Ovozi.uz

Мубодилаи таҷриба оид ба мубориза бар зидди монополия

Рӯзҳои 28–29‑уми ноябр дар шаҳри Самарқанд маҷлиси 57‑уми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба сиёсати мубориза бар зидди монополияи давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва ҷамъомади 43‑юми штаб оид ба якҷоя бартараф кардани ҳолатҳои вайрон гардидани талабҳои қонунгузории зидди монополия гузаронида шуд.
Дар он ҳайатҳои вакилони Ӯзбекистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иштирок карданд.
Нахуст, ҷамъомади 43‑юми штаб оид ба якҷоя бартараф кардани ҳолатҳои вайрон гардидани талабҳои қонунгузории зидди монополия баргузор гардид.
Иштирокдорон ҳолати ҳозираи қонунгузории бар зидди монополияи кишварҳои ИДМ-ро баррасӣ намуданд.
Раиси Кумитаи рушди рақобат ва ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолгарони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Халилулло Тӯрахӯҷаев аҳамияти ҳамкориро дар доираи штабҳо алоҳида эътироф намуда, таъкид кард, ки ҳамкории самараноки давлатҳои узви ИДМ барои ба таҳдидҳои ҷаҳонишавӣ ҷавоби фаврӣ додан имкон ва мустаҳкам гардидани боварии ҳамдигарии давлатҳо кафолат медиҳад.
— Дар ҷамъомадҳои Шӯрои байнидавлатии роҷеъ ба сиёсати мубориза бар зидди монополияи давлатҳои узви ИДМ ва штаби оид ба якҷоя бартараф кардани ҳолатҳои вайрон гардидани талабҳои қонунгузории зидди монополия, ки Ӯзбекистон мизбонӣ намуд, масъалаҳои мубрам баррасӣ гардиданд, — гуфт Вазири мубориза бар зидди монополия, тартиб ва тиҷорати Ҷумҳурии Беларус Алексей Богданов. — Муҳимтар аз ҳама, таҷрибаҳои якдигарро омӯхта, роҷеъ ба масъалаҳои ба ҳамаамон вобаста мубодилаи афкор кардем. Мубориза бар зидди монополия дар таъмини барқарории иқтисодиёти кишвар, пеш бурдани сиёсати нархи одилона ва пешгирии коррупсия дар харидҳои давлатӣ аҳамияти муҳим дорад. Аз ҳамин ҷиҳат, қонунгузории оид ба соҳа бояд дар баробари сиёсати иқтисодии давлатҳоямон пеш бурда шавад. Мо бохабарем ва мебинем, ки солҳои охир дар Ӯзбекистон дар ин самт корҳо ва ислоҳотҳо ба сомон расонида мешаванд ва самараи худро медиҳанд.
Дар ҷамъомад ҳайати Ӯзбекистон пурзӯр кардани ҷавобгарии вобаста ба фурӯши маҳсулотҳои контрафактро пешниҳод намуд ва ин аз ҷониби иштирокдорон дастгирӣ карда шуд.
Дар доираи чорабинӣ раиси Кумитаи рушди рақобат ва ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолгарони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Халилулло Тӯрахӯҷаев бо роҳбарони идораҳои мубориза бар зидди монополияи давлатҳои узви ИДМ вохӯриҳои дуҷониба баргузор намуд.

Ғ.ҲАСАНОВ.