Шумо ягон бор андеша кардаед: «вақт куҷо меравад?”. Соат ба соат, рӯз ба рӯз, ҳафта ба ҳафта зиндагии мо дар ҳаракат аст. Вақт ин мисли дарёест, ки танҳо як самт дорад, мисли тири аз камон ҷаста, ки ҳаргиз ба қафо баргардонида намешавад.
Вақтро ҳар як шахс аз рӯи фаҳмиши худ қабул мекунад. Барои кӯдак вақт ҷаҳони бозӣ ва орзуҳо бошад, барои падару модар ин хотираҳои бо кӯдаконашон гузаронида, ширину талхии рӯзгор аст. Донишҷӯро ҳар соат имкониятест барои омӯхтан, такмил ёфтан. Вақти сипаришуда, китобе нахондашуда метавонад маънои саволи ҷавобнаёфта дар имтиҳон ё имконияти аз дастрафтаи пирӯзӣ дар озмун бошад. Дарҳақиқат, ин гуфтаҳо дуруст аст. Вақт бебозгашт мегузарад, вале чӣ тавр гузаштани он суоле мебошад, ки бояд аз худ бипурсем.
Вақт муаллимест, ки бе садо таълим медиҳад. Онҳое, ки гӯш медиҳанд, меомӯзанд. Онҳое, ки нодида мегиранд, пушаймон мешаванд. Мо дар бораи арзиши вақт суханҳо мегӯему медонем, лекин мутаасифона онро дуруст истифода намебарем. Боре вақте ки суҳбат аз боби вақт мерафт “Дар назарам чунин менамояд, ки нисбат ба гузашта имрӯз вақт тезтар ҳаракат мекунад” — гуфт як нафар. Аслан вақт ҳамон як вақт аст. Дар гузашта ҳам имрӯз ҳам яксон меравад. Вале он нафар то андозае ҳақ буд. Яъне имрӯз ҳамон шабакаи ҷаҳонии интернет ва телефони мобилӣ, ки дар дасти ҳама дида мешавад ба беҳуда сипарӣ гардидани вақти инсонҳо сабаб шудаанд. Бинобар ин, агар инсон тақсими дурусти вақт ва истифодаи самараноки онро надонад, фақат ҷабр мебинад.
Баъзеҳо мегӯянд: «Вақт дорам, баъд мекунам. Аммо баъд кай меояд? Оё мо дар “баъд” ҳамон имкони имрӯзаро хоҳем дошт? Мо дар бисёр маврид пагоҳро интизор мешавем. Мегӯем: “Пагоҳ навиштанро оғоз мекунам”, “Пагоҳ бахшиш мепурсам”, «Пагоҳ ба диданаш меравам”. Аммо оё он пагоҳ ҳатман меояд?
Намедонем шояд ба як занги мо, ки имрӯз заданд, ҷавоб надодем, дигар фурсат нашавад… Шояд як мулоқоти деркарда, ба як хайрбод мубаддал гардад. Шояд “баъди” мо дер шавад, афсӯс вақт моро мунтазир намешавад…
Вақт қадр мехоҳад, на баҳона. Он чизе ки имрӯз имкон дорад, фардо мумкин ба орзуи дастнорас мубаддал гардад. Пас биёед ҳар лаҳзаро ғанимат шуморем, вақтро беҳуда аз даст надиҳем. Зеро ҳаёти комёбро онҳое месозанд, ки вақтро қадр мекунанд, на онҳое ки мунтазири фурсат мешаванд.
Меҳрубон Мардонова, донишҷӯ
