Ovozi.uz

Номзади ҳокими вилояти Самарқанд аз тасдиқ гузашт

Дар сессияи якуми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд, даъвати ҳафтум масъалаи навбатӣ тасдиқи ҳокими вилоят буд.

Тибқи қонунгузорӣ, номзад ба ҳокимӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон тақдим гардида, роҷеъ ба номзади мазкур байни гурӯҳҳои ҳизбҳо машварат гузаронида мешавад.

Ба ин муносибат дар сессия мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Г.Мирзаев иштирок намуда, бо гурӯҳҳои ҳизбӣ оид ба номзад ба мақоми ҳокими вилоят машваратҳо баргузор кард. Дар рафти машварат хабар дода шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон номзадии Э.Турдимовро ба вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд пешбарӣ намудааст.

Номзад ба депутатҳо барномаи худро дар бораи истиқболи рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят пешниҳод кард.

Гурӯҳҳои ҳизбҳо низ дар бораи номзад фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд.

Тибқи моддаи 122-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва моддаи 2-юми Қонун «Дар бораи ҳокимияти маҳаллӣ» бо қарори сессияи якуми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд, даъвати ҳафтум номзади Турдимов Эркинҷон Оқбутаевич ба лавозими ҳокими вилояти Самарқанд аз тасдиқ гузашт.