Ovozi.uz

Накӯ ном ёфта аз омӯзгорӣ…

Агар барои қолини сабзу рангин ба бар намудани замин баҳор лозим бошад, пас барои ҳарҷониба инкишоф ёфтани инсон, муаллим чун рамзи баҳор аст. Оре, бе заҳмати омӯзгор кас наметавонад аз доираи тафаккури маҳдуд берун гашта, оламу одамро шиносад. Ин аст, ки аз қадимулайём бузургони илму адаб ба устод эҳтироми хоса дошта, дар симои муаллим шахси донишманду фозил ва равшанзамиру барнодилро медиданд. Муаллимаи собиқадор, бонуи меҳнатқарин, модари ғамхор Матлуба Нарзуллоева аз зумраи чунин муаллимаҳои хирадманду дарёдил мебошад, ки ҳоло дар иҳотаи фарзанду наберагон гашти пирӣ меронад.
Матлуба Нарзуллоева 10‑уми апрели соли 1957 дар маҳаллаи Андиҷонии ноҳияи Самарқанд таваллуд шудааст.
Соли 1964 таҳсили ибтидоиро дар мактаби таълими умумии рақами 39‑и зодгоҳ мегирад. Соли 1975 мактабро хатм карда, ба факултети филологияи тоҷику ӯзбеки Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҳуҷҷат месупорад ва орзуяш ҷомаи амал мепӯшад. Баробари таҳсил дар омӯзишгоҳи рақами 149‑и ноҳияи Тайлоқ фаъолият пеш мебарад.
М. Нарзуллоева пас аз хатми донишгоҳ фаъолияти меҳнатиро дар мактаби таълими умумии рақами 41‑и ноҳия оғоз карда, то синни нафақа дар ин ҷо ба фарзандони аҳли гузар асрори илм омӯхт.
Баъди ба нафақа баромадан, тӯли солҳо ба ҳайси директори Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Янги аср матбуоти» фаъолият пеш бурд.
М. Нарзуллоева соли 1977 риштаи ҳаёти худро бо марди фозилу ориф, донишманду маърифатпарвар, номзади фанҳои филология, дотсент Ғафурҷон Маҳмудов пайваст.
Матлуба Нарзуллоева баробари корҳои рӯзгор ва тарбияи фарзандон ба таълими наврасон низ эътибор медод. Мекӯшид, ки ҳам кори рӯзгор ва ҳам омӯзгориро баробар, сарбаландона пеш барад ва аз ӯҳдаи ин низ мебаромад. Бо ҳисси масъулиятшиносӣ корро оғоз карда, ба дарсҳо ҳаматарафа омодагӣ медид. Пайваста барои такмили донишу маҳорати касбӣ ҳаракат мекард. Ба самти дуруст роҳнамун сохтани хонандагон, кашфи истеъдоди нуҳуфтаи мактаббачагон, бо маърифати баланду донишҳои замонавӣ мусаллаҳ намудани онҳо ва баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгоронро аз муҳимтарин вазифаҳои хеш медонист.
Маъмурияти мактаб фидокорӣ ва меҳнати сидқидилонаи муаллимаро қадр карда, фаъолияти ӯро доим барои омӯзгорони ҷавон намунаи ибрат нишон медод. Ин буд, ки дар давоми фаъолияти нимасринаи худ шогирдони зиёдро тарбия кард ва ҳоло аксари онҳо дар соҳаҳои гуногун меҳнат мекунанд. Дар иди касбӣ, ҷашну зодрӯзҳо ҳамеша ба дидори муаллимаи меҳрубони худ мешитобанд. Бо гулу гулдастаҳо иду ҷашнҳояшро шодбош мегӯянд.
Бонуи оқила, фарҳангдӯст, худшинос, адаб­парвар М. Нарзуллоева баробари ҳаёти шахсӣ, дар фаъолияти меҳнатӣ низ ба муваффақиятҳо ноил гардидааст. Ҳамчун омӯзгори ботаҷриба дар чопи «Китоби хониш», ки барои хонандагони синфҳои 1 ва 3‑и мактабҳои тоҷикӣ пешбинӣ шудааст, саҳми арзанда гузоштааст. Хизматҳои шоистаи муаллимаи заҳматписанд аз ҷониби ҳукумат борҳо эътироф гардидааст.
Соли 1998 Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон гардида, бо нишонҳои сарисинагии «Ӯзбекистон мустақиллигига 15 йил» (2006) ва «Ӯзбекистон мустақиллигига 25 йил» (2016), инчунин бо нишони сарисинагии дараҷаи II — «Меҳнат фахрийси» (2020) мукофотонида шудааст, ки ин ҳама барои ҳар як зан бахти бузург мебошад.
Ғафурҷон Маҳмудов ва Матлуба Нарзуллоева тӯли солҳои зиндагӣ ҳамфикру ҳаммаслак шуда, 5 нафар фарзанди оқилу доно ва соҳибмаълумот — Азизҷон, Акбар, Манзила, Олима ва Камоларо тарбияи хуб доданд. Онҳо имрӯз дар соҳаҳои гуногун кор мебаранд ва ҳама соҳиби касбҳои намунавӣ ҳастанд. Омӯзгори асилу меҳрубон Матлуба Нарзул­лоева имрӯз дар канори набераҳои ширину абераҳои дилбанд гашти пирӣ меронад. Аз ин рӯ, вай 15-уми майи соли ҷорӣ дар рӯзи байналмилалии оила яке аз нахустин ҷоизадорони нишони сарисинагии «Оилаи ибратнок» дар кишварамон шуд.
Имрӯз дар ноҳия ҷойе агар сӯҳбат атрофи бонувони шинохтаву баобрӯи Самарқанд равад, пеш аз ҳама аз муаллима М.Нарзуллоева ёдовар мешаванд. Ӯ ба ҳайси як чеҳраи мондагор натанҳо дар соҳаи таълим ва матбуот, чун муаллимаи фидокор номи накӯ ёфт, балки дар дилу дидаи мардуми ин ноҳия низ маъво гирифтааст.
Албатта, дар замири ин ҳама эҳтиром, эътибор ва эътироф, пеш аз ҳама меҳнати шоиста, ҳалолкорӣ, инсондӯстӣ, қадршиносӣ барин хислатҳои ҳамида ниҳон аст, ки ҳама дар симои ин бонуи арҷманд муҷассам гаштааст.

Шаҳло АҲРОРОВА,
узви Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон.