Мо ҳама дар остонаи як раванди бузурги сиёсӣ — интихоботи намояндагон ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва Шӯроҳои маҳаллӣ қарор дорем. Дар Ӯзбекистони Нав бори аввал интихобот дар низоми нави омехта баргузор мешавад.
Ҳизби Халқии Демократӣ, ки аввалин шуда дар кишварамон таъсис ёфтааст, дар тамоми интихоботҳои таърихи давлатдории мо ширкат варзида, беш аз 700 ҳазор аъзо дошта, аз рӯзҳои аввали маъракаи пешазинтихоботӣ бо интихобкунандагон ба мулоқоти фаъолона даромаданд.
Ҳизб 75 номзад ба депутатии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлисро дар ҳавзаҳои якмандатӣ (системаи мажоритарӣ) ва 100 номзадро аз рӯи рӯйхати ҳизбӣ (системаи пропорсионалӣ) пешбарӣ кардааст. Дар ин ҷо ба сифати ҳайати номзадҳо, хусусан, дар интихоб ба дорои таҷриба будан, обрӯю эътибор доштан дар байни мардум, босалоҳият, донишманд, замонавӣ будани номзадҳо эътибори махсус дода шуд.
83 нафар (47,4 дарсад)-и номзадҳо бонувон буда, ҳамаи 175 нафар пешниҳодшудагон соҳиби маълумоти олӣ мебошанд. Ғайр аз ин, Ҳизби Халқии Демократи Ӯзбекистон ба Жӯқорғи Кенгеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, Шӯроҳои намояндагони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, ноҳия (шаҳр)-ҳо 5695 номзад пешниҳод кард, ки 2415 нафар (42,4 дарсад)-и онҳоро бонувон ташкил медиҳанд.
Ҳизби Халқии Демократии Ӯзбекистон бар асоси стратегияи интихоботии худ хона ба хона гашта, ба беш аз 1 миллион хонавода даромад, андешаҳои ҳизбро ба ҳар интихобкунанда расонидан ва пешниҳоди онҳоро шуниданро мақсад кардааст. Дар ин бора хизмати гурӯҳи волонтёрон иборат аз тақрибан 3500 нафар ҷавонон ва фаъолон калон мебошад. Онҳо якҷоя бо ташкилотҳои ибтидоии партиявӣ ба интихобкунандагони ҳамаи вилоятҳо маводҳои чопӣ роҷеъ ба Барномаи пешазинтихоботии ҳизб ва номзадҳо ба депутатиро мерасонанд.
Фаъолон ва номзадҳои пешбаришудаи ҳизб дар ҳудудҳо бо интихобкунандагон вохӯриҳои рӯ ба рӯ ва гуфтугӯҳои кушод ташкил мекунанд.
Вохӯрии самимона дар Қароқалпоқистон
Яке аз мулоқотҳои бошукӯҳ дар ноҳияи Элликқалъаи Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ташкил гардид. Вохӯрие, ки дар филиали Донишкадаи давлатии педагогии Нуқус бо рӯҳияи болида баргузор гардида, бо донишҷӯён мулоқоти кушод гузаронида шуд. Дар бораи барномаи пешазинтихоботии ҳизб ва пешниҳодҳои вобаста ба ҷавонон маълумоти муфассал дода шуд. Ҷавонон, ки бо ташаббусҳои марбут ба худашон шинос шуданд, аз Ҳизби Халқии Демократӣ ҷонибдорӣ карданашонро маълум карданд.
Шамурат Аманбаев, пажӯҳишгари мустақил:
— Ба ман пешниҳодҳои ҳизб оид ба захираҳои об писанд омад. Зеро об барои мо масъалаи ҳаётан муҳим аст. Мо ҳар як таклифу ташаббуси ба он дахлдоштаро дастгирӣ мекунем.
Захираҳои обро дар асоси тамоюлҳои бозорӣ баҳо додан, арзиши иқтисодии онҳоро муайян намудан ва барои истифодаи об пардохтҳоро ҷорӣ кардан муҳим мебошад. Ин ба истифодаи самараноки захираҳо мусоидат мекунад.
Инчунин, барои маблағгузории хоҷагии об аз грантҳо ва қредитҳои байналмилалӣ истифода бурдан лозим аст. Он ҳифз ва идоракунии захираҳои обро таъмин менамояд.
Дар як майдон — сӯи як мақсад
Дар чорабинии оммавии дар ҳавои кушод гузаронидашудаи Сурхондарё ҳазорон нафар интихобкунандагон ҷамъ омада буданд. Мазмуни ғояю ташаббусҳоеро, ки дар барномаи пешазинтихоботии ҳизб дохил шудаанд ва онҳо барои чӣ хизмат мекунанд, бо забони соддаю равон ба одамон фаҳмонида шуд.
Қайд гардид, ки ҳизбҳои сиёсӣ ба интихоботи имсола бо муносибати нав ворид шудаанд, ки чунин вохӯриҳои рӯбарӯ ба таҳкими эътимод байни ҳизбҳои сиёсӣ ва интихобкунандагон хизмат мекунанд.
Робия Абдураҳмонова, муаллим:
— Ман се фарзанд дорам. Рости гап, дар чунин чорабинии оммавии марбут ба интихобот бори аввал аст, ки иштирок мекунам. Дар ин чорабинӣ мо пешниҳодҳои барномаи ҳизбро шунидем. Шахсан ба ман ғояи вақти барои нигоҳубини кӯдак рафтаи модаронро ба собиқаи корӣ илова кардан хеле маъқул шуд.
Агар пешниҳоди имрӯз шунидаам амалӣ мегардид, бисёр занону модарон қаноатманд мешуданд. Зеро модарон барои фарзандон аз баҳри худ мебароянд, умри худро ба онҳо мебахшанд. Он фарзандон ба давлат хизмат мекунанд. Як рӯз ба ҷомеа нафъи онҳо расад, ин натиҷаи меҳнати падару модарон аст.
Ман боварӣ дорам, ки ин пешниҳод ба хотири гиромидошти модарон, ташвиқи модарӣ ва қадр кардани фидокории онҳост.
Зулхумор Хидирова, номзад ба Шӯрои вилоятии Сурхондарё:
— Ғояву ташаббусҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократӣ бо мисолҳои ҳаётӣ баён карда шуд. Ҳадафи асосии ҳизби мо аз ғояҳои расидан ба баробарии иҷтимоӣ ва адолат дар ҷомеа, ҳаққи хушбахтона зиндагӣ карданро доштани ҳар як инсон ва ҳуқуқу манфиатҳои ӯ бояд дар ҳама соҳаҳо баробар ҳифз карда шаванд, иборат мебошад.
Аз будани пешниҳоди имтиёз додан ба пардохти ҳармоҳа ба кӯдакистонҳои давлатӣ барои фарзандони оилаҳои ниёзманд дар Барномаи пешазинтихоботии ҳизбамон дар навбати аввал модаронро шод мекунад. Агар ба ин гуна оилаҳо барои пардохт сабукӣ дода шавад, пеш аз ҳама, падару модарон барои омӯхтани касбу ҳунар, кор кардан, ба даст овардани даромади барқарор, ба роҳ мондани шароити оила имконияти васеъ пайдо мекунанд. Боз як ҷиҳати муҳим он аст, ки кӯдакон бе назорат намемонанд, таълиму тарбияи онҳо низ аз назар барканор намемонад.
Аз ин рӯ, ман ин пешниҳоди ҳизбамонро барои ҷомеаи мо хеле мувофиқ ва ҳаётан зарур мешуморам.
Паҳлӯ ба паҳлӯ бо намояндагони электорат
Вохӯрӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тошканд ба номи Низомӣ бо равиши нав ва доираи васеъ ташкил карда шуд. Сардорону фаъолони Ҳизби халқии демократӣ бо омӯзгорону педогогҳои тарбиятгар ва мураббиёне, ки дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии пойтахти кишвар фаъолият доранд, мулоқот намуданд.
Таъкид карда шуд, ки Ҳизби халқии демократӣ ҷонибдори таълими босифати ҷавонон мебошад. Барои ҳамчун шахси дар ҳаёт ва ҷамъият мавқеъдошта камол ёфтани ҳар як кӯдаки мамлакат зарурати фароҳам овардани имкониятҳои баробар дар тамоми зинаҳои таълим таъкид карда шуд.
Ҷамъомадагон дар навбати худ аз пешниҳоду ташаббусҳои дар барномаи ҳизб воридгардида ҷонибдорӣ намуданд.
Наргиза Аҳмедова, омӯзгор:
— Дар вохӯрӣ мо роҷеъ ба ғояи ба марҳалаи нав баровардани ислоҳоти иҷтимоӣ дар барномаи пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократӣ, аз ҷумла, таъмини баробарии ҳуқуқу имкониятҳо дар соҳаи таълим тасаввуроти кофӣ пайдо кардем.
Шахсан ба ман ташаббуси васеъ татбиқ намудани лоиҳаи иҷтимоии «Мактабҳои беҳдошти саломатӣ» маъқул шуд. Дар ҳақиқат, барои рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон дар зери назорати доимии табибон будан ва ғизои солим хӯрданашон муҳим аст.
Барои дар муҳити хуби таҳсил ва бозомӯзии ҷавобгӯи талаботи замон таълим гирифтан, саривақтӣ таҳти назорати тиббӣ қарор доштани фарзандонамон, мактабҳои мустаҳкамкунандаи саломатӣ лозиманд. Ман чунин пешниҳодҳои халқонаи ҳизбро тарафдорӣ мекунам.
Барномаи мо ба намангониҳо ҳам маъқул
Дар чорабинии оммавии шаҳри Намангон Барномаи нави пешазинтихоботӣ, ки барои тамоми табақаҳои аҳолӣ баробар муфид аст, ба иштирокчиён васеъ шинос карда шуд. Ҳаётӣ будани пешниҳодҳои ҳизб, ки ба ҳаёти иҷтимоӣ дахл доранд, дар бораи нигоҳ доштани роли давлат ҳамчун дигаргунсози иҷтимоӣ аз тарафи интихобкунандагон фаъолона дастгирӣ карда шуданд.
Сайёра Ҳаджимирзаева, номзад ба намояндагии халқи Шӯрои шаҳри Намангон:
— Маълум аст, ки дар Намангон қувваҳои пешқадами истеҳсолӣ мавҷуданд. Аз ин рӯ, ман пешниҳоди барномаи ҳизбро дар бораи ба занон бо роҳи ташкил намудани фаъолияти кӯдакистонҳои оилавӣ дар назди ташкилотҳои истеҳсолӣ, ки ба кори бонувон махсус гардонида шудааст, дуруст мешуморам.
Замони шиддатнок шуд. Дар мамлакатамон таваҷҷӯҳ ба бонувон торафт зиёд шуда, барои таҳсил гирифтан ва касбу ҳунар омӯхтани онҳо ҳавасманд гардонида мешаванд. Ҳам касбу ҳунар доштан ва ҳам кор кардани занҳо ба некӯаҳволии моддии оила мусоидат карда, барои ояндаи фарзандон шароитҳои хуб фароҳам меоварад.
Ба ин маънӣ ташаббуси ба миёнгузоштаи ҳизб ба зиёд кардани имкониятҳои меҳнати бонувоне, ки фарзандони синни кӯдакистонро доранд, хизмат мекунад.
Хулоса, Ҳизби халқии демократӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳуриамон чорабиниҳои таблиғотии пешазинтихоботиро дар рӯҳияи болида мегузаронад.
Намояндагони Ҳизби халқии демократӣ дар ҳар вохӯрӣ роҷеъ ба таъсири интихобот ба ҳаёти ҳар як шахс ҳарф зада, ба тарафдории ҳизб ва номзадҳое, ки барои ҳуқуқу имкониятҳои баробар мубориза мебаранд, ба овоз додан даъват менамояд.
Хизмати матбуоти Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон.
