Ovozi.uz

Дар сессияи вилоят Сарвазир иштирок кард

Имрӯз, 28-уми ноябр дар шаҳри Самарқанд сессияи ғайринавбатии Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд гузаронида шуд.

Дар сессия Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулла Арипов иштирок кард.

Қайд гардид, ки дар солҳои охир барои рушди иқтисод, беҳдошти инвеститсия ва муҳити соҳибкорӣ, баланд бардоштани шариоти иҷтимоии аҳолӣ дар вилоят бисёр корҳо амалӣ мегарданд.

Дар сессия масъалаи ташкилӣ баррасӣ гардид.

Тибқи фармони дахлдори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо муносибати ба кори дигар гузаштани Эркинҷон Оқбутаевич Турдимов аз вазифаи ҳокимии вилояти Самарқанд озод карда шуд.

Адиз Музафарович Бобоев, ки то ҳол дар вазифаи раиси Палатаи ҳисоб кор мекард, ба вазифаи иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд таъин гардид.