кардани амалиёти агроволтаикаҳо дар кишоварзӣ пешниҳод мегардад.
Ташаббусҳоро аз рӯйи беҳсозии ҳавои тамоми минтақаҳо, чун қабули барномаи миллии «Мусаффо ҳаво — 2030» зиёд кардани майдонҳои сабз, ривоҷдиҳии инфрасохтори зарурӣ барои нақлиёти аз лиҳози экологӣ тоза пешбарӣ менамоем.
IV. ДАВЛАТИ АДОЛАТПАРВАР ВА ЗАМОНАВИИ БА ХИДМАТИ ХАЛҚ КАМАРБАСТАРО БУНЁД МЕКУНЕМ
Мақомоти давлатӣ бояд воситаи самарабахше дар хидмати халқ бошанд. Барои боз ҳам мустаҳкам намудани принсипҳои «Қонун ва адолат устувор», «Ба ҷиноят ҷазо муқаррар» дар ҷамъият, ба идораҳои танҳо дар роҳи манфиати халқ хидматкунанда табдил додани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тамоми нерӯ ва имкониятҳои худро сафарбар менамоем.
Бо мақсади обод кардани маҳаллаҳо, беҳсозии сатҳи зиндагонии аҳолӣ, 3 баробар зиёд кардани маблағҳоеро, ки барои «Буҷети ташаббуснок» ҷудо мегарданд, ба тартиби рӯзи худ медарорем.
Ба сифати давлати халқпарвар устувории қонун, суди одилона ва таъмини адолат дар маркази эътибори мо хоҳад шуд. Бахусус, ташаббуси татбиқи «ҳуқуқи претседенти суд», дар асоси илтимоси ҷабрдида бидуни боз намудани кори ҷиноӣ имкони оштӣ шуданро пешбарӣ мекунем.
Аз рӯйи таъмини дахлнопазирии ҳаёти шахсии шаҳрвандон, ҳимояи амвол ва маблағҳои онҳо аз фиребгарон ва киберҷинояткорон пешниҳодҳои амиқро таҳия мекунем. Фаъолияти адвокатҳо бобати таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунӣ такмил дода мешавад.
Мувофиқи ислоҳоти конститутсионӣ, ҲЛДӮз ҷонибдори он аст, ки боздоштани амалиёти субъектҳои соҳибкорӣ аз рӯи суратҳисобҳои бонкӣ танҳо ба тариқи суд татбиқ карда шавад ва ин дар сатҳи ҳуқуқӣ муайян гардад.
Ҳизби мо раванди таъмини озодии сухан ва рушди системаи мустақили матбуоти ғайридавлатиро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад.
Пайваста идома додани муборизаи шадидро бар зидди коррупсия, дар ин самт қабули Стратегияи миллӣ, ки то соли 2030 пешбинӣ шудааст, зарур меҳисобем.
V. СУВЕРЕНИТЕТ ВА БЕХАТАРИИ МАМЛАКАТАМОНРО КАФОЛАТ МЕДИҲЕМ
Дар натиҷаи саъю ҳаракати Президент Шавкат Мирзиёев барои рушди муносибатҳои дӯстона, наздики ҳамсоягӣ ва мутақобилан судманд бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, дар минтақа мулоқоти сиёсӣ ва боварии байниҳамдигарӣ мустаҳкам гардид ва доираву ҳаҷми муносибатҳои манфиатовари байниҳамдигарӣ афзуд.
Ба ин маъно, мо ба давом додани сиёсати ошкоро, прагматикӣ ва фаъоли хориҷӣ хайрхоҳем. Дар ин бобат ҳизб позитсияи қатъии худро дорад ва танҳо дар асоси манфиатҳои миллии халқамон роҳандозӣ гардидани сиёсати хориҷии Ӯзбекистони Навро мехоҳад.
Дар навбати худ, аз ҷиҳати сифат ба зинаи баландтар бардоштани ҳамкориҳо дар соҳаҳои бехатарӣ, тиҷорату иқтисодӣ, об, энергетика ва нақлиёт, фарҳангиву гуманитарӣ дар Осиёи Марказӣ дар маркази эътибори ҳизби мо қарор дорад. Бахусус, тарафдори давом додани корҳои пайваста аз рӯйи таъмини тинҷиву осоиштагӣ дар замини Афғонистони ҳамсоя ҳастем.
Барои ҳизб дар пешбарии сиёсати хориҷии мамлакат пурзӯрсозии дипломатияи иқтисодӣ аҳамияти муҳим дорад. Дар ин самт, ҷалби васеи сармоя ва сармоягузорон, зиёд кардани шумораи сайёҳон ва тарғиби фаъоли имиҷи Ӯзбекистон вазифаи асосии намояндагони дипломатӣ маҳсуб меёбад.
ҲЛДӮз бо такя ба беш аз 1 миллиону 600 ҳазор аъзоён, инчунин, бисёр ҳамватанонамони хайрхоҳи ғоя ва мақсадҳои асосии худ, боварӣ дорад, ки дар интихоботи оянда муваффақ мегардад.
Барои мо муҳимтар аз ҳама: Ваъда не — натиҷа, пагоҳ не — имрӯз!
Боварӣ дорем, ки тарафдорони ҳизб ва намояндагони электорат рӯзи 27-уми октябр ба ҷонибдорӣ аз ҲЛДӮЗ ва номзадҳои он овоз медиҳанд!

Мавлуда ХОҶАЕВА,
Сардор ҒИЁСОВ,
ҷонишинҳои раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои сиёсии ҲЛДӮз.