Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев ба Мактаби Президентии шаҳри Самарқанд ташриф намуда, бо шароитҳои барои донишомӯзон фароҳам овардашуда шинос шуд. Аз ҷумла, ҷараёни дарси мусиқиро мушоҳида кард. Шароити толори варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ, инчунин, ошхонаи мактабро дид. Донишомӯзони фаъоли мактаб дар бораи гӯшаҳои омодакардаи худ, лоиҳаҳои стартап ва фаъолияти маҳфилҳо нақл карданд.
Сипас, роҳбари вилоят аз мактаби хусусии «TIMURFAYZ» SHCOOL-и шаҳри Самарқанд дидан кард. Мактаби мазкур соли 2007 таъсис ёфта, даставвал фаъолияти худро ҳамчун муассисаи таълимии томактабӣ оғоз намудааст. Аз соли 2018 инҷониб дар заминаи ин кӯдакистон ба таври иловагӣ мактаб ташкил шудааст. Имрӯз дар муассиса 180 нафар тарбиятгирандагони кӯдакистон ва 536 нафар мактаббачагон тарбия меёбанд. Роҳбари вилоят корҳои дар муассиса анҷомшударо аз назар гузаронида, барои баланд бардоштани сифати таълим тавсияҳо дод.
Ғайр аз ин, Адиз Бобоев дар мактаби таълими умумии рақами 9-и шаҳри Самарқанд бо хонандагоне, ки борҳо ғолиби олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии робототехника гардидаанд, суҳбат кард. Бо нақшаҳои ояндаи онҳо шинос шуд. Инчунин, толори варзишию фаъолони мактаб ва дегхонаи гармидиҳии каммасрафро аз назар гузаронид.
Роҳбари вилоят бо муаррифии харитаи роҳ барои ҳалли мушкилоти мавҷуда дар системаи таълими томактабӣ ва мактабӣ шинос шуд.
