Мақбараи Ҳазрати Довуд, ки дар деҳаи Оқсойи ноҳияи Нуробод ҷойгир аст, бо ҳавои тоза ва манзараҳои зебои худ фараҳбахш аст.
Солҳои охир ба ин ҷо ба ғайр аз сайёҳони маҳаллӣ аз хориҷа низ меҳмонон омада, самтҳои туризми кӯҳӣ инкишоф меёбанд.
Рустам Қобилов, ҷонишини ҳокими вилоят оид ба рушди сайёҳӣ бо як гурӯҳ масъулон аз деҳаи Оқсой дидан карда, вазифаҳоеро, ки аз рӯи 16 меъёри асосӣ барои гирифтани мақоми «деҳаи сайёҳӣ» заруранд, мавриди баррасӣ қарор дод.
Аз ҷумла, масъулон барои иҷрои вазифаҳо монанди дар ин ҳудуд ташкил намудани хонаҳои меҳмон, ба роҳ мондани хизматҳо барои сайёҳон, савдои тӯҳфаҳои ёдгорӣ, такмил додани самтҳои экотуризм ва агротуризм, бо инфрасохотри зарурӣ таъмин намудан, инчунин, нишон додани хизматҳои тиббӣ ба меҳмонону таъмини бехатарӣ ва чораҳое, ки бояд ба зудӣ амалӣ гарданд, муайян карда шуд.
