Ovozi.uz

ҚОНЕЪ ШУДАН АЗ ХУД

ба аҳли эҷод муяссар нахоҳад шуд

Ба пешвози 70-солагии шоир Паймон

Шоири тавонову маъруфи мо Паймон (Тӯхтамиш Тӯхтаев) ба синни мубораки 70 қадам мегузорад. Ба ҳамин муносибат мо бо ӯ мусоҳибае оростем, ки роҳи ҳаёту эҷодиёти шоирро каму беш равшан менамояд.
— Аз баландии ин қуллаи 70‑солагӣ ба поин нигаред, сояи давраҳои тифливу бачагӣ намудор мегардад. Аз овони кӯдакиву наврасӣ чӣ лаҳзаҳоро ҳоло ба ёд оварда метавонед?
— Оре, воқеан бо марҳамату инояти Худованди карим синни ҳафтодро пур мекунам. Бовари кас намеояд. Мирзо Абдулқодири Бедил — ин шоири соҳирбаёну нодирагуфтор ҳақ аст, ки мефармояд:
Ашк як лаҳза ба мижгон бор аст,
Фурсати умр ҳамин миқдор аст.

Камина низ боре дар мавзӯи фавқ рубоие сурудаам:
То мижжа ба ҳам задем, даврон бигузашт,
Рӯзону шабони рӯзгорон бигузашт.
То фурсати илтифоти маъшуқа расид,
Ошиқ ба дареғ рафт, Паймон бигузашт.

Гӯё дирӯзакак мактабраву донишҷӯву омӯзгор будем.
Зодгоҳи ман Ҷамоати шаҳрвандони Синтоб, собиқ хоҷагии ҷамоавии ба номи Максим Горкии ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарёст. Волидайнам Давлат Тӯхтаев ва Сурат Шодмонова аз аҳли маърифат буданд. Падар омӯзгори фанҳои таърих ва ҷуғрофия буд, вале ба адабиёту санъат дилбастагии зиёд дошт, китоб ва достонҳои таърихиву бадеиро бисёр мутолиа мекард, баъзан дар суру базмҳои дӯстону қарибон суруд мехонд, барои худ шеър ҳам мегуфт.
Ӯ дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, аз оғози соли 1942 то охири соли 1944 иштирок карда, бо ҷангу набардҳо аз Сталинград то Украина рафта, баъди захмдор шудану дар госпитали ҳарбии Боку табобат гирифтан, ба ақибгоҳ баргашта, нахуст дар зодгоҳаш — деҳаи Синтоби ноҳияи Фориш (ҳоло Нурато), сипас дар хоҷагии ҷамоавие, ки дар боло зикр гардид, боз ба омӯзгорӣ пардохтааст. Шояд бар асари он ҷанг буд, ки аввали солҳои шастуми қарни гузашта ба беморӣ печида, аз кор дар мактаб барканор гардид. Табобатҳои дуру дароз суд накарданд, аз ин рӯ бо маслиҳати табибону корафтодагон дубора бо аҳли оила ба зодгоҳаш — деҳаи кӯҳии Синтоби хушобу ҳаво кӯч баст. Ин баҳори соли 1964‑ум буду ман хонандаи синфи чаҳорум. Ман таҳсилро дар мактаби ҷойгоҳи нав давом дода, онро соли 1972 хатм намудам. Азбаски ба адабиёт ва ихтисоси падар — таърих муҳаббати бештар доштам, мехостам журналист бошам. Баъзан шеърҳои бачагонаву ҳаҷвӣ менавиштам. Онҳо ҳатто дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикитон» — «Анбоз»-и кунунӣ ва маҷаллаи «Машъал» — «Истиқбол»-и имрӯза чоп мешуданд, вале бовар кунед, дар сар хаёли шоир шудан надоштам. Он бароям қуллаи дастнорас метофт.
— Дар донишкада пешу қафо якҷоя таҳсил гирифтан ба мо насиб гардидааст. Ҳосили он солҳо дар зиндагиву эҷодатон чӣ гуна ёрӣ расонд? Хотироти гуворову ногувори даврони донишҷӯӣ шуморо тарк накардааст?
— Чун мову Шумо тақрибан ҳамсолем, шояд дар ёд дошта бошед, ки он солҳо дар байни ҳамсиннони мо муҳаббат ба касби журналистӣ хеле баланд буд. Бо ин умед донишҷӯи факултаи забон ва адабиёти Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Самарқанд ба номи Садриддин Айнӣ шудам, ки он, мутаассифона, сонитар аз байн рафт. Падарам низ пас аз даҳ соли дурӣ аз мактаб ва комилан шифо ёфтан, бо тавсияи духтурон аз нав бо касби дӯстдоштаи худ машғул шуд. Дар донишкада аз устодони соҳаи худ, ки мутаассифона, алъон ҳамагон ба Ҳақ пайвастаанд, забоншиносон Самариддин Аслиддинов, Султон Иброҳимзода, Лӯъбат Назарова, Хуршед Қамариддинов, адабиётшиносон Холиқ Мирзозода, Бахтиёр Насриддинзодаву Салим Кенҷа… асрори забон ва адабиёт, аз ҷумла шеъру суханро омӯхтам. Ба мо, донишҷӯёни он солҳо, ба хусус, ба мани ташнаи шеъру адаб сабақҳои профессор Холиқ Мирзозода, ки аз Душанбе даъват шуда буд, басо мақбул буданд. Зеро ӯ аз илми шеъру арӯз ҳам вуқуфияти хубу комил дошт. Худаш низ шеър мегуфт, ҳарчанд ошкор намекарду ба чоп намесупурд. Устод чун аз дилбохтагиву завқам ба шеъру шоирӣ огоҳ шуд, маро гоҳе барои сӯҳбати хоса ба ҳузураш мехонд, шеърамро аз забони худам гӯш мекард, ғалатҳои мантиқиву сохтории онҳоро бо тамкини ба худ хос мефаҳмонд, нуқсашонро дар арӯз ва таносуби сухан бурдборона тавзеҳ медод. Зиёда аз ин, қубҳу ғалати шеъри шуарои ба ном шӯравии тоҷик, ҳатто шоирони машҳурро бо мисолҳо аз ашъори эшон қотеъона собит менамуд. Дар поёни ин гуна сӯҳбатҳо, балки сабақҳои махсус хоҳиш мекард, ки аз вай бинобар сахтгириаш наранҷам ва он чӣ дар ин суҳбатҳо нисбати шеъри дигарон шунидаам, дар байни мо монад, зеро аксари онон «дастнорас» буданд… Умуман Холиқ Мирзозода, ба ҳар маънӣ устод буд ва ман аз толеъ бағоят хушу шукргузорам, ки маро хеле баҳангом бо чунин бузургвори илму адаб рӯ ба рӯ, балки ошно кард. Ҳамин тариқ, чаҳор соли таҳсил дар донишкада, чаҳор соли пур аз ҷӯши ҷавониҳо, чаҳор соли шодоби меҳру муҳаббатҳо ва орзуву ҷустуҷӯҳо дар Самарқанди азизи дилҳо, шаҳри бостониву достонӣ бо саъю кӯшиши омӯзишу пажӯҳишҳо хатм ёфт. Дар васфи ин шаҳри ишқу ҷавониҳои худ дертар ғазале гуфтаам, ки чунин абёт дорад:
… Агар ман қоили шаҳреву шеъре булъаҷаб бошам,
Ба сад ҷон қоили устову устоди Самарқандам…
Бад-он қадре бухороиву хатливу хуҷандиям,
Ҳамон андоза, балки беш з-афроди Самарқандам…

Соли 1977 бо дипломи аъло ба деҳа баргаштам ва муддати қариб шаш сол дар мактаби рақами 38‑и ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ, дар ҳамон маърифатгоҳе, ки замоне таҳсил доштам, омӯзгори забону адабиёти тоҷик ва забони форсӣ таъин шудам. Ин ҷо бояд як нуктаро зикр кунам, ки он айём дар мактабҳои тоҷикии ноҳияи мазкур забони форсӣ ба сифати забони хориҷӣ омӯзонида мешуд. Соли 1982 маро барои кор дар идораи рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ба Тошканд даъват карданд. Аз он вақт то имрӯз дар ҳамин рӯзнома, ки ҳоло дубора «Овози тоҷик» ном гирифтааст, кор мекунам. Муҳаррири бахши фарҳанги рӯзнома ҳастам. Дар ин муддат аз устодон, ба хусус сармуҳаррир Шавкат Ниёзов, муовини ӯ, журналист, нависанда, тарҷумони моҳир, донишманди бесобиқа Муҳсин Умарзода ва дигарон сабақ омӯхтам, чандин бор ба комёбиҳо муваффақ шудам, ғолиби озмуни «Журналисти сол»-и ҷумҳурӣ гардидам.
Яъне метавонам бигӯям, ки то ҳадде ба орзӯйи деринаи худ расидам, журналист шудам.
— «Бе мураббӣ зери гардун мӯътабар натвон шудан» гуфтааст Сайидо. Устодон дар ҳаёту корҳои эҷодиатон чӣ гуна таъсир кардаанд?
— Дар мавриди посух ба пурсиши Шумо аз устодоне, ки ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии банда таъсиргузор будаанд, пеш аз ҳама, номҳои устоди нахустини солҳои мактабии хеш, муаллими фанҳои забон ва адабиёт, шодравон Саломатулло Олибоев, омӯзгорони донишкадаи зикршуда, устодони равоншод Салим Кенҷаву Хуршед Қамар ва тавре дар боло аллакай гуфтам, профессор Холиқ Мирзозодаро бо ихлосу сипос ба забон мебарам. Камина алифбои адабиёт, алифбои шеъру шоириро маҳз аз эшон омӯхтаам. Дар шеъри «Дили миннатдор», ки ба устод Саломатулло бахшидаам, чунин сатрҳо ҳастанд:
Сабақе, к-аз ту бибурдам, судбахш аст ҳанӯз,
Нахли парвардаи умри ман аз он пурбор аст.
Ҳама панду ҳама андарзи равонафрӯзат,
Дар таҳи гӯши ману гӯши дилам такрор аст…

Шеъри «Умре бимон ҳамин ҷо», ки эҳдоест ба устод Салим Кенҷа, аз ҷумла чунин мисраҳо ҳам дорад:
Дар шеъри аввалинам,
Ҳусни саводи ӯ ҳаст.
Худ шеъри аввалинам
Ҳам шеъри устод аст…
Дар назм то ба ҷое
Гар рафт номи Паймон,
З-он рафт, ки бубардошт
Устод коми Паймон…

Аслан, тамоми шуарову удабои бузурги гузаштаи мо, аз Маликушшуаро Рӯдакӣ то ба Алломаи Адҳам, яъне Аҳмади Донишу Шамсиддини Шоҳин, ки хушбахтона, бисёр ва боиси ифтихори миллатанд, ҳамчунин кулли шоирони ду қарни охир аз Аллома Айнӣ то Лоиқ Шераливу Бозор Собир ва аз Гулрухсор то Фарзона устоди мову ҷавонони майдони шеъру адаб ҳастанд.
Шумо хуб хабардоред ва медонед, ки ба мо, ҷавонони эҷодкори солҳои ҳафтодуми асри сипаришуда, осори адибон, аз ҷумла шоирони навовару тозагӯйи он замон, ба хусус устодон Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир… чӣ таъсиру нуфузе доштанд. Ҳар як шеъри онҳоро азбар мекардем, асарҳои эшон, ростӣ, китобҳои рӯйимизӣ буданд. Ман гумон мекунам, муҳаббати ҷавонони даврони мо ба китоб, ба адабиёт, ба шахси шоиру нависанда бештару табиитар буд.
— Қариб дар тамоми жанрҳо шеърҳо доред? Ба худатон мақбултарин жанр кадом аст?
— Воқеъан, Шумо ҳақ ҳастед, камина дар ҳамаи навъҳои шеъри форсӣ ба қавле қалам фарсудаам. Шеъри чаҳорпора ҳам навиштааму ғазалу маснавиву рубоиву дубайтӣ низ. Барои калонсолон ҳам эҷод кардааму барои хурдсолон низ. Ашъори ба ном суннатӣ ҳам гуфтааму шеъри сафеду наву озод ҳам. Ҳарчанд аз ин қисматкунӣ ва номгузориҳо чандон хушам намеояд. Зеро ба андешаи ман, ҳар як халқу қавме, ки худро ҳурмат мекунад ва ба урфу одоту анъаноти хоси худ эҳтиром мегузорад, адабиёт, аз ҷумла шеърияти махсуси худро низ дорад ва бояд аз пайи рушду такомули дороии хосаи худ бошад, аз дигарон беҳтаринҳои ононро пазираду омӯзад, вале пайравӣ, зиёда аз он тақлид накунад. Банда бад-ин сабаб ба силсилаи шеърҳои худ, ки дар пайравии беш аз бист шоири бузурги форсисаро навиштаам, «Фирор аз бехудӣ бар худ» ном гузошта будам. Бисёр шоирони хуби мо, ки дар ибтидои эҷодиёти хеш шеъри сапеду наву озод мегуфтанд, оқибат боз ғазалу рубоиву таронасаро шуданд, ки худ тасбити бозгашт ба аслият аст. Ман аз баҳодиҳӣ, зиёда аз он арҷгузорӣ ба ин ё он навъи эҷодиёти хеш истиҳола мекунам, зеро ин кори гӯяндаи онҳо нест, барои эҷодкор ҳама навиштаҳояш чун барои модар тамоми фарзандони ӯ яксон азизу бақадранд. Ин баҳоро, фикр мекунам, бояд муҳаққиқони адабиёт, хоса мунаққидони шеър бидиҳанд. Таассуфовар аст, ки мо дар Ӯзбекистон, то ҷое, ки огоҳӣ дораму медонам, дар Тоҷикистон низ, алҳол хеле ками кам чунин ноқидони нуктадону нуктафаҳм ва ҳақҷӯву ҳақгӯ дорем, ки сараро аз сақат ҷудо карда тавонанд ё худ, ҳадди ақал ошкоро бигӯянд. Аз ин ҷост, ки миқдори шоиру чопи китоби ба ном шеър, носиру нашри асарҳои ба унвон наср бо ҷилду муқоваҳои яке аз дигаре зебову муҷалло ва яке аз дигаре дамидаву варамида, ҳамчунон аъзои иттиҳоди нависандагон сол аз сол не, балки рӯз аз рӯз меафзояд. Бидуни шубҳа, ин ҳолати хуб нест, ҳарчанд гузашти айём олитарин саррофи хушбину хушгузин буду ҳаст… Алъон мехоҳам боз ба як нуктаи қобили мулоҳиза дар шеъри ба ном суннатии форсии тоҷикӣ таваққуф кунам. Ин масъалаи риояи тамом ба қонуну қавоиди арӯз дар ин қабил ашъор аст. Мутаассифона, мо ин қоидаҳоро, ки аслан мубтадои шеъранд, некӯ, чунон ки бояд, намедонем, айн-ро аз алифу вов-ро аз вови маҷҳул, яъне у-и кӯтоҳро аз у-и дароз, син-ро аз сод ё се, зе-ро аз зод ё изғӣ ва ғайра тафриқа намекунем, аз ин ҷо айн-ро а, и, о, ё у мешиносему ҳамчунин ба кор мебарем. Ин нукта, ҳаргиз ба он маънӣ нест, ки кулли дастандаркорони шеъри имрӯзи мо дар як пояанд. Хушбахтона, алҳол шоирони хуб ҳам дорем, ки бидуни сактаҳои вазниву сохторӣ ва саҳву ғалатҳои мазкур, дар радифи шуарои беҳтарини порсигӯ таронаву рубоӣ, ғазал ва дигар анвои шеърӣ мегӯянд. Умуман, ин мавзӯи доманадору серпаҳлӯст ва баррасии он дар доираи ин сӯҳбати мухтасару муъҷази мо имкон надорад.
Аз ин рӯ, ҳолия маслиҳат ин аст, ки эҷодкорон, шоирони кордида, ба хусус навқаламони мо, ҳангоми эҷоди шеър — аз байте то қасидаву достон, бо хатти арабиасоси форсиву тоҷикӣ кор бигиранд, яъне нахуст бояд дар ин хат балад бошанду баъдан ҳар чи менависанд, ба ин хат нависанд, сипас навиштаашонро ба сирилик баргардон кунанд. Зеро ин имкон медиҳад тарзи навишти дурусти вожаи мавриди истифодаро яқинан донанд, навиштаашон аз нуқсу ғалат ва қубҳу сактаҳои арӯзиву сохторӣ орӣ бошад.
Ин ҷо мехостам боз як матлаб, як ормони деринаи хешро ироа намоям. Замоне фарзанди орифи Самарқанд, донишманди муҳтарам, шодравон Тӯрақул Зеҳнӣ асаре бо номи «Санъати сухан» навишта, мушкили чандин насли аҳли эҷод, хосатан шоиронро осон карда буданд. Хуб мешуд (ҳарчанд дар гузашта чунин асарҳо будаанд), донишмандони соҳа ба забони нобу фаҳмои тоҷикӣ имрӯз низ китобе дар боби «санъати шеър» ё «саноати шеър» таълиф кунанд, то тавонад масоили мубрами ҳунари иншои шеърро ба тарзи комил фаро бигирад ва бад-ин васила мушкили навқаламони имрӯзу фардо ҳам осон гардад…
— Шумо узви Иттифоқи нависандагони ду мамлакат ҳастед, муаллифи китобҳои зиёде мебошед, худатон ҳам ба қатори устодон шомил шудаед…
— То имрӯз китобҳои ашъорам бо номҳои «Санги навишта», «Шабовез», «Шабоҳанг», «Даҳ пурсишу даҳ посух» (ба алифбои сирилик), «Шабогард», «Девон» ҷилди аввал, «Даҳ пурсишу даҳ посух» (ба алифбои форсӣ) аз чоп баромаданд, ҷилди дуюми «Девон»-и ғазалиёт ва «Осори баргузида»-ам дар чаҳор ҷилд дар дасти чоп қарор доранд. Ғайр аз ин, асари машҳури шоир ва мутафаккир, сарқофилаи адабиёти классикии ӯзбек Алишери Навоӣ «Назм-ул-ҷавоҳир», китоби панду андарзҳои ин бузургвор «Ҳазору як ҳикмат», асари адиб, журналист ва тарҷумони ӯзбек Қурбоной Убайдуллоева «Шӯълаи ҷовидон» оид ба рӯзгори устод Садриддин Айниро ба тоҷикӣ баргардондаам, ки дар шакли китобҳои алоҳида ба чоп расидаанд. Дар бисёр баёз ва китобҳои дастҷамъии шеърӣ, ки дар Ӯзбекистону Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон, ҳамчунин Фаронса интишор шудаанд, намунаҳое аз ашъори ин ҷониб низ ҷой доранд… Барандаи медали «Шуҳрат» ва ордени «Дӯстлик»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин ордени «Дӯстӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, Собиқадори варзиши Ӯзбекистон ва сазовори «Нишони сухан»-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошам.
— Оё аз худу аз эҷодатон қаноатманд ҳастед?
— Қонеъ будан аз худ, билхоса аз эҷодиёти хеш, фикр мекунам, ба шоире ва на фақат ба шоир, лобал ба кулли аҳли эҷод муяссар нашудааст ва нахоҳад шуд, агар ӯ эҷодгари ростин бошад. Ҳамаи шоирон, ҳатто муваффақтарини эшон низ ногуфтаҳое доранду доштаанд, ки мехостанд бигӯянд, вале ҳанӯз нагуфтаанд, ё нагуфта мондааст. Ин як навъ аксиома, яъне ҳақиқатест мусаллам ва баҳснопазир. Ба ҳар ҳол камина низ, тавре ки дар рубоие гуфтаам:
Мо пири навону орзӯҳост ҷавон,
Хаста-ст тавону ҷустуҷӯҳост ҷавон.
Бо сактаи дар забону бо раъша ба лаб,
Дилҳост ҷавону гуфтугӯҳост ҷавон,

аз ин «дард» фориғ нестам, ҳанӯз аз даст хомаву аз дил орзуи иншои номаро барнакандаам…

Мусоҳиб Бахтиёри ҶУМЪА