Ovozi.uz

Аз зӯроварӣ гурехта, ба хона омадани духтаратон не, балки ба зӯроварӣ тоқат кардану ба ин маҷбур шудани ӯ шармандагии ҳақиқӣ аст

Ёвари Президент Саида Мирзиёева дар бораи бекор кардани «даври оштишавӣ», ки аз ҷониби Президент ҳангоми ҷудо кардан аз никоҳ тавассути додгоҳ таъйин мегардид, муносибат нишон дод.

Ман инро як қадами бузург дар самти ҳифзи занон аз зӯроварии хонаводагӣ ва эҳтироми ҳуқуқҳои онҳо медонам. Агар дар оила шаъну шарафи шахсро эҳтиром накунанд ва онҳо мавриди озори ҷисмонӣ, равонӣ ва иқтисодӣ қарор гиранд, пас ба ҳар навъ созиш ва оштӣ расидан ғайриимкон аст.

Ин на танҳо барои занон, балки барои кӯдаконе, ки дар чунин шароит зиндагӣ ва тарбия меёбанд, низ муҳим аст, мегӯяд Саида Мирзиёева.