Ovozi.uz

“ПСЖ” дар Пасадена “Атлетико”-ро торумор намуд

Бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо-2025 миёни дастаҳои “ПСЖ”-и Фаронса ва “Атлетико”-и Испания ба анҷом расид. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Роуз Боул”-и шаҳри Пасадена дар ҳузури 80 619 нафар мухлис баргузор шуда, бо ҳисоби 4 бар 0 ба фоидаи “ПСЖ” хотима ёфт. Аз рӯи шумораи мухлисон натиҷаи рекордии мусобиқа ба қайд гирифта шуд.

Дар ин бозӣ голҳоро аз ҳайати дастаи “ПСЖ” Фабиан Руис дар дақиқаи 19-ум, Витиня дар дақиқаи 45+1-ум, Сенни Маюлу дар дақиқаи 87-ум ва Кан Ин Ли дар дақиқаи 90+7-ум ба самар расониданд. Бозигари гурҷӣ Хвича Кваратсхелия дар ин бозӣ 2 паси головар анҷом дод. Беҳтарин бозигари дидор Витиня аз ҳайати “ПСЖ” дониста шуд.

Дар даври дуюм “ПСЖ” рӯзи 20-уми июн бо “Ботафого” ва “Атлетико Мадрид” бо “Сиэтл Саундерс” бозӣ мекунанд.

Ҳоло дар гурӯҳи “В” дастаи “ПСЖ” бо касби 3 имтиёз ва тафовути тӯбҳо дар зинаи аввал аст. “Ботафого” дар мавқеи дуюм маскан гирифтааст. “Сиэтл Саундерс” ва “Атлетико” бидуни имтиёз дар зинаҳои 3-юм ва 4-ум мавқеъ гирифтаанд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо аз 15-уми июн то 13-уми июли соли 2025 дар ИМА баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа 32 даста ширкат доранд ва ба 8 гурӯҳ, 4- дастаи тақсим шудаанд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба марҳилаи плей-офф роҳ меёбанд.