Ovozi.uz

Камбизоат кор кунад, бой мешавад

Аз рӯи тамоюли «Як маҳалла — як маҳсулот» сокинони маҳаллаи Деҳнав асосан ба парвариши кабудӣ машғул мешаванд. Аксарияти деҳқонони пуртаҷрибаи сокинони маҳалла аз замин чӣ хел ҳосили фаровон гирифтанро хуб медонанд. Барои он ки аз ҳар як ваҷаби замин самаранок истифода баранд ва даромади хубе ба даст оранд, аз 635 хонавода қариб нисфаш дар даруни ҳавлӣ ва заминҳои наздиҳавлигӣ гармхонаҳо бунёд кардаанд. Яке аз ин гуна сокинони маҳалла Маҳмадқул Қодиров аст, ки дар даруни ҳавлиаш бо кредити имтиёзнок ба масофаи 4 сотих гармхона бунёд кардааст. Аъзои оилаи вай аз 4 нафар иборатанд.

— Барои беҳтар кардани шароити зиндагонии худ мо ҳам 5 сол пеш гармхона бунёд кардем, — гуфт Маҳмадқул Қодиров. — Замин рӯзирасони мост. Барои ҳамин, ба беҳуда гузаштани умри замин роҳ намедиҳем. Аз он самаранок истифода мебарем. Дар фасли зимистон пиёз, гашниз, шибит мекорем. Онҳо зуд тайёр мешаванд. Баъди фурӯхтани кабудӣ ба ҷояш бодринг мекорем. Бодринг, ки ба ҳосил даромад, рӯздармиён ҳосили онро чинда, ба бозор мебарорем. Аз ҳар чиниши бодринг 200‑килогӣ ҳосил гирем, то охири ҳосилбандӣ маблағи он аз 27 миллион сӯм зиёд мешавад. Баъди бодринг ба ҷояш кӯчатҳои помидор мешинонем. Баъзан шалғамча ҳам мекорем. Умуман, ба талаботи бозор нигоҳ карда, кор мекунем. Ҳар маҳсулоте, ки дар бозор харидоргир аст, ҳамонро мекорем. Ба кори деҳқонӣ ҳамакаса мечаспем. Агар тухмии хубро корида, ба парваришу нигоҳубинаш аз таҳти дил эътибор диҳем, аз худи гармхона бештар аз 100 миллион сӯм даромади иловагӣ гирифтан мумкин аст.

Дар маҳаллаи Деҳнав гази табии нест. Бинобар ҳамин, ҳама гармхонаҳои худро бо каркасу пардаҳои плёнка сохтаанд. Ҳангоми сардтар омадани ҳаво плёнкаҳои дуқабата мекашанд. Бо нури офтоб ва тафти поруву худи замин дар зери плёнкаҳо зироати корида хуб нашъунамо меёбад.

Ҷӯрақул Ӯрунов бо аҳли оилааш 10 нафаранд. Ӯ соли 2019 дар се хол замини даруни ҳавлиаш гармхона сохтааст. Дар он ҳар хел кабудиҳо корида бошад, боз дар ду сотих зери дугаҳо — симҳои нимдоираи пленкапӯш шалғамча парвариш мекунад. Бо ин роҳ ҳосил зудтар тайёр мешавад. Ҳар гуна ҳосили барвақтӣ қимат мешавад ва харидоргир аст.

— Некӯаҳволии мардум бе меҳнат муяссар намешавад, — арз кард раиси ҷамъомади шаҳрвандони маҳалла Шодмон Шамсиев. — Мардуми маҳалла меҳнатдӯстанд. Мо барои бунёди гармхона, сохтмони яхдонҳои маҳсулотнигаҳдорӣ ва дигар ашёҳои зарурии деҳқониву боғдорӣ кӯмак мерасонем. Масалан, ба мардуми маҳалла аз соли 2019 то соли 2024 ба гирифта додани 3 миллиарду 100 миллион сӯм кредит муваффақ шудем. Маҳаллаи мо ба тоифаи «сабз» дохил аст. Мардуми маҳалла дар натиҷаи меҳнати хубашон даромади калон мегиранд ва зиндагониашон беҳтар мегардад.

Б.ҶУМЪАЕВ