Ба туфайли ислоҳоти васеъмиқёс, ки дар Ӯзбекистони Нав бар асоси ғояи неки «Барои қадри инсон, барои бахти инсон»амалӣ карда мешавад, корҳо роҷеъ ба баланд бардоштани фаровонии халқи мо, мустаҳкам намудани тинҷиву оромӣ, дӯстиву ҳамҷиҳатӣ дар ҷомеъаи бисёрмиллатаамон аз ҷиҳати сифат ба зинаи нав мебароянд.
Ҳамаи ин барои дар мамлакати мо дар муҳити осоиштагӣ, бофайз ва бошукӯҳ гузарондани иди Мубораки Рамазон, ки тимсоли фарохдилӣ, саховат ва шукргузорӣ аст, аҳамияти муҳим касб мекунад. Инро дар айни рӯзҳо дар диёрамон боз ҳам баръало намоён шудани фазилатҳои баланди инсонӣ чун инсонпарварӣ, ҳурмати байни якдигар ва меҳру оқибат, нишон додани эътибор ва ғамхорӣ ба шахсони кам таъмин ва эҳтиёҷманд, оилаҳои ба ёрӣ мӯҳтоҷ низ тасдиқ мекунад.
Бо мақсади ҳаматарафа муносиб пешвоз гирифтани айёми бузург — иди муқаддаси Рамазон дар ҳоли пайваста идома додани чунин корҳои хайр ва васеъ тарғиб намудани арзишу анъанаҳои нек, ки дар моҳияти он ҷамъбаст аст, қарор мекунам:
1. Ахбори Идораи мусалмонони Ӯзбекистон дар бораи ба рӯзи якшанбеи 30‑юми март рост омадани рӯзи аввали Иди Рамазони имсола, барои маълумот пазируфта шуда, 30‑юми марти соли 2025 дар мамлакатамон ҳамчун Иди Рамазон ба таври васеъ таҷлил карда шавад.
2. Мувофиқи моддаи 208‑и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
(а) барои маълумот қабул карда шавад, ки ба муносибати ба рӯзи якшанбе — рӯзи истироҳати соли 2025 рост омадани рӯзи якуми иди Рамазон, ки рӯзи истироҳат ҳисобида мешавад, ин рӯзи истироҳат ба рӯзи душанбеи 31‑уми март кӯчонида мешавад;
(б) дар ин рӯзҳои истироҳатӣ дар иҷрои корҳое, ки бинобар шароити истеҳсолию техникӣ ва ташкилӣ (истеҳсолоти бефосила, хизмати ҳаррӯза ба аҳолӣ, кор дар асоси навбатдорӣ ва ғайра) боздоштани онҳо дар рӯзҳои истироҳатии идона мумкин нестанд, кӯчонида намешаванд.
3. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд якҷоя бо Кумита оид ба корҳои дин, Иттиҳодияи маҳаллаҳои Ӯзбекистон, Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилотҳои ҳамкор ҷиҳати дар минтақаҳо мувофиқи анъана ва расму оинҳои миллии халқамон таҷлил намудани Иди Рамазон чораҳои дахлдор амалӣ намоянд.
Кумитаи сайёҳӣ якҷоя бо вазорати нақлиёт барои ҳамватанони мо барои ташкили зиёрати зиёратгоҳҳои мӯътабар ва ҷойҳои таърихӣ дар рӯзҳои Иди Рамазон шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварад.
4. Ба Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Агентии ахбори миллии Ӯзбекистон ва дигар воситаҳои ахбори оммавӣ тавсия дода шавад, ки чорабиниҳои вобаста ба таҷлили иди Рамазонро васеъ инъикос намоянд.
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Р. Давлетов вогузошта шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ
26.03.2025
