Ovozi.uz

Рӯҳи устодро шод гардонданд

Бо ташаббуси ходимони газетаи мо соли 2019 дар хонадони хоҳари профессор Саъдӣ Маҳдиев — Мамлакат Маҳдиева, ки дар маҳаллаи Қӯшмасҷиди ноҳияи Самарқанд зиндагонӣ мекунад, устодро ёдоварӣ карда будем. Дар ҳамон ҷо тасмим гирифта шуд, ки аз Тоҷикистону Ӯзбекистон афсонаву латифаҳои халқии ҷамъовардаи ин марди хирад ба шакли китоб дастраси Саъдӣ Маҳдиевхонандагон гардонида шавад. Ниҳоят бо дастгирии моддии ҷияни устод Саъдӣ Маҳдиев — Шавкатҷон Ҳомидов китоби калонҳаҷми «Латифа ва афсонаҳои тоҷикӣ»-и ҷамъовардаи Саъдӣ Маҳдиев аз чоп баромад.

Тадбири тақдимоти ин китоб дар толори мактаби таълими умумии рақами 37‑и ноҳияи Самарқанд баргузор гардид. Дар он донишомӯзони мактаб ва донишҷӯёни таҷрибаомӯзи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов бо баромадҳои худ иштирок карданд. Онҳо дар бораи фолклоршинос, профессор Саъдӣ Маҳдиев, ки перомуни таърихи насри адабиёти тоҷик, масъалаҳои мухталифи эҷодиёти даҳонакии халқ ва ғайра бештар аз дусад таълифоти илмӣ дорад, инчунин муаллифи китобҳои «Проблемаҳои жанри латифа», «Ҳикоёти латиф», «Қатра-қатра дарё шавад», «Панҷ гуфтор» ва ғайра аст, маълумот дода, аз латифаю афсонаҳои ин китоб саҳначаҳои ҷолиб намоиш доданд.

Профессори факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд Ҷумъа Ҳамроев, ки мурратиб ва муаллифи пешгуфтори китоби «Латифа ва афсонаҳои тоҷикӣ» аст, дар суханронии худ роҷеъ ба ҳозир кардани китоб, ёриву мадади хешу табори фолклоршинос ва равшанфикрон сухан ронд. Бедилшинос Тӯрабеки Искандарӣ, журналист Зоҳир Ҳасанзода, нависанда Бахтиёри Ҷумъа доир ба хислатҳои ҳамидаи ин марди заҳматкашу покнаҷод, ҳарф заданд. Ҷияни Саъдӣ Маҳдиев — Шавкатҷон Ҳомидов аз ҳузури ҳозирин изҳори миннатдорӣ карда, давом додани ин гуна корҳои хайрашро таъкид кард.

Б.РУСТАМЗОД