Муҳоҷирати «зеҳнҳо» ҳамчун раванди ҷаҳонӣ имрӯз хеле маъмул гардида, дар ҳаёти илмию фарҳангӣ ва иқтисодию иҷтимоии кишварҳо нақши муассир дорад. Лекин, бояд зикр намуд, ки он маҳсули имрӯз набуда, ҳанӯз аз замонҳои қадим вуҷуд дошт. Чунончи, дар Юнони қадим донишмандон бо зарурати омӯзиши илм шаҳру кишварҳои гуногунро интихоб менамуданд ва муддати муайян он ҷо зиндагию фаъолият менамуданд. Масалан, Фалеси юнонӣ барои омӯзиши ҳандаса як муддат дар Миср зиндагӣ кард. Пифагор аз Самоса ва Демокрит аз Абдера барои аз худ кардани илми мардуми Шарқ муддати дуру дароз дар Мисру Вавилон ва Ҳинду Эрон зиндагӣ ихтиёр намуданд.
Намунаи дигари муҳоҷирати олимон дар давараи қадим ин дар асри 5 ба сарзамини форсҳо, ба Академияи Гунди Шопур омадани теъдоди зиёди гурезагони масеҳӣ аз Афина буд, ки онҳо минбаъд дар рушди илми ин маркази бузургтарини илми давраи тоисломии Шарқ саҳми муҳим гузоштанд. Мисоли Академияи Гунди Шопур инчунин собит месозад, ки ҳанӯз дар замонҳои пеш барои ҷалби олимону файласуфони дигар кишварҳо сиёсати махсуси давлатӣ ба роҳ монда мешуд. Чунончи, шоҳи машҳури сосонӣ Хусрави Анушервон гурезаҳои афинагиро хуб пазируфт ва барои дар ин маркази бузурги илмӣ ҷой додани онҳо мусоидат намуд.
Лекин, бояд зикр намуд, ки вусъат ёфтани ташаккули марказҳои илмӣ ва равандҳои муҳоҷирати “зеҳнҳо” ба давраи ташаккулёбии университетҳо дар Аврупо рост меояд. Университетҳои аввалини аврупоӣ дар асрҳои XI-XII дар атрофи олимону донишмандоне, ки аз минтақаҳои гуногун омада буданд, ташаккул меёфтанд. Онҳо теъдоди муайяни донишҷӯёнро дар атрофи худ ҷалб намуда, мактабҳои хурди илмиро таъсис медоданд, ки ин мактабҳои илмӣ бо гузашти вақт ба университетҳо табдил ёфтанд. Масалан, ташкилёбии Университети Париж (асри XII) ба фаъолияти омӯзгории Пер Абеляр, ки зодаи Британия мебошад, мансуб аст.
Миёни университетҳо рақобати шадиде вуҷуд дошт, ки он боиси қабули тадбирҳои ҷиддӣ оид ба гузаштани донишҷӯёну омӯзгорон аз як университет ба университети дигар гардид. Масалан, дар асри XIII (соли 1274) вобаста ба ин, аз ҷониби роҳбарияти университети Болония қарорҳое қабул гардиданд, ки бо мақсади кор ва таҳсил ба дигар университетҳо гузаштани донишҷӯёну омӯзгоронро манъ мекард. Ҳатто барои ашхосе, ки муҳоҷирати олимону донишмандонро қасдан тарғибу ташвиқ мекарданд, ҳукми қатл муқаррар гардида буд.
Аз давраи қадим то асри XX донишварон ба хотири таҳсил ва омӯзиш аз марказҳо ё мактабҳои илмии нисбатан камнуфуз ба мактабҳои илмии бонуфузтар, аз як шаҳр ба шаҳри дигар ё аз як кишвар ба кишвари дигар мерафтанд. Инро дар рӯзгори донишмандони Юнони қадим, мутафаккирони асрҳои миёнаи форсу тоҷик, баъдтар дар кишварҳои аврупоӣ мушоҳида намудан мумкин аст. Дар асри XIX ва аввалҳои асри XX теъдоди зиёди сокинони Бухорои Шарқӣ ба шаҳрҳои Самарқанду Бухоро барои таҳсил рафта 15-20 сол дар он ҷо зиндагӣ мекарданд ва баъди хатми таҳсил қисмати муайяни онҳо ба зодгоҳашон бармегаштанд ва қисмати дигарашон дар ин шаҳрҳо муқимӣ мешуданд.
Ба хотири «қудрат» будани илм ҳанӯз дар асри ХVI Иван Грозний 19 нафар фарзандони дворянҳоро барои таҳсил ба хориҷа фиристода буд, зеро Россияи феодалӣ ба донишмандон эҳтиёҷ дошт, вале ягон нафари онҳо ба Ватан барнагаштанд. Баъдтар ин иқдом аз ҷониби императори Россия Пётри I амалӣ гардид. Ӯ 200 нафар ҷавонони боистеъдодро ба Аврупо барои таҳсил фиристод, ки бозгашти онҳо ба рушди соҳаи илму фарҳанги Россия такони ҷиддӣ бахшид. Яъне ҳадаф аз муҳоҷирати «зеҳнҳо» дар он замон таҳсил ва омӯзиш буда, аслан заминаи иҷтимоӣ дошт.
Дар нимаи дуюми асри XX мафҳуми «бозори кадрҳои илмӣ» ба вуҷуд омад, ки айни ҳол дар бозори ҷаҳонии меҳнат барои ба даст овардани он миёни кишварҳо рақобати шадиде вуҷуд дорад. Бояд зикр намуд, кишварҳои рушдёфта, аз ҷумла, ИМА ва кишварҳои аврупоӣ, барои ба даст гирифтани сарвати зеҳнӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода, ҷойҳои холии корхонаю озмоишгоҳҳои илмиро аз ҳисоби ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби хориҷиён, яъне муҳоҷирони дорои қобилият ва истеъдоди баланди зеҳнӣ пур мекунанд. ИМА аллакай соли 1990 дар бораи муҳоҷират қонунеро ба тасвиб расонд, ки тибқи он барои муҳоҷирони ба Америка воридшаванда, хусусан, мутахассисони лаёқатманд, имтиёзҳои зиёд, аз ҷумла додани шаҳрвандии Америка пешбинӣ шуда буд. Албатта, ин иқдоми ИМА боиси ба ин кишвар рӯ овардани теъдоди зиёди муҳоҷирони соҳибмаълумот гардид.
Муҳоҷирати «зеҳнҳо» дар замони муосир бештар заминаи иҷтимоӣ дорад. Набудани шароити мусоиди кор ва маоши арзанда олимону мутахассисонро маҷбур месозад, ки ҷою макони мувофиқтарро интихоб намоянд. Мутахассиони варзидаро кишварҳои рушдёфта харидорӣ карда, бо шароити хуби корӣ ва маоши мувофиқ таъмин менамоянд. Ҳамин аст, қоидаи «бозори кадрҳои илмӣ».
Бояд зикр намуд, ки муҳоҷирати «зеҳнҳо» низ чун дигар равандҳои иҷтимоии замони муосир, ки имрӯз характери глобалиро касб намудааст, паҳлуҳои мухталиф дорад. Таҳлилҳои олимону коршиносон собит месозанд, ки аксари кишварҳои ба мушкилоти муҳоҷирати «зеҳнҳо» дучоргардида барои танзими ин раванд ва ба ватан боз гардондани олимону мутахассисони варзида чораҳои мухталиф меандешанд. Масалан, Ҳиндустон бо ин васила дар ду даҳсола 5 ҳазор олимону мутахассисонро ба ватан баргардонд, ки ин 5 ҳазор дар рушди илму истеҳсолоти ин кишвар, хусусан дар соҳаи барномасозӣ, ҷаҳиши ҷиддиро ба вуҷуд оварданд. Ҳукумати Шри-Ланка барои дастгирии мутахсассисоне, ки ба ватан бармегарданд, дар бонки миллӣ суратҳисоби махсус таъсис дод. Дар барномаи ба ватан баргаштани мутахассисон дар Ҷумҳурии Корея ва Филиппин баланд бардоштани музди меҳнат ва беҳтар намудани шароити кор пешбинӣ шудааст. Дар барномаи баргардондани мутахассисон аз ИМА роҳбарияти Хитой пардохти тамоми хароҷоти роҳ, таъмини хона ба таври ройгон ва дигар имтиёзҳоро пешбинӣ намудаанд. Яъне ин кишварҳо танҳо аз тариқи ҳавасманднамоӣ ва дастгирии иҷтимоии мутахассисон ба ватан баргардондани онҳоро амалӣ месозанд.
А.ҚУРБОНОВ,
доктори фанҳои фалсафа
