Ovozi.uz

Ҳайати вакилони Самарқанд дар корхонаи муштараки Jiangtong North China (Tianjin) Copper Co., Ltd.

Ҳоло ҳайати вакилони вилоят бо сарварии иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев дар шаҳри Тянтсзини Ҷумҳурии Мардумии Хитой буда, бо фаъолияти як қатор корхона ва ташкилотҳои бузурги минтақа шинос мешавад.

Объекти нахустини ташрифи ҳайати вакилон корхонаи муштараки калони истеҳсоли кабел Jiangtong North China (Tianjin) Copper Co., Ltd. шуд.

Корхонаи мазкур бо истифодаи васеъи маҳсулотҳои хати барқ, химия, нафт-химия, дегсозӣ, гармкунӣ, киштисозӣ ва сохтмон аҳамиятнок мебошад.

Дар вохӯрӣ бо роҳбарияти корхона истиқболҳои ба роҳ мондани ҳамкории манфиатноки дуҷониба баррасӣ гардид.

Барои маълумот, дар соли 2024 гардиши умумии маҳсулоти корхонаи муштарак 42 млрд. доллари ИМА, қуввати истеҳсолот бошад 740 000 тонна маҳсулотро ташкил кардааст.