(Ҳикоя)
Хонандаи синфи якум будам, як дандони тарафи чапам лиққонак шуд. Газидани нону хоидани хӯрок мушкил гардид. Чизе расад аз дард «ваҳ» гӯён афтам беҷо шуда, ҳатто аз чашмонам ашк мешорид.
— Бачем, гард, духтур барам, — ин азоби маро дида ҳар даъфа мегуфт модарам.
— Худам дидам-ку?. Дандони шуморо бо анбӯри калонаш азоб дода канд! Не, намеравам, — аз тарс якравӣ карда мегуфтам.
Рӯзе аз мактаб омадам, ки модарам дар танӯр нон мепухту апаам ёрӣ медод. Ишкамам аз гуруснагӣ нақора менавохт. Зуд як бичаки алафинро гирифта, газида будам, ки худ аз худ дандонам канда шуд.
— Ана, аз дарди дандон халос шудам, — гӯён дандонро намоишкорона ба ҳама нишон додам.
— Яктеш канда шуда бошад, акнун тамом, дигараш ҳам меафтад, — гуфт хандида апаам. — Сонӣ, худи кампиру бобойҳо барин бедандон мегардӣ.
Аз ин гапи апаам тарсу изтиробам афзунд. Пеши назарам Сорокампири бедандон омад.
— Не-е, наход ҳамаи дандонҳоям афтад?! Акнун бедандон мешавам-мӣ? — гӯён ба гиря даромадам.
— Хез, гум шав! Кирои додаратро тасалло додан… — модарам апаамро сарзаниш карда, маро ба оғӯш гирифт.
— Ҳоло ту бачаи хурд, дандонҳои ширхора канда шуда наваш мебарояд. Аз они ҳама ҳамин хел. Дирӯз бобоят чистон гуфтанд, ҷавобашро дар ёд дорӣ?
— Албатта, — ҷавоб додам саросема, — ду бор бепул худо медиҳад, сонӣ пулаки мехарем.
— Бале, донояки худам, — гӯён модарам аз сару рӯям бӯсида афзуд. — Фақат дандони кандашударо пеш аз хоб ба таги болишт монда хоб рав. Фариштае шабона омада пул монда меравад.
— Барои чӣ пул мемонад? Дандонамро мехарад-мӣ? — модарамро саволборон кардам.
— Бачем, бисёр савол надода, кори гуфтаамро иҷро кун, натиҷаашро пагоҳӣ мебинӣ, — гуфт.
«Фаришта чӣ хел бошад? Як нафар меомада бошад ё якчанд нафар? Чанд сӯм мегузорад? Агар пули бисёр гузорад, ба биему апаам ҳам ягон тӯҳфа мехарам», — бо чунин фикру хаёлҳо хобам бурдааст.
Вақте ки бедор шудам, дар хона ғайри ман касе набуд. Аввал таги болинро кофтам, ки пулҳои коғазӣ баромад. Хурсанд шуда пулҳоро шуморам: панҷ ҳазор сӯм. Дасту рӯямро шуста, ба ошхона даромадам.
— Бийиҷон, гапатон рост будааст. Фаришта пул монда рафтааст, фақат кам, панҷ ҳазор сӯмакак, — гуфтам.
— Фариштая пулаш кам будааст-дия, — гуфту модаркалонам бо таассуф сар ҷунбонд.
— Ҳа, бибиҷон, фариштая камбағалаш будааст…
Ҳамин вақт аз пул ҳам дида, муҳим будани меҳру ғамхориҳои дигаронро ҳис кардам.
Комил ҶӮРАЗОДА
