Ovozi.uz

Рӯзномае, ки дар бораи инсондӯстиву ватандӯстӣ менависад

35-солагии рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» ба таври мутантан таҷлил гардид.

Дар толори маҷлисии Донишгоҳи сайёҳӣ ва мероси мадании «Роҳи абрешим» чорабинии бахшида ба муносибати 35-умин солгарди нашри шумораи нахустини рӯзномаи Шӯрои намояндагони халқ ва ҳокимияти вилоят — «Овози Самарқанд» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев низ ширкат варзида, эҷодкорон ва муштариёни рӯзномаро бо 35-солагии таъсисёбии рӯзнома табрик намуд.

— Ин рӯзнома аз ҷумлаи нашрияҳоест, ки на танҳо дар вилоят, балки дар тамоми ҷумҳурӣ маъруфият дорад ва ба мо дар бораи илму маърифат, инсондӯстиву ватандӯстӣ менависад, — иброз дошт А.Бобоев. — Махсусан имрӯзҳо рӯзнома вазифаҳои ба назди худ гузоштаро бо камоли масъулият иҷро мекунад. Ислоҳоти васеъмиқёсе, ки таҳти роҳбарии Президентамон амалӣ мегардад, иштироки фаъолонаи мардуми тифоқи Самарқанд дар ин раванд мазмуну мундариҷаи нашрияҳоро ташкил медиҳад.

Дар чорабинӣ сармуҳаррири таҳририятҳои муштараки «Зарафшон» ва «Самаркандский вестник» Фармон Тошев, сарвари шӯъбаи вилоятии Иттиҳоди журналистони Ўзбекистон Акрам Ҳайдаров, вакилони ҳокимиятҳои вилояту ноҳияҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳои таълимӣ, аҳли илму адаби Самарқанд низ иштирок карданд.

Меҳмонон зимни суханрониҳои худ зикр намуданд, ки рӯзномаи “Овози Самарқанд” чун минбари дӯстии халқҳо дар таҳкими робитаҳои халқҳо, тараннуми рафоқат ва пайвандҳои таърихӣ 35-сол ин ҷониб камарбаста асту мемонад. Хусусан, рӯзнома дар чанд соли охир бо роҳбарии сардабири ҳозираи худ Баҳодур Раҳмонов дар ҳама ҷиҳат, ҳам мазмуну муҳтавои мақолаҳо, ҳам тарҳрезиву дизайн ва ҳам шабакаҳои иҷтимоӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳамқадами замон гом гузорад.

Дар охир таҳририяти рӯзнома ба ҳамкорону фидоиёни рӯзнома ташаккурнома, статуэтка ва тӯҳфаҳои хотирмони худро супурд.