Дар Маркази баҳогузории дониши шаҳри Самарқанд аттестатсияи кадрҳои омӯзгор оғоз гардид. Дар ин бора хидмати ахбории Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят хабар додааст.
Мувофиқи нақша, 18 480 омӯзгори вилоят дар имтиҳони аттестатсияи имсола барои баланд бардоштани дараҷаи тахассуси худ ширкат варзанд. Ҷараёни санҷиш то охири моҳи май идома меёбад.
Ҳамчунин, имрӯз дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷараёнҳои аттестатсияи омӯзгорон оғоз шуд.
Ин ҷараёнро тариқи платформаи cams.uzedu.uz -и Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ мустақиман пайгирӣ кардан мумкин аст.
