Дар Маркази ахбор-китобхонаи ба номи А. С. Пушкини вилоят таҳти унвони «Бо садоқат зиндагонӣ беҳтар аст» 75‑солагии адиб ва рӯзноманигори маъруф Тошқул Азимзода, тақдимоти китоби тозанашри ӯ — «Ҳикмати дидор» ва вохӯрии таҳририяти «Овози Самарқанд» бо муштариён бахшида ба 35‑солагии рӯзнома баргузор гардид.
Аҳли илму адаби Самарқанд, муштариёни рӯзнома ва устодону донишҷӯёни донишгоҳҳо иштирокдорони он буданд.
Қисми аввали чорабиниро сардабири рӯзномаҳои муштараки «Зарафшон» ва «Самаркандский вестник» Фармон Тошев ифтитоҳ бахшида, дар бораи фаъолияти рӯзноманигорӣ ва нависандагии Тошқул Азимзода ҳарф зад ва ӯро муборакбод намуд.
Сипас, раиси шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Тошпӯлод Тугалов, сарвари шӯъбаи вилоятии Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон Акрам Ҳайдаров, сарвари Садорати ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии вилояти Самарқанд Манноб Ибодуллоев, раиси хазинаи «Нуронӣ»-и вилоят Хуршед Нуруллоев, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмонов ва дигарон низ ҷиҳатҳои фардӣ ва нозукиҳои эҷоди Т.Азимзода ва мазмуну мӯҳтавои китоби «Ҳикмати дидор»-ро баррасӣ намуданд.
— Интишори китоби нав, алоқаҳои адабии эҷодкорон, ба миён омадани тарҷимаҳо, зиёд гардидани чорабиниҳои адабӣ нишонаи муҳаббати зиёди халқи мо нисбат ба адабиёт, маънавият ва таълиму тарбия мебошад, — гуфт Т.Тугалов. — Тошқул Азимзода хоксор ва инсони фарохдил аст. Ҳар гоҳ, ки ба таҳририяти рӯзномаи «Овози Самарқанд» меравем, ӯро дар сари мизи корӣ, машғули навиштану таҳрири мақолаҳо мебинем. Ин аз меҳнатқаринӣ ва муҳаббати ӯ нисбати касбаш далолат медиҳад. Ба табъ расидани китоби «Ҳикмати дидор» хеле боиси хурсандист. Зеро он бо ду забон: тоҷикиву ӯзбекӣ нашр гардидааст ва барои хонандагони ҳар ду забон мусоид аст.
Савту сурудҳои сарояндагони шинохта ба маҳфил шукӯҳи хоса бахшида, дили ҳозиринро шод ва кайфияти онҳоро болида гардониданд.
Дар қисми дуюми чорабинӣ мулоқоти ҷамоаи таҳририяти рӯзномаи «Овози Самарқанд» бо муштариён, ки ба 35‑солагии рӯзнома бахшида шуда буд, доир гардид. Дар он аҳли илму адаби Самарқанд, рӯзноманигорони собиқадор, устодони донишгоҳҳо ва намояндагони насли ҷавон, аз ҷумла профессор Аслиддин Қамарзода, рӯзноманигори варзида Тошпӯлод Раҳматуллоев, раиси Шӯрои вилоятии Ҳизби халқӣ-демократии Ӯзбекистон Бадриддин Насриев, набераи Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ — Шоҳрух Беҳбудӣ, мухбири рӯзномаи ҷумҳуриявии «Овози тоҷик» дар Самарқанд Зоҳир Ҳасанзода, рӯзноманигори собиқадор Толиб Юнусзода ва ғайраҳо роҷеъ ба фаъолияти 35‑солаи рӯзнома, дастовардҳои он ҳарф заданд.
Таъкид гардид, ки дар солҳои сипаригашта рӯзнома рӯзҳои сахту ногуворро аз сар гузаронида бошад ҳам, бо ҷоннисориҳои аҳли ҷамоа ва кумакҳои муштариёни содиқ ҳамеша тараққӣ кардааст ва ҳоло он ҳамқадаму ҳамнафаси замон пеш меравад, саҳифаҳояш пурҷилотару хонданибобтар интишор мешаванд.
Дар охир ба як гурӯҳ фахриёну ҳамкорони «Овози Самарқанд» ва шахсоне, ки барои рушду нумӯи рӯзнома хизмат намудаанд, ташаккурнома ва тӯҳфаҳои таҳририят супурда шуданд.
Ҳасан СУЛАЙМОНӢ.
