Ovozi.uz

Тӯйро ба мусобиқаи обрӯгирӣ табдил надиҳем

Дар шаҳри Самарқанд масъалаҳои ба тартиб овардан ва бе исрофкорӣ гузарондани тӯйҳо баррасӣ гардиданд.

Дар он масъулони ҳокимияти вилоят, Садорати маданияти вилоят, шӯъбаи Марказии маънавият ва маърифатии вилоят, СКД ва садорати андоз, имом-хатибҳо ва беш аз 300 нафар санъаткор, роҳбарони базмгоҳҳое, ки тӯй ва маросимҳо мегузаронанд, иштирок карданд.

Дар баррасӣ вақтҳои охир дар вилояти Самарқанд бо дабдабаи зиёд гузаронидани тӯйҳо, сарфу хароҷоти барзиёд ва дар онҳо афзудани ҳаракату амалҳои ба менталитети мо хос набударо танқид карда, корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шуд.

Дар чорабинӣ ба мутасаддиён оиди бо сарфа гузаронидани тӯйҳо ва бо тартиб ташкил намудани онҳо супоришҳо дода шуданд.