Ovozi.uz

Дар Самарқанд чанд шахсро дастгир намуданд, ки 1,8 млрд. сӯмина қувваи барқро тороҷ кардаанд

Аз рӯи ҳолати мазкур нисбати И.А. ва А.Н. бо банди «а»-и қисми 4-уми моддаи 169-уми Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноӣ кушода шуд.

Сарпрокуратура дар ҷойҳо чорабиниҳои зудамали назоратӣ мегузаронад, ки ба фош намудани ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ нигаронида шудаанд.

Дар натиҷаи гузарондани чорабинии зудамал муайян шуд, ки роҳбари корхонаи оилавии «С.М.» А.И. ва устои сехи мебели корхона А.Н. дар ҳоли худсарона ба шабака пайвастан бо фаъолияти ғайриқонунии майнинг машғул шудаанд ва 1,8 млрд. сӯмина қувваи барқро бо роҳи дуздӣ тороҷ кардаанд.