Имрӯзҳо барои ҳамаҷониба дастгирӣ кардани ҷавонон ва рушди маънавии онҳо аз ҷониби давлатамон як қатор корҳо амалӣ карда мешаванд. Дар асоси банди 8‑уми қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 9‑уми сентябри соли 2021 таҳти рақами 563 аз 1‑уми сентябри соли 2021 дар муассисаҳои таълими олӣ институти «роҳбари гурӯҳ» (куратор) бекор карда шуда, амалиёти ҷорӣ намудани тюторҳо, ки ҳолати маънавию иҷтимоии донишҷӯёни курсҳои 1–3‑ро таҳлил ва дар ҳалли муаммоҳо аз наздик кӯмак менамоянд, роҳандозӣ гардид.
«Тютор» («tutor») дар маъноҳои устод, мураббӣ, инструктор-роҳнамо истифода мешавад. Тютор дар навбати аввал, мутахассиси соҳаи муайян буда, вазифаи асосии ӯ таълими дониш ба донишҷӯ ва нишон додани роҳу равиш мебошад. Ба маънои васеъ бошад, тютор ба донишҷӯ баробари нишон додани салоҳияти худ, хониш ва қабули қарорҳои дуруст дар ҳаётро меомӯзад. Ӯ ба донишҷӯ барои дарки оқибатҳои ҳар як қадам ва пайдо кардани машғулотҳои дӯстдоштаи худ кӯмак мекунад.
Дар ин бора сохтори тютории Донишгоҳи давлатии меъморӣ-бинокории Самарқанд ба номи Мирзо Улуғбек хуб ба роҳ монда шудааст. Дар донишгоҳ барои мазмуннок ташкил намудани вақти холии донишҷӯён 26 маҳфили гуногун ташкил гардидааст. Тюторони донишгоҳ пайваста чорабиниҳои маънавӣ-маърифатиро баргузор менамоянд. Пештар ҳам дарс гузаштан, ҳам бо донишҷӯён кор кардани роҳбари синф баъзе мушкилиҳоро ба миён меовард. Вале ҳоло тютор дарс нагузашта, тамоми эътибори худро ба омӯзиш ва ҳолати иҷтимоии донишҷӯён менигаронад. Аз ҷониби деканати барои тюторон семинар-тренингҳо гузаронида шуда, ҳар ҳафта 1 тютор дарсҳои маҳорати худро ташкил менамояд ва ин самараи хуб медиҳад. Дар ин бора бо сарварии ректори донишгоҳ Чидем Ҷанбай Туркйилмаз таҷрибаҳои ҷаҳонӣ омӯхта ва дар амал ҷорӣ карда мешаванд.
Ҳар як тютор донишҷӯёни гурӯҳҳои ба худ вобастаро ба клуб ва маҳфилҳое, ки дар доираи панҷ ташаббуси муҳим ташкил гардидаанд, ҷалб намуда, барои намоён кардани қобилияти эҷодӣ ва истеъдоди онҳо имкон фароҳам меорад. Дар баробари ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои донишҷӯён, дар фароҳам овардани шароитҳо барои гирифтани таълим бо корҳои илмӣ машғул шудан, зиндагӣ ва истироҳат кардани онҳо кӯмак мекунад. Инчунин, роҷеъ ба ташаккули фазилатҳои пиндори нек, ҳалолӣ, ростгӯӣ ва дигар фазилатҳои ҳамидаи инсонӣ дар донишҷӯён корҳои сохторӣ ташкил гардидаанд. Барои муайян намудани донишҷӯёни соҳибистеъдоду соҳибиқтидор ва иштироки онҳо дар озмуну олимпиадаҳои гуногун, инчунин, амалӣ намудани лоиҳаву стартапҳои онҳо ёрӣ медиҳад.
Хулоса, дар натиҷаи кори индивидуалии тюторон бо донишҷӯён дар онҳо қобилияти ташаббускорӣ бараъло намоён гашта, соҳибистеъдодҳои нав ба нав кашф карда мешаванд.
Л.ТАШАЕВ, тютори Донишгоҳи давлатии меъморӣ-бинокории Самарқанд
