Маълум аст, Самарқанд аввалин шаҳри кишвари мо ба шумор меравад, ки ба лоиҳаи «Шаҳри сабз»-и Бонки эҳё ва рушд дохил гардидааст. Дар доираи лоиҳаи мазкур бо Бонки эҳё ва рушд оид ба харид кардани электробусҳо барои нақлиёти ҷамоатии шаҳри Самарқанд шартномаи кредитӣ ба имзо расида буд.
Мувофиқи шартнома, барои нишон додани хидмати нақлиёти ҷамоатӣ ба Самарқанд 100-то электробус ва таҷҳизоти қувватбахши онҳо бояд оварда шавад.
Дар тендери роҷеъ ба хариди электробус ширкати «Yutong» ғолиб баромада, дар моҳи майи соли 2023 6 электробуси аввалинро оварда буд.
Ин электробусҳои шинам, камовоз ва ҳамаҷониба мусоид дар самти «Фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд — Истгоҳи роҳи оҳани Самарқанд» ба аҳолӣ хидмат менамояд.
Дар салони воситаи нақлиётӣ, ки ба 75 мусофир пешбинӣ шудааст, видеокамераҳо насб карда шудаанд ва дорои сохтори гармидиҳиву сардиҳӣ мебошад. Бо як қувватгирӣ 300-350 километрро тай менамояд.
— 6 электробусе, ки ҳоло дар шаҳр ҳаракат доранд ба мусофирону ронандагон манзур омад, — гуфт сарвари Садорати нақлиёти ҷамоатии вилояти Самарқанд Равшан Тоҷиев. — Мардум мусоид будани шароитҳои ин воситаи нақлиётиро эътироф менамоянд. То охири сол овардани ҳамаи электробусҳое, ки дар шартнома дар назар дошта шудаанд, ба нақша гирифта шудааст. Дар моҳит ноябр зиёда аз 20 электробус оварда шуд. Оид ба ҷойгир кардани онҳо дар самтҳои асосии шаҳр корҳо пеш бурда мешаванд.
Имрӯзҳо дар шаҳр парки электробус бунёд ва таҷҳизоти қувватбахши онҳо насб карда мешаванд.
УзА
