Рӯзе кишоварзи фақире барои шикор ба ҷангал рафт. Ҳанӯз масири зиёдеро тай накарда буд, ки садои фарёд барои кӯмак ба гӯшаш расид…
Ӯ садоро дунбол кард то ба манбаи он расид ва дид, ки писарбачае дар ботлоқе афтода ва оҳиставу ором ба самти поин меравад.
Кишоварз бо ҳазор бадбахтӣ билохира муваффақ шуд писаракро аз марги ҳатмӣ наҷот диҳад ва ӯро аз ботлоқ берун бикашад…
Фардои он рӯз, вақте ки кишоварз рӯи заминаш машғули кор буд, фойтуни шоҳонаи нақшинкор дар канори дарвозаи вуруди замини кишоварз истод…
Ду сарбоз аз он пиёда шуданду дарро барои марди қадбаланде, ки либосҳои қиматбаҳо бар тан дошт, боз карданд.
Он мард худро падари писаре, ки кишоварз рӯзи гузашта ӯро аз марг наҷот дода буд, муаррифӣ кард. Вай ба кишоварз гуфт, ки мехоҳад ин хидматашро ҷуброн кунаду ҳозир аст дар ивази кори бузурге, ки ӯ анҷом дода, ҳарчӣ бихоҳад ба ӯ бидиҳад.
Аммо кишоварз бо фурӯтанӣ ба марди сарватманд гуфт: «Ман ин корро ба хотири одамият анҷом додаам ва ҳеч чашмдоште дар муқобили он надорам.»
Дар ҳамин мавқеъ писари кишоварз аз хона берун баромад. Марди сарватманд, ки мутаваҷҷеҳ шуд кишоварз писаре ҳамсинну соли писари худаш дорад, ба пирамард гуфт:
«Ҳоло ки ту писарамро наҷот додӣ, ман ҳам писари туро мисли писари худам медонам. Пас иҷозат деҳ хазинаи таҳсили ӯро дар беҳтарин мадорису донишгоҳҳо бипардозам.»
Кишоварз мувофиқат карду писараш пас аз чанд сол аз Донишгоҳи улуми пизишкии Лондон фориғуттаҳсил шуду ба хотири кашфи яке аз бузургтарин ва муҳимтарин доруҳои наҷотбахши ҷаҳон, ки пенитсиллин буд, ба унвони як донишманди машҳур шинохта шуд.
Он писар Александр Флеминг буд. Чанд сол гузашт… Бо гардиши фалак писари сарватманд ба бемории камёфт мубтало шуд ва ин бор Александр, писари кишоварз, ки ҳоло як донишманди маъруф буд бо доруи ҷадидаш бори дигар ҷони он писарро наҷот дод.
Ҷолиб аст бидонед, ки он марди сарватманду наҷиб, ки Александро ҳононд, лорд Рэндолф Черчилл буд ва писараш Уинстон Черчилл буд, ки пас аз чанде сарвазири Бритониёи Кабир шуд.
