Ovozi.uz

Вожаҳои «гесӯ» ва «турра» дар ғазалиёти Амир Хусрави Деҳлавӣ

Аз таърихи таҳаввул ва ташаккули тадриҷии забони шеъри форсӣ­тоҷикӣ аён аст, ки истилоҳоти «гесў» ва «турра» ба сифати вожаҳои сермаъно ва семантикӣ аҳамияти махсуси бадеиву эстетикӣ доранд. Аз ин нуқтаи назар, вожаҳои мазкур дар ғазалиёти Хусрави Деҳлавӣ ба ғайр аз маънои аслӣ-лексикии худ ҳамчун тимсоли бадеӣ силсиламаънои рамзи зебоӣ, унсури латофату ҳусн, манбаи дилрабоиву дилкашӣ, ифодагари пардаи асрор ва унсури ҳусну ҷамоли Ҳақ ва ғайра омадаанд. Дар асл силсислаи маъниҳои дар зимндоштаи ин истилоҳот дар контексти матни муайян падид хоҳад омад ва онро берун аз матн талқину тафсир намудан мантиқи муайяне надорад. Ба ҳамин маънӣ барои амиқтар ва дақиқтар муайян намудани маънои аслӣ ва ғайриаслии истилоҳоти «гесў» ва «турра» дар ғазалиёти Амир Хусрав аввалан шарҳи маъноҳои дар луғатҳо аксёфтаи онҳоро бояд мавриди баррасӣ қарор дод.

Калимаи «гесӯ» дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» мазмунан бо вожаи «зулф» ба таври ҳамоҳанг ва муродиф маънидод карда шудааст: «мўи дарози занон, мўи бофтаи занон, печа…» [6,261]. Бо мақсади шарҳи нисбатан мукаммали истилоҳи «гесў» дар ин луғат якчанд иборае бо баёни мазмун; ба монанди «гесўи мушкин-мўи сиёҳи муаттар; гесўи тобдода-мўи бофта; гесўи чанг‑торҳои чанг» корбаст гардидаанд, ки баҳри дарки маъноҳои мухталифи он аз ҳар ҷиҳат кўмак хоҳанд расонд. Ба ғайр аз ин, дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» калимаҳои «гулола» ва «кулола» низ аз ҷиҳати маъно ва мазмун бо истилоҳоти «зулф» ва «гесў» ҳамчун муродиф баррасӣ гардидаанд, ки боиси эътироф аст. Бидуни калимаҳои «зулф», «кулола» ва «гулола» дар забони тоҷикӣ калимаи «турра» низ бо истилоҳи «гесў» синоним ба шумор меравад. Дуруст аст, ки калима ва таркиботи фавқ дорои чандин маъниҳост, аммо бинобар он ҳам яке аз маъноҳои он «мўи тобида дар канори пешонӣ ва зулф» аст, ки ин нишонаи шабоҳат ва хусусиятии умумии байни ин ду вожа дар баъзе луғатҳо ҳамчун факти раднопазир инъикос ёфтааст. Чуноне ки ба назар мерасад, дар ин луғат силсиламаъноҳои мантиқию лексикии вожаҳои «гесӯ» ва «турра» аз майдони семантикӣ берун нарафтаанд ва он ҳама дар меҳвари лексемаи «зулф» чарх мезананд…

Ғоя ва ақидаҳои пешқадами назарӣ, эстетикӣ ва умуминсонии Амир Хусрав дар радифи дигар образҳои бадеӣ зимни тимсолҳои «гесў» ва «турра» низ акси худро ёфтаанд, ки мисоли фаровони инро мавриди таҳлилу татбиқ қарор хоҳем дод. Дар ҷараёни мутолиаи осори лирикии Амир Хус­рав муоина мегардад, ки ғазалиёти шоир аз ашъори ҳамранги шоирони дигари ҳамзамононаш ба куллӣ фарқ доранд. Дарҳақиқат, ғазалиёти ў аз ҷиҳати мазмун ва мундариҷаи ғоявӣ, корбасти санъатҳои бадеӣ, услубиву равонӣ, лисонӣ ва бадеият диққатҷалбкунанда ва ба худ хосанд. Дар онҳо эҳсосоти амиқу ба худ хос, ифодаи шахсияти шоир, рӯҳияи замон, ҳодисаҳои сиёсиву иҷтимоӣ, муносибати шоир ба зиндагӣ бо забони соддаю равон, гоҳ дурушт, гоҳ маҳзун ва гоҳи дигар бо изтироб ифода гардидаанд.

Мувофиқи нишондоди луғати ҷомеъ (конкорданс)-и ғазалиёти девони «Тӯҳфат-ус-сиғар»-и Амир Хусрави Деҳлавӣ калимаи «гесӯ» (4) дар матни ғазалиёти девони фавқи шоир 3 маротиба дар таркиби ғазалҳои форсӣ‑­тоҷикӣ ва 1 дафъа дар мисраи варианти форсии ғазали ба таври ширу шакар (тоҷикӣ-­арабӣ) гуфтаи шоир мавриди истифода гардидааст, ки ба қатори вожаҳои камистифодаи осори шоир дохил мешавад. Аз назари мо боиси ин муродифаи вожаи «гесӯ» бо калимаҳои «зулф» ва «турра» буда, онҳо бештар нисбати диққати шоирро ба худ ҷалб намудаанд. Зеро дар ғазалҳои ин девони шоир калимаи «зулф» 84 ва вожаи «турра» дар 13 маврид ба кор рафтаанд. Ин ишора ба он маънист, ки нисбат ба калимаи «гесӯ» вожаи «турра» дар девони нахусти шоир бештар ба кор омадааст. Ин ҳолат дар осори лирикии А.Ҷомӣ низ ба ҳамин самт аст. Зеро вожаи «гесӯ» дар таркиби ғазалиёти се девони ин шоир ҳамагӣ 19 ва калимаи «турра» 61 маротиба корбаст гардидаанд. Вариантҳои синонимии «кулола» ва «гулола»-и вожаҳои «гесӯ» ва «турра» дар таркиби ғазалиёти ин ду шоири бузург мавриди истифода нагардидаанд.

Калимаҳои «гесӯ» ва «турра» дар натиҷаи образофарӣ ва мазмунсозии Амир Хусрав ҳамчун тимсоли бадеӣ сайқал ёфта, дар таркиби як қатор ибораҳо ба маъноҳои маҷозӣ ва семантикӣ корбаст гардидаанд: «шаби гесў», «каманди гесў», «хаёли турра», «хами турра», «турраи мушкин», «турраи дилбанд», «турраи анбарфишон», «турраи таррор» ва амсоли инҳо.

Дар шеър бидуни истифодаи санъатҳои бадеӣ сухан бепарда, беобуранг, холӣ аз маъноҳои семантикӣ, бе таносубу якранг ва беҷило корбаст мегардад, ки онро аз сухани воқеӣ ва тасвири оддии реалӣ тафовут додан амрест маҳол. Аз ин нуқтаи назар, калимаҳои «гесў» ва «турра» ба воситаи ҳунари эҷодкоронаи Хусрави Деҳлавӣ дар қолаби санъатҳои бадеӣ бо тобишҳои маъноӣ ва мазмунҳои семантикии худ сайқал ёфта, то ба дараҷаи тимсоли бадеӣ расидаанд.

Аз ҷумла:

Аз каманди анбарин гесўи ту,
Ашҳаби дил кай ҷаҳад гар дулдул аст.

Дар байт вожаи «гесӯ» ба маънои ирфонии «ромкунандаи дил, доми тазвир ва банду занҷир» истифода гардидааст, ки нишонаи маъноии он истиораи «каманди анбарин гесӯ» маҳсуб меёбад. Зеро вожаи «каманд» дар луғатҳо маънои «дом; дар каманд овардан, ба дом афтондан; ба даст даровардан ва киноя аз зулфи маҳбуба»-ро дорад. Калимаи «анбарин» ин ҷо ифодагари маънои «зулфи хушбӯву муаттар» буда, боиси гирифторӣ ва асир афтодани ошиқ аст. Ибораи «ашҳаби дил» ва калимаи «дулдул» ишора ба дили шефтаи солик иест, ки имкони наҷот ёфтан ва халос шуданро надорад.

Каманди гесў афкандасту кардаст,
Яке хунрези айёрам гирифтор.

Вожаи «гесӯ» ин ҷо ифодагари мазмуни ирфонии ресмони маънавӣ, силсилаи занҷир ва доми ишқ буда, бо калимаи «каманд» ва ибораи «хунрези айёрам» таносуби маънои касб намудааст. Яъне вожаи «каманд» ишора ба побандиву муқайяд буда, ибораи «хунрези айёрам» рамзи риёзату машаққат, розу асрор аст. Аз ҷиҳати дигар манбаи ресмон ва занҷири маънавии васати солику маҳбубаи илоҳист, ки ҷиҳатҳои вобастагӣ ва алоқамандии онҳоро таъмин менамояд. Зеро дар илми ғайб истилоҳи «айёрӣ ﻋﻴﺎﺮﻯ» ба маънои ҷосусии (хабаркашии махсус) қалб» ба кор рафтааст. Яъне манбаи воситаест, ки аз чигунагии ҳоли солик ба маҳбубаи илоҳии ў хабар мерасонад.

Ҷуз сурати ту моҳи саморо чӣ тавон гуфт?
Ҷуз турраи ту доми балоро чӣ тавон гуфт?

Ин ҷо калимаи «турра» чун истилоҳи ирфонӣ рамзи ҷазба, ҷаззобӣ, кашиш, моту маҳбутсозӣ ва доми тазвир буда, дар байт бо вожаҳои «сурат», «моҳ» ва ибораи «доми бало» мазмунан мутаносиб аст. Яъне калимаи «сурат» ишора ба маҳбуба ва ҷамоли беназири он аст, ки дар ҳусн аз «моҳ» бартарӣ дорад. Аз ин лиҳоз манбаи ҷаззобиву кашиш аст. Ибораи «доми бало» рамзи дому банд, мушкилоту риёзат ва кулфату ранҷ аст. Зеро дар илми тасаввуф истилоҳи «бало ﺒﻼ» ифодакунандаи мазмуни имтиҳоноти илоҳиро гўянд, ки ҷиҳати татҳири (поку тамиз кардан) нишоти солик ба ҳисоб меравад. Яъне нишонаи имтиҳоноти қутсиест, ки дар роҳи комилӣ соликро пеш меояд.

Сабри ман турраи ту бурд ба ў боз диҳад,
Ё шарики амали турраи таррори худӣ.

Амир Хусрави Деҳлавӣ баъзан дар қолаби як байт вожаи «гесӯ»-ро ба ду маънои семантикӣ мавриди истифода қарор додааст, ки мисоли инро дар байти боло метавон мушоҳида намуд. Калимаи «гесӯ» дар мисраи аввал ба маънои ирфонии шавқу ҳавас, завқу ҳаловат, ҷазбаву кашиш ва беқарориву бесомонӣ ба кор рафтааст, ки нишонаи маъноии он калимаи «сабр» аст. Зеро вожаи «сабр ﺼﺒﺮ» дар илми қудсӣ маънои «сакинаи (виқору итминони дил, рўҳулқудс) дилро гўянд бар мақосоту мутоиб (ранҷу сахтиҳо), ки толибро дар тариқи сулук пеш ояд ба ризои дил»-ро ифода мекунад. Дар мисраи дуввум рамзи қаттолӣ, марговарӣ ва маҳвсозӣ буда, бо вожаи «таррор» таносуби маъноӣ касб намудааст. Аз ин лиҳоз инро кори навпардозӣ ва падидаи тозае кашф намудани Хусрави Деҳлавӣ тавассути тимсоли бадеии «гесӯ» гуфтан мувофиқи мақсад аст.

Дуздида сабри моро бо зулф мебибандӣ,
В-он, ки ба ошкоро бо турра мегушоӣ.

Дар байт вожаҳои «гесӯ» ва «зулф» зоҳиран муродиф буда, аммо тибқи маҳорати маъносозӣ ва мазмунофарии шоири соҳирсухан мазмунан бо ҳам дар шакли парадокс ба кор рафтаанд. Яъне калимаи «зулф» ишора ба банду қулф ва занҷиру гиреҳ аст, ки нишонаи маъноии он вожаи «мебибандӣ» аст. Вожаи «гесӯ» манбаи кушоишу осоиш ва калиду раҳоӣ аст, ки корбасти калимаи «мекушоӣ» ишора ба ҳамин маънист. Аз ҷиҳати дигар ибораи «дуздидани сабр» ишора ба беҳаловативу беқарорӣ, ранҷу шиканҷа ва дилбастану дилбохтани ориф аст.

Ҳини мутолиа маъносозӣ ва мазмунофарии шоир тавассути истилоҳоти «гесў» ва «турра» ба хулосае омадан мумкин аст, ки Хусрави Деҳлавӣ вожаҳои мазкурро ба ғайр аз маъноҳои лексикиаш боз ба маъноҳои сифати ҳусни маҳбуба ва унсури зебогиву латофат, рамзи дилрабоӣ, дилкашӣ, шефтаву маҳбутсозӣ ва ақлу дил рабудан, манбаи дилрабоиву дилкашӣ, ифодагари пардаи асрор ва унсури ҳусну ҷамоли Ҳақ ва ғайра корбаст намудааст.

Нуктаи аз ҳама ҷолибтар дар он аст, ки калимаҳои «гесў» ва «турра» дар ашъори шоир тавассути санъатҳои бадеӣ сайқал ёфта, мазмун ва маъноҳои ноанъанавӣ ва тозае касб намудаанд. Масалан, дорои маънои «рамақи ҷон, мақтул ва ғоратгари ҷон» будани вожаи «гесӯ» дар ҳеҷ як луғати чӣ тасаввуфӣ ва чӣ тавсирӣ ба назар намерасад ва инро бемуҳобот ҳамчун маҳсули кори навоварӣ ва эҷодкории Амир Хусрав бояд эътироф намуд.

Шариф ЯРАШОВ, дотсенти кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои шарқи ДДС