Дирӯз, 25-уми апрел зимни нишасти хабарие, ки қабл аз бозии “Барселона” ва “Реал Мадрид” баргузор шуд, гузаронида шудани бозӣ зери савол монд. Зеро доварони ин бозӣ ҳарфҳое гуфтанд, ки ба ғазаби мадридиён сабаб шуд.
Тибқи маълумот, пас аз ин ҳолат раҳбарияти “дастаи шоҳона” ба футболбозонаш ширкат дар чорабиниҳои расмии пеш аз бозиро манъ кард. Яъне намояндагони бошгоҳ дар аксбардорӣ, нишасти матбуотӣ ва машғулотҳо ширкат накарданд.
Ҳаками VAR Гонсалес Фуэртес чӣ гуфт?
«Онҳое, ки бар зидди доварон («Реал» дар назар аст) рафтанд, ба зудӣ шоҳиди тағйироти таърихӣ хоҳанд шуд ва аз корҳои худ пушаймон мешаванд» гуфтааст Фуэртес.
Ин суханон ба ҳама чиз сабаб шуданд. «Реал Мадрид» мехоҳад, ки довари VAR иваз карда шавад.
Пас аз чанд вақт мадридиҳо ба бозӣ розӣ шуданд. Аммо бо як шарт. Агар ин тавр бошад, довари VAR бояд барои гуфтаҳояш бахшиш пурсад.
Ҳамин тавр, имшаб соати 01:00 бозии «Барселона» ва «Реал Мадрид» дар финали Ҷоми Испания баргузор мешавад.
